Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (c) фармуд:
Касе, ки даҳ оя дар як шаб бихонад, номаш ҷузъи ғофилон навишта намешавад.
Ва ҳар касе, ки панҷоҳ оя бихонад, аз зокирон хоҳад буд.
Ва ҳар кас, ки сад оя бихонад, аз қонитон (фармонбардорон) аст.
Ва ҳар кас, ки дусад оя бихонад, ҷузъ хошеон навишта мешавад.
Ва ҳар кас, ки сесад оя бихонад аз фоизон (растгорон) ба ҳисоб меояд.
Ва ҳар кас, ки панҷсад оя бихонад аз муҷтаҳидон миебошад.
Ва ҳар кас, ки ҳазор оя бихонад хирворе аз некӯкорӣ барояш навишта миешавад, ки як хирвор понздаҳ ҳазор мисқол аз тиллост ва як мисқол бисту чаҳор қирот аст, ки камтаринаш монанди кӯҳ Уҳуд ва бузургтаринаш миёни осмон ва замин аст».
Оини бандагӣ ва ниёиш, саҳ. 492