Ноҳамоҳангии ситам бо ҷаҳони офариниш ва мутазод будани он бо ҳадафи хилқат

 

Ниёзи ҷомеа ба қонун ва раҳбари вораста:

 

Барои таъйини ояндаи ҷаҳон  аз назари Ислом таваҷҷӯҳ ба усули ҷаҳонбинӣ аз дидгоҳи Ислом лозим аст. Аз ин раҳгузар, ба бархе аз қавоиди куллии ҷаҳоншиносӣ дар мактаби дин ишора мешавад то натоиҷи он маълум гардад ва назми навини ҷаҳонӣ ба хубӣ маъно шавад ва дар таъсиси он саъйи ҷиддӣ шавад то истикбори ҷаҳонӣ хиёли хом дар сар напарваронад.

 

Якум.

 

Офариниши ҷаҳон ҳадафдор буда,  ҳеҷгуна беэътиборӣ ва абас дар ӯ нест: ﴿و ما خلقنا السماء و الأرض و ما بينهما باطلاً... ﴾ [1]

 

Ва ҳадафи ҳар чизе камоли муносиби он чиз аст ва камоли вуҷудии ҷаҳони хилқат, ҳамоно расидан ба мақоми бартарии ҳастӣ ва раҳидан аз нақзи нисбӣ ва айби қиёсӣ ва расидан ба камолу саломат аст.

 

Дуюм:

 

Ситам чун самми зиёнборест, ки бо ҷиҳози ҳозимаи ҷаҳони хилқат носозгор буда ва мояи табоҳии он мешавад ва чун бо низоми дохилии ҷаҳони офариниш ноҳамаҳанг мебошад, бо ҳадафи хилқат низ тазод дошта, ҳамвора монеи расидан ба ҳадаф аст,

 

﴿ظهر الفساد في البرّ و البحر بما كسبت أيدي الناس... ﴾[2]

 

( و لواتبع الحق اهوائهم لفسدت السماوات و الارض و من فیهن ... )[3]

 

Сеюм:

 

Инсон махлуқи мумтозест,ки бо ҳадафи хосе офарида шуд ва ҳаргиз беҳуда набуда, газоф ва абас дар ҳарими офариниши ӯ роҳ наёфта ва ботил ва раҳо ҳам нест;

 

[4] ﴿اَيحسَبُ الإنسان أَن يُترَك سُدي﴾

 

[5]﴿اَفحسبتم أَنّما خلقناكم عبثاً و انّكم إلينا لا ترجعون﴾

 

Чаҳорум:

 

Зулм ва таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон,чун шуълаи нуроние аст, ки бо камоли инсон муносиб набуда, ҳамвора садди роҳи расидани ӯ ба мақсуди офариниш аст ва бидуни парҳез аз ҳаргуна ситам фардӣ ва ҷамъӣ, хоҳ ба сурати истибдод, хоҳ ба таври истисмор ва хоҳ ба наҳви истеъмор, ки ҷамъ шудани ин се унсури шум, ҳамоно ба бардагӣ даровардани дигарон аст, муяссар нахоҳад шуд.

 

Панҷум:

 

Зиндагии инсон як ҳаёти ҷамъӣ аст, хоҳ ҷомеа вуҷуди ҷудое аз вуҷуди афрод дошта бошад, ки гурӯҳе бар онанд, ё он ки ҷамеа вуҷуди ҷудо ва мустақиле надошта балки вуҷуди он ҳамон ҳайсияти иҷтимоии ҳар фарде бошад, ки ҳамроҳ бо ҳайсияти фардии ӯ офарида шуда бошад,чунон ки гурӯҳи дигаре бар ин назаранд.

 

Бинобарин салоҳи ҳар фардеро бояд дар салоҳияти ҳаёти ҷамъии ҷомеа ҷӯстуҷӯ кард; зеро гарчи мумкин аст дар ҷомеаи олуда, фарде босафо зиндагӣ кунад ё он ки дар ҷомеаи пок, фарде ба олудагӣ мубтало гардад, лекин бо мавориди камёб наметавон ҳукми куллӣ ба даст овард.

 

Шашум:

 

Таъмини ҳаёти ҷамъи ҷомеа бе низоми ҳукуматӣ мумкин нест; яъне бидуни қонуни якто ва раҳбарии ягона ва бидуни пазириши ҳамагон нисбат ба қонун ва раҳбари воҳид, ё тамоман зиндагии иҷтимоӣ муясар нест ё ба камоли матлуб намерасад, ва ҳамон тавре, ки зиёдии қонун, монеи истиқрори низоми ҳукуматӣ аст, зиёдии раҳбарӣ ва касрати он ҳарчанд шуроӣ ҳам бошад, монеи идеали низоми ҳукуматӣ аст.

 

Ҳафтум:

 

Навиштани қонуни ҷомеъ аз тарафи шахси муайян ё гуруҳи хос, ҳаргиз зомини манофеи ҳамаи ақшор ва ҷавомеъ намешавад; зеро ҳар фард ё гуруҳе  ё фақат суди худро металабад ё дар ташхиси суд ва зиёни дигарон нотавон аст; чунонеки раҳбарии фардӣ, ки фақат чеҳраи мардумӣ дошта, аз таъйиди Илоҳӣ бархурдор намебошад ё ба таври саҳеҳ вориси мактаби Илоҳӣ нест зомини масолеҳи ҳамаи мардум набуда, балки дар гароишҳо ва танишҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, манофеи табақаи махсусро бар масолеҳи дигарон тарҷеҳ медиҳад. Бинобарин  чорае ҷуз таъмини ду рукни сиёсӣ – иҷтимоӣ нест: аввал қонуни озод, дуюм раҳбари озода. Ва қонуни холи аз иштибоҳ ва табъизи нобаҷо, ҳамоно қонуни Илоҳӣ аст ва раҳбари озода ҳамоно инсони ботақвое аст, ки аз қайди гуруҳбозӣ, озод ва марзи озордиҳӣ, ҳурият ёфта бошад.

 

Ҳаштум:

 

Ҷаҳони офариниш то кунун шоҳиди ҳукумати хубе набуда, ҷавомеи башарӣ ба ҷомеаи идеал ноил наёмадааст; яъне ба ҳадафи хилқати хеш нарасидааст, гарчи дар ин роҳ дустдорони Ҳақ қурбониҳои фаровони нисор кардаанд ва гуруҳи махсусе ба авҷи исор расида, аз ин ҷиҳат ба камоли  хеш бор ёфтаанд, лекин ҳадафи умумии офариниш ҳосил нашудааст. Албата заминаҳои муносиби мақсуди ниҳоиро фароҳам намудаанд ва аз ин назар, маъмуриятҳои Илоҳии хешро анҷом додаанд.

 

Нуҳум:

 

Ислом баробари усули ёдшуда, чунин навид медиҳад, ки ҳукумати паҳнаи замин ва густардаи замони оянда ба дасти инсонҳои пок ва озодаи аз ҳаргуна разилат, қарор мегирад;  то ҳам ба ситами ҳукумати золимон поён бахшида шавад, ҳам рӯи замин аз табоҳии тоғиён пок гардад, ҳам табақаи маҳрум аз фақр раҳои меёбад, ҳам шикамборагии исрофгарон фаромӯш гардад;

 

[6]﴿و نُريد أن نَمنَ علي الذين استضعِفوا في الأرض و نَجعَلَهُم أَئمَّةً و نَجعَلَهُم الوارثين﴾

 

﴿... أنّ الأرضَ يَرِثُها عبادي الصالحون﴾[7]

 

Даҳум:

 

Барномаи ҳукумати солеҳон, ҳамоно эҳёи замини зулмзада ва ситамдида, ва наҷоти он аз ҳаргуна таҷовузу туғён ва ислоҳи он ба густариши адолат аст ва чун муҳимтарин омили раҳои аз султаи шайтон ва бардагии ҳавои нафс ҳамоно эҷоди руҳи бандагии Худованд дар фард ва ҷомеа мебошад, Ислом вазифаи солеҳонеро, ки вориси замин ҳастанд, чунин тарсим  менамояд:

 

﴿الذين إِن مكنّاهُم في الأرضِ أَقامُوا الصّلوة و اتَوا الزَكاةَ و أَمَروُا بالمعروفِ و نَهَوا عنِ المُنكرِ و لله عاقبةُ الأُمور﴾[8]

 

Бинобар ин натиҷаи нигариши Илоҳӣ ба ҷаҳони хилқат, ҳамоно ба оянда хушбин будан, бо ҳар зулме мубориза намудан, заминаи сулҳи ҷаҳониро фароҳам намудан, ба ҳадафи волои башарӣ муътақид будан, аз ҳар гуна ноумедӣ наҷот ёфтан, дар муқобили пешрафти силоҳҳои атомӣ ва ҷанги ситорагон пойдорӣ намудан, ба интизори Сулҳовари ҷаҳонӣ ба сар бурдан, дар замони зуҳури ӯ аз ҳеҷ нисор ва ийсоре дареғ накардан, барои истиқрори ҳукумати он инсони комил ва халифаи Худо дар замин ҷиҳод ва иҷтиҳод намудан, зоиқаи талхи таҳидастонро бо барандозии тавонгарони зарандӯз ширин кардан ва саранҷом офаридгори ҷаҳонро бо таъдили низоми башарӣ хушнуд сохтан, хоҳад буд. Бо умеди он рӯзи беҳрӯз ва ба интизори зафари адл бар зулм ва эҳтизози парчами адолат бар фарози ҳар коху кух!.

 

 

 

[1] - Сураи Сод ояти 27.

 

[2] - Сураи Рум ояти 41.

 

[3]- Сураи Муъминун ояти 71.

 

[4] - Сураи Муьминун ояти 115.

 

[5] - Сураи Қиёмат ояти 36.

 

[6] - Сураи Қасас ояти 5.

 

[7] - Сураи Анбиё оити 105.

 

[8] - Сураи ҳаҷ ояти 41.

 

муалиф: Аллома Ҷаводии Омулӣ.

 

мутарҷим:сомонаи тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст