Давраи камоли фиқҳ (110ҳ.қ. то 350ҳ.қ.)
Ин давра дурахшонтарин давраи фиқҳ ва иҷтиҳод аст, чун дар ин давра пешвоёни бузурги мазоҳиби исломӣ вуҷуд доранд.
Хусусиятҳои давраи севум
1. Дар ин давра тамаддуни исломӣ дар шаҳрҳои бузург мисли Бағдод, Қуртуба дар Андалус, Қайравон дар Африқо, Фустот дар Миср, Димишқ, Кӯфа, Басра, Марв ва Нишопур густариш ёфт ва бешак ин густардагӣ дар борвар шудани фиқҳ таъсири чашмгир доштааст.
2. Ҷунбишҳои илмӣ, ки аз охирҳои давраи пешин оғоз шуда буд байни андешмандони исломӣ бештар шуд ва ин масъала ду иллат дошт:
1) ҳузури маволиёни тозамусулмон аз Форс, Рум ва Миср;
2) тарҷумаҳои илмӣ ба забони арабӣ, ки аз охирҳои давраи гузашта шурӯъ шуда буд.
3. Тадвини суннат ва ҳадис ба дастури халифаи умавӣ, Умар ибни Абдулазиз.
4. Тадвини илми “усули фиқҳ”-и Аҳли тасаннун ба василаи имом Шофеӣ(рҳ)
5. Ба вуҷуд омадани истилоҳоте чун “фарз, воҷиб, суннат ва мустаҳаб.
6. Пайдоиши фақеҳони бузурги исломӣ ва соҳибони мазоҳиби маъруф мисли
1) имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит(рҳ) (80-150ҳ.қ.),
2) Молик ибни Анас(рҳ) (93-179 ҳ.қ.)
3) Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ(рҳ) (150-204 ҳ.қ.)
4) Аҳмад ибни Ҳанбал (рҳ) (164-241ҳ.қ.)
1) имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит(рҳ) (80-150ҳ.қ.),
2) Молик ибни Анас(рҳ) (93-179 ҳ.қ.)
3) Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ(рҳ) (150-204 ҳ.қ.)
4) Аҳмад ибни Ҳанбал (рҳ) (164-241ҳ.қ.)
Дар қисмати баъд фақеҳони бузургро муаррифӣ мекунем. Ин шоа Аллоҳ