Чигуна намоз бихонем?
Барои ин ки мусофирон дар биёбонҳо гум нашаванд ва солим ва дуруст ба мақсад бирасанд, давлат роҳҳое таъйин мекунад ва дар он таблоҳо ва аломатҳое мезанад, полиси роҳ мегузорад, то суръат мошинҳоро назорат кунад.
Агар ин корҳо намешуд, мусофирон роҳро гум карда ҳар кас ба сӯе мерафт ва ба заҳмату бероҳа меафтод.
Худованд низ агар роҳи бандагӣ ва намозро ба воситаи паёмбарон ва раҳбарони осмонӣ, барои рушду камоли мардум таъйин намекард, ҳар кас ба роҳе мерафт ва Худовандро онгуна, ки худ хаёл мекард, ситоиш менамуд.
Худованд барои он ки ҳамаи мардум дар як роҳи рост, мустақим ва солим ҳаракат кунанд, роҳи намозро бо аломатҳо ва дастуроте ба мо ёд додааст:
1) дастур дод бо вузӯ ва таҳорат ва бо назофту нишот бо Худо гуфтугӯ кунанд.
2) Худованд фарзҳои намозро дар ҳудуди 20 калима қарор дод, ки фарогирии он барои ҳама осон бошад ва онҳо ҳам маъно доранд ва ҳам қолабу оҳанг.
3) дастур дод, ки ҳамаи мардум ба як сӯ намоз бихонанд, то дилҳо ва фикрҳо пароканда нашаванд.
4) дастур дод, ки ҳамаи мардум дар намоз бо як забон бо Худо сухан бигӯянд. Ҳамон гуна ки тамоми халабонҳо (лётчикҳо)-и дунё бо фурудгоҳи ҳар кишваре бояд ба забони англисӣ гуфтугӯ кунанд.
Дар намоз бо либоси пок ба сӯи Макка меистем ва ба забони арабӣ бо Худо сухан мегӯем.
Аввалин калимаи намоз «Аллоҳ акбар» аст. Яъне Худо бузургтар аст. Бузургтар аз фикру хаёли мо. Бузургтар аз диданиҳо ва шуниданиҳо.
Касе, ки Худоро бузург ёфт, ҳама чиз назди ӯ кӯчак мешавад.
Шумо замини футболро дар назар бигиред, то вақте мо дар замин бошем он назди мо бисёр бузург аст, вале агар савори ҳавопаймо шавему парвоз ва аз боло нигоҳ кунем, ин замин назди мо кӯчак ва кӯчактар мешавад. Ҳарчи ҳавопаймо болотар меравад, замин кӯчактар мешавад.
Инсон метавонад ба қадре парвоз кунад, ки тамоми замин дар чашми ӯ ба андозаи як нахӯд шавад.
Пас ҳар чӣ имони мо ба Худованд бештар шавад ва Худоро бузургтар биёбем, қудратҳои истикборӣ назди мо кӯчактар мешавад.
Дар дуо низ мехонем: «Чун Худованд дар дили мусулмонон бузург аст, чизҳои дигар назди онон кӯчак аст.» (Биҳор, ҷ.64, саҳ.315)
Вақте мушрикони Қурайш аз ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) хостанд, ки аз даъвати тавҳид даст бикашад ва дар ивази он ҳар чӣ бихоҳад онҳо анҷом медиҳанд. Агар молу раёсату зану хона ва ... мехоҳад беҳтарини онро барояш фароҳам мекунанд. Расули Худо (с) фармуд: Агар хуршедро дар дасти рости ман ва моҳро дар дасти чапи ман бигузоранд то аз даъвати тавҳид даст бардорам чунин нахоҳам кард.
Расули Худо (с) беҳтарин сармашқи мӯъминон аст. (Сураи Аҳзоб, ояти 21)
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1352