Мо, ҳамин ки ба худ ва атрофамон нигоҳ мекунем, мебинем ва мефаҳмем, ки ҳар чизе дар ҷои худ қарор гирифтааст.
Агар кӯдак нотавон аст, падару модар бо алоқае, ки ба ӯ доранд, ӯро нигаҳдорӣ мекунанд ва тамоми мушкилоти ӯро ҳал мекунанд.
Оби даҳон ширин аст то мо эҳсоси нороҳатӣ накунем ва оби чашм шӯр аст то бо шӯрии худ чашмро ҳифз кунад.
Худованд рӯи ангуштони даст миқдоре пӯсти зиёдӣ қарор дода, ки ҳангоми хам шудани ангуштон мушкиле пеш наёяд.
Рӯи зону низ миқдоре пӯсти зиёдӣ қарор дода, ки зонуи мо ба роҳатӣ хам шавад.
Мижаҳо ва пилки чашм ва чуқурии чашм ва абрӯи болои чашм ҳама барои он аст, ки ба чашми мо зарар нарасад.
Худованд лабҳои моро нарм қарор дод, то ба роҳатӣ сухан бигӯем ва ҳангоми ғизо чизе аз даҳонамон берун нарезад.
Хуршедро на он қадар дур кард, ки мо ях бизанем ва на он қадар наздик, ки бисӯзем.
Заминро на он қадар нарм кард, ки дар ҳар қадам то миён фуру биравем ва на он қадар сахт, ки натавон кишоварзӣ ва хонасозӣ кард ва онро барои мо тасфияхонаи бепул қарор дод, ки обу ҳавои олуда дар он фурӯ меравад, вале аз канори он оби зулол мебарояд.
Мо ба ҳар чӣ бингарем илму қудрат ва ҳикмати Худоро дар он мебинем.
Оё мумкин аст Худованде, ки дар бадани мо ва дар ҳамаи ҷаҳон ин ҳама зебоиҳо, ҳунарнамоиҳо, санъатҳо ва ҳикматҳо қарор дода, пас аз чанде бо марги инсон ҳама чизи ӯро тамом кунад?!
Оё метавонем бо худ бигӯем, ки навзод кӯдак шавад баъд ҷавон ва пас аз он миёнсолу сипас пир ва баъд бо мурдан, парвандаи инсон дар ҳам печида ва тамом шавад?