Ба ҳар инсоне дар ҳар ҷое агар муҳаббат шавад, аз касе, ки ба онҳо муҳаббат карда ташаккур мекунанд. Ҳатто агар ба кӯдаке, ки тавони сухан гуфтан надорад гуле бидиҳем, ӯ бо лабханд ва нигоҳи худ аз мо ташаккур мекунад. Ҳатто агар ба ҳайвон муҳаббат шавад аз худ амале нишон медиҳад, ки навъе ташаккур аст.
Мо мебинем, ки ҳамаи ҳастӣ _ аз ҷамоду растанӣ ва ҳайвон _ дар баробари гирифтани чизе натиҷа доранд;
хок бо гирифтани дона, хӯша
дарахт бо гирифтани обу пору мева, соя ва чӯб медиҳад
ҳайвон бо хӯрдани алаф ширу гӯшт ва пашму пӯст
мурғ бо хӯрдани дона тухм медиҳад ва бо ин кор ташаккури табиӣ мекунад.
Чаро инсон аз Худо ташаккур накунад?
Чӣ касе ба андозаи Худо ба мо муҳаббат мекунад?
Чӣ касе меҳри моро дар дили падару модар қарор медиҳад?
Чӣ касе хуршеди тобонро ройгон ва ҳамеша ба мо додааст?
Ӯ ба мо омӯхт, ки чигуна аз обу хок ва гиёҳону ҳайвонот истифода кунем.
Агар ҳамаи ҳайвонот ваҳшӣ буданд ва мо наметавонистем аз онҳо истифода кунем, чӣ мушкилоте пеш меомад?
Худованд ба қадре бо мо меҳрубон аст, ки як кори хуби моро даҳ баробар подош медиҳад, вале агар аз мо кори баде сар занад, ба андозаи ҳамон як кор ҳисоб мекунад.
Оё набояд бо ин Худои меҳрубон гуфтугӯ кард?
Ҳатман бояд сухан гуфт. Ҳамонгуна ки Худо аз роҳи Қуръон бо мо ҳарф задааст мо ҳам бояд аз роҳи намоз бо Худо сухан бигӯем.
Албатта ҳама медонем, ки Худованд ба ташаккури мо ниёзе надорад ва ин ташаккур фақат ба суди худи мост.
Масалан агар ҳамаи мардум рӯ ба хуршед хона бисозанд ё пушт ба хуршед, дар хуршед асаре надорад.
Лекин агар рӯ ба хуршед хона сохтем аз равшанӣ ва ҳарорату баракоти он баҳра хоҳем бурд ва агар пушт ба хуршед хона бисозем, аз нуру ҳарорат ва баракоти он маҳрум мешавем.
Дарс хондани шогирд ва диққат ба дарси устод ва фарогирии илм, ташаккур аз устод аст, аммо суди ин ташаккур барои шогирд аст на устод.
Ибодати мо дар баробари Худованд ба суди худи мост.
Агар кӯдаке дасташро дар дасти бузурге гузошт, худро қавӣ мебинад ва дар баробари ҳар хатаре ба он қавӣ дилгарм аст.
Намозгузор бо гуфтугӯ бо Худо ва бандагии ӯ, худро дар паноҳи лутфи Худо қарор медиҳад ва ҳаргиз худро танҳо ва ғариб намеёбад.
Намозгузорони аҳли масҷид ҳаргиз худашонро танҳо намеёбанд. Ҳатто агар дар маҳаллае ноошно ва ғариб бошанд, мардуми масҷидро пуштибон ва ёвари худ медонанд. Бо ошноӣ ва унс бо масҷидиҳо худро аз танҳоӣ мераҳонанд.
Аҳли масҷид барои пайдо кардани дӯст, дунболи ину он нестанд, зеро дар масҷид бо афроди боимоне, ки барои ризои Худо, ҳама бо покӣ ва бо вузӯ, ба як сӯ, бо интихоби як имоми ҷамоат, бе ҳеҷ имтиёз, бародарона, дар канори ҳам бо як забон барои як Худо бандагӣ мекунанд, дӯст мешаванд.
Ба ҳар ҳол намоз чунон аст, ки инсон дасташро дар дасти Худо бигузорад ва масҷид маҳалли зиндагӣ миёни дӯстони хуб ва боимон аст.
Биёем ин намоз ва гуфтугӯи бо Худоро бо алоқа, дуруст ва дар аввали вақт ва канори ҳам дар хонаи Худо масҷид ба по дорем ва аз Худои меҳрубону тавоно ташаккур кунем.