Дар мавриди ҳақ ва ботил будани динҳо се дидгоҳи маъруф вуҷуд дорад:
1. Дидгоҳи анбиёи илоҳӣ(а) ва китоб‏ҳои осмонӣ мабнӣ бар ҳаққонияти дини худ ва ботил будани дигар адён. Ин дидгоҳ ҳаққонияти силсилае аз адёни пешинро барои асри худашон ме‏пазирад, ҳамчунин мумкин аст барои касоне, ки ба пайравӣ аз он адён идома медиҳанд, имтиёзоте қоил шавад, вале наҷотро фақат дар дини худ ме‏донад.
2. Дидгоҳи ҷамъи зиёде аз орифон ва сӯфия мабнӣ бар ҳаққонияти ҳамаи адён ва ин, ки ҳамаи онҳо роҳи наҷот ҳастанд. Ҷамъе аз мутафаккирони асри мо ба ин дидгоҳ либоси нав пӯшонда ва онро тарвиҷ кардаанд. Бархе ҳам бо эътиқоди қатъӣ ба ҳаққонияти дини худ, ҳаққонияти адёни дигарро дар маҳдудаи муштаракоти онҳо бо дини хеш пазируфтаанд, ки беҳтар аст ин гароишро аз шоха‏ҳои дидгоҳи нахуст бидонем.
3. Дидгоҳи мулҳидон (бединон), шаккокон ва дуист‏ҳо мабнӣ бар ботил будани ҳамаи адён ба сабаби инкори асли моварои табиат ё эътиқод ба номумкин будани барқарории иртибот бо он.
Дар ин мақола дидгоҳи нахуст баррасӣ ме‏шавад.
Наҷот дар адёни Иброҳимӣ
Яҳудият, Масеҳият ва Ислом, ки «адёни Иброҳимӣ» ва «адёни ваҳёнӣ» (revealed religions) номида ме‏шаванд, ёдгори анбиёи илоҳӣ(а) ва китоб‏ҳои осмонӣ ҳастанд. Ин адён аз як сӯ, ҳаққонияти худро ба адёни қаблӣ мустанад ме‏кунанд ва башорати зуҳури худро дар онҳо ме‏ҷӯянд ва аз сӯи дигар, ба хотамияти худ мӯътақиданд ва адёни баъдиро рад ме‏кунанд.
Яҳудият худро таҳаққуқи ваъдаи Худои Мутаол ба ҳазрати Иброҳим(а) ме‏донад.
Масеҳият бо тарҳи назарияи «ҷонишинӣ» (supersession) худро вориси он ваъда ми‏донад ва талош мекунад, ки башорат ба зуҳури ҳазрати Исо(а) ва "Аҳди ҷадид"-ро дар "Аҳди атиқ" пайдо кунад.
Ислом низ ба анбиёи Бани Исроил ва китоб‏ҳои осмонии пешин таваҷҷӯҳ дорад ва ошкоро эълом ме‏кунад, ки башорати зуҳури Паёмбари оли‏қадри Ислом дар Таврот ва Инҷил ёфт мешавад. (Сураи Аъроф, 157)
Аз сӯи дигар, Яҳудият мункири насх аст ва Масеҳият пас аз Аҳди ҷадид, мунтазири паймони ҷадидтаре нест. Хотамияти Ислом низ дар Қуръони Маҷид (Сураи Аҳзоб, 40) ва аҳодиси фаровон омадааст ва ҳамаи мусулмонон онро аз заруриёти Ислом ме‏донанд.
Пайравони ҳар як аз ин се дин ба насхи адёни қаблӣ ва сохтагӣ ‏будани адёни баъдӣ мӯътақиданд ва бар ин асос, наҷотро ба худ ихтисос медиҳанд.
Яҳудият ба унвони як дини қавмӣ, таблиғ надорад ва бештари яҳудиён барои саҳюнизм таблиғ ме‏кунанд, на Яҳудият. Аз сӯи дигар, Масеҳият ва Ислом таблиғ доранд. Таблиғи масеҳӣ «табшир» ва таблиғи исломӣ «даъват» номида мешавад.
Ҳусейни Тавфиқӣ
http://ensani.ir/fa/article
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст