Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: Барои ҳар уммате паёмбаре аст. (Сураи Юнус, ояти 47)
Худои меҳрубон ҳеҷ гоҳ мардумро бе роҳнамо ва раҳбари осмонӣ нагузоштааст. (Сураи Раъд, ояти 7)
Яъне дар ҳар замон ва маконе бояд мардум роҳнамои зинда дошта бошанд, ки он роҳнамои зинда ё паёмбар аст ё ҷонишини ӯ.
Бояд бидонем, ки анбиё (а) танҳо дар минтақаи хоссе набудаанд. Ҳар куҷо уммате буда роҳнамое ҳам будааст.
Худованде, ки ба мардум лутфу меҳрубонӣ дорад ҳаргиз мардумро бе роҳнамо намегузорад ва ҳаргиз замин холӣ аз ҳуҷҷат намемонад.
Гарчӣ инсон гоҳе бо фикру ақл ва гоҳе бо илму мутолиа ва гоҳе бо машварат ва гоҳе бо эҳсосу виҷдон ва гоҳе бо таҷрибаи худ ва дигарон, метавонад роҳи ҳаққро пайдо кунад, аммо бисёре аз вақтҳо, пайдо кардани роҳи ҳақ ниёз ба огоҳии комили инсон аз замонҳои гузашта, ҳол ва оянда ва ҳамчунин огоҳии инсон аз худаш дорад ва ин огоҳиҳо танҳо дар ихтиёри Офаридгори инсон аст ва илму таҷрибаи мо ба онҳо намерасад.
Ба ҳамин далел мардум бо ин ки аз илму ақл ва таҷриба истифода мекунанд, ҳар кадом дар умри худ садҳо бор аз кардаи худ пушаймон мешаванд. Пушаймонии инсон нишонаи он аст, ки илму ақл ва таҷрибаи ӯ ноқис ва норасо аст. Ин пушаймонӣ аз қадим буда, ҳаст ва хоҳад буд.
Акнун ки хато ва пушаймониҳои мардуми босавод ва бесавод дар кишварҳои пешрафта ва ақибмондаро мебинем ва медонем, мефаҳмем, ки бояд инсон роҳнамоёне дошта бошад, ки дар камолот аз худи ӯ бартар бошанд. Хато ва хилофу пушаймонӣ, ҷаҳлу тарс ва шак дар вуҷудашон набошад ва аз ҳар ҷиҳат амин ва афроди боваринок барои мардум бошанд.
Худованд ононро аз роҳи камолот, мӯъҷизаҳо, қудрати баён, ҳилму бурдборӣ, илм ва шуҷоат бар ҳамаи мардум бартарӣ дода бошад ва мардум дасти худро дар дасти онҳо бигузоранд ва бо роҳнамоии онон дунё ва охирати худро обод кунанд. Ин роҳнамоён паёмбарон ва бандагони баргузидаи Худо ҳастанд.