Гуфтани "Алҳамду лиллоҳи раббилоламин" (Сураи Ҳамд, ояти 2) шукри забонӣ аст ва истифода аз ҳар неъмате дар роҳи ризои Худо ва бар асоси фармони Худо шукри амалӣ аст, ки хеле арзишманд аст, вале беҳтарин навъи шукр, намоз хондан аст. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: Ба шукронаи ин ки Худованд мардумро аз ноамнӣ ва гуруснагӣ наҷот дод, бояд Худои Каъбаро ибодат кунанд. (Сураи Қурайш, оёти 3-4)
Намоз дар ҳамаи динҳои осмонӣ будааст. Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: «Дар дине, ки намоз набошад, хайре нест.»
Ба ростӣ агар намоз набошад хубиҳои дигар корсоз намешавад, ҳамонгуна ки агар сӯзан набошад, риштаҳо чизеро намедӯзанд.
Агар полис аз ронандае гувоҳиномаи ронандагӣ хост ва ӯ надошт, мошинашро манъ карда ронандаро ҷарима мекунад, ҳатто агар дипломи донишгоҳӣ ва ё гувоҳии ҳунари дигаре ҳам дошта бошад.
Биёем ҳар рӯз чанд дақиқа бо Худои худ сухан бигӯем.
Ростӣ чаро бо ҳама кас сухан бигӯем, вале бо Худо сухан нагӯем?
Мо Худоро дӯст дорем ва ҳар кас фардеро дӯст дорад, мехоҳад бо ӯ сухан бигӯяд.
Барои ин ки ҳамаи мо инсонҳо ҳамоҳанг бо Худои бузург сухан бигӯем, Худованд инсонро роҳнамоӣ кард, ки ҳама ба як сӯ, рӯ ба қибла ва бо бадану либоси пок, қалби равшан ва нияти холис ва бо як забон ба намоз биистанд. Медонем, ки тамоми халабонҳои дунё агар бихоҳанд бо фурудгоҳи ҳар кишваре сухан бигӯянд бояд бо забони англисӣ сухан бигӯянд. Мусулмонон бояд намозро ба забони арабӣ бихонанд. Забон ягона ва муштарак нишонаи ваҳдати худопарастон аст.
Ин намоз замоне моро рушди бештаре медиҳад, ки дар макони муқаддас мисли масҷид ва аввали вақт ва ба ҷамоат баргузор шавад, ба шарт он ки бо кӯмак ба бенавоён ва дуо ба бандагони Худо бошад.
Касе, ки намоз мехонад дасташро дар дасти Худои бузург мегузорад ва ресмони маҳкамеро мегирад. Касе, ки ресмони маҳками илоҳиро гирифта ва дасташро дар дасти қудрати Худо гузошт, бар ҳар мушкиле пирӯз мешавад. Аз азон то қомат ва такбиратулиҳром то тасбеҳоти баъди намоз даҳҳо бор мегӯем: Аллоҳу акбар; Худо аз ҳама чизу ҳама кас бузургтар аст. Намозгузор худро ба Худои бузург пайванд медиҳад.
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: Аз сабр ва намоз ёрӣ биҷӯед. (Сураи Бақара, ояти 45)
Ҳар гоҳ барои Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва ё пешвоёни шоиста мушкиле пеш меомад, онон ба намоз паноҳ мебурданд ва аз намоз ва ёди Худо кӯмак мегирифтанд.
Намоз ба қадре муҳим аст, ки имом Ҳусайн (а) намози пешиниро дар рӯзи Ошуро дар Карбало дар майдони набард ва дар баробари тирборони душман аввали вақт ва ба ҷамоат барпо кард.
Абӯалӣ ибни Сино мегӯяд: Ман ҳар вақт мушкили илмӣ доштам, ки қобили ҳал набуд, ба масҷиди ҷомеи шаҳр мерафтам. Таҳорам мекардам ва намоз мехондам ва аз Худо кӯмак мехостам. Мушкилам ҳал мешуд. (Ирфони исломӣ, ҷ.5, саҳ.117)