Худованд ба воситаи паёмбарони худ ба касоне, ки имон ба Худо ва қиёмат ва паёмбарон(а) доранд, ваъдаҳое дода, ки як зиндагии ҳамешагӣ дар биҳишт хоҳанд дошт ва аз анвои меваҳо ва ғизоҳо ва хушӣ ва лаззатҳо ҳар чиро, ки бихоҳанд, истифода мекунанд.
Дар биҳишт дарду ранҷ, ғаму андӯҳ ва ҳеҷ гуна нороҳатӣ вуҷуд надорад. Дар он ҷо сухани нораво гуфта намешавад ва аз касоне, ки дар дунё бар асоси фармонҳои Худо амал кардаанд, ба беҳтарин навъ пазироӣ мешавад. Пазироикунандагон афроде бисёр зебо ва хушсимо ҳастанд. Обу наҳрҳо ва меваҳои биҳиштӣ барои мо қобили фаҳм нест, зеро мо дар дунё ҳар чизи хуберо чанд бор истифода кунем дигар нисбат ба он алоқае надорем. Барои сайёҳону гардишгарон шаҳрҳо ва деҳаҳои нарафта зебост, вале барои аҳли он шаҳр ва деҳа, ки ҳамеша онҷоро мебинанд тозагӣ ва ҷаззобият надорад, аммо дар биҳишт бо ин ки биҳиштиён ҳамеша дар онҷо ҳастанд, дар ҳар нигоҳе, ки мекунанд, лаззат ва тозагӣ эҳсос мекунанд.
Аммо барои касоне, ки дар дунё кори зишту гуноҳ анҷом додаанд, бо сухан ва ё бо зӯр ба мардум ситам карданд ва аз неъматҳои Худо истифода намуданд, вале аз Худо ташаккур накарданд ва ба ҷои анҷоми фармонҳои Худо дастуроти дигаронро итоат карданд, на намоз хонданд ва на сухани анбиё(а-)ро пазируфтанд, ба падар ва модари худ бадрафторӣ ва мардумро масхара карданд, моли ононро ба ноҳақ рабуданд, ғизои ҳаром хӯрданд, ҳаққи дигаронро риоят накарданд ва аз кардаҳои худ пушаймон нашуданд ва узрхоҳӣ накарданд, барои ингуна афрод дӯзах омода шудааст. Оташи дӯзах ҳаргиз хомӯш намешавад.
Дар Қуръон мехонем: «Аҳли биҳишт аз аҳли дӯзах мепурсанд: Чӣ чиз шуморо ба қаъри ҷаҳаннам андохт?»
Онҳо чаҳор ҷавоб медиҳанд:
1) мегӯянд: Мо аҳли намоз набудем. (Бо Худо робита надоштем)
2) мегӯянд: Мо гуруснагонро сер накардем. (Бо халқи Худо ва ниёзмандон робита надоштем)
3) мегӯянд: Мо бо ҳамнишинӣ бо касоне, ки дар фасод ғарқ буданд, ғарқ шудем. (Мо ба баҳонаи ин ки хоҳӣ нашавӣ расво ҳамранги ҷамоат шав бо гунаҳкорон ҳамроҳӣ мекардем)
4) мегӯянд: Мо пайваста қиёматро намепазируфтем ва онро дурӯғ мегуфтем. (Қиёмат ва зинда шудан ва ҳисобу китобро инкор мекардем ва даъватгарон мисли паёмбар ва олимони диниро дурӯғгӯ мехондем) Сураи Муддассир, 43-46
Ба хотири ин аъмол гирифтори қаҳри Худо ва равонаи дӯзах шудем.
Гоҳе инсон дар як лаҳза корд ба чашми худ фурӯ мекунад, вале барои ҳамеша кӯр аст. Даст ба барқ мезанад ва барои ҳамеша мемирад. Бинобар ин замони гуноҳ ва корд ба чашм задан як лаҳза аст, аммо асари он барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Дар дунё низ инсон мумкин аст бо як лаҳза хилоф ва гуноҳ, қаҳри ҳамешагии Худоро барои худ бихарад.