Имом Ҳусейн (а) дар роҳ хитобаи бисёр хонд ва мардумро мавъиза кард ва ба онон дар бора хатарҳои ҳукумати Язид ҳушдор дод. Суханони зайл бархе аз он суханон аст, ки дар муқобили сипоҳи Язид фармуд то дар муқобили Худо барояшон ҳуҷҷат биёрад:
«Эй мардум, Расули Худо (с) фармуд: Ҳар кас султони ситамгареро бибинад, ки ҳароми Худоро ҳалол шуморида, паймони илоҳиро шикаста ва бо суннати Расули Худо (с) мухолифат варзида, дар миёни бандагони Худо ба ситам рафтор мекунад ва ӯ бо забон ва кирдораш бо вай ба мухолифат барнахезад, сазовор аст Худованд ӯро дар ҷойгоҳи он султони ситамгар бияндозад».
Огоҳ бошед, эй мардум, ин гурӯҳ (Банӣ Умайя) ба тоати шайтон пойбанд шуда ва аз пайравии Худованд сарпечӣ кардаанд, фасодро ошкор сохта ва ҳудуди илоҳиро таътил кардаанд. Онон байтулмолро ба инҳисори хеш дароварда, ҳароми Худоро ҳалол ва ҳалоли Худоро ҳаром шумурдаанд ва ман ба қиём барои тағйири ин авзоъ, аз ҳама кас сазовортарам»
Ибни Асир, ал-Комил фит-таърих, ҷ.4, саҳ.48