Ошноӣ бо ахлоқи Паёмбари Ислом (с)
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: (Эй паёмбар,) дар ҳақиқат ту бар ахлоқи бузурге ҳастӣ. (Сураи Қалам, ояти 4)
Дар ояти 21 сураи Аҳзоб мехонем: Дар ҳақиқат барои шумо дар Расули Худо улгу ва сармашқи некӯст, (албатта) барои касоне, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат умед доранд ва Худоро бисёр ёд мекунанд.
لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِى رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِّمَن كَانَ يَرْجُواْ اللَّهَ وَ الْيَوْمَ الْآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيراً
Имом Алӣ (а) мефармояд: «Ахлоқи хуб он аст, ки агар ба хостаҳои худ расидӣ розӣ бошӣ ва агар нарсидӣ асабонӣ набошӣ.
Ахлоқи хуб он аст, ки дар муомила бо мардум кина ва интиқом надошта бошӣ ва бемеҳриҳои ононро ба ҳисоб наёрӣ, бо онон рафтуомад дошта бошӣ гарчӣ онон мисли шумо набошанд ва агар зулме ба ту шуд мардумро бибахшӣ.»
Имом Ҳасан (а) мефармояд: «Ахлоқи хуб сароғози ҳар кори нек аст.»
Имом Содиқ (а) мефармояд: «Ҳамонгуна ки нури хуршед олудагӣ (ва микроб)-ҳоро мекушад, ахлоқи хуб низ хатоҳои инсонро аз байн мебарад.»
Ахлоқи хуб он аст, ки инсон ҳамеша ва барои ҳама онро ба кор барад. Масалан ба ҳама салом кунад ва ба ҳама эҳтиром гузорад.
Пас агар касе фақат ба муаллими худ салом кунад ва эҳтиром гузорад ба ин кор ба танҳоӣ ахлоқ гуфта намешавад.
Паёмбари Акрам (с) ҳатто ба кӯдакон салом мекард. Ононро бо номи хуб садо мекард. Бо мардуми оддӣ машварат ва ба онон дуо ва бо онон ҳамкорӣ мекард. Дар сафаре ҳамроҳон мехостанд ғизо таҳия кунанд ва ҳар кас кореро ба ӯҳда гирифт. Паёмбари Аъзам (с) фармуд: Пас ман ҳам барои пухтани ғизо ҳезум ва оташ ҷамъ мекунам.
Ёрони ҳазрат гуфтанд: Мо корҳои шуморо анҷом медиҳем.
Ҳазрат қабул накарду фармуд: Агар мехоҳед ман аз ин ғизо бихӯрам, ман ҳам бояд саҳме аз ин кор дошта бошам.
Паёмбари азизи мо бо фақирон ҳамғизо мешуд ва ба онон даст медод. Рӯи замин менишаст, ҳатто агар як адад хурморо ба ӯ медоданд мепазирфт ва ҳамеша табассум бар лаб дошт.
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1521