Аввалин вазифаи мо пас аз шинохти Худо, робита бо Худост ва ин ки ӯро ба хотири неъматҳое, ки ба мо додааст, шукр кунем ва дӯст дорем.
Агар касе як суратгирак ба мо ҳадя кунад, то охири умр аз ӯ ташаккур мекунем ва ӯро дӯст медорем ва фаромӯш намекунем.
Худованд мефармояд: Оё мо ба инсон ду чашм надодем? (Сураи Балад, ояти8) Пас Худованд ду дастгоҳи филмбардор ва суратгир ба мо додааст. Ду чашми зебо, ки як умр аз дӯру наздик, рангӣ ва сиёҳу сафед ва аз зовияҳои мухталиф аксу филм мегирад, ки сабук, кӯчак, зариф, зебо ва дар ҷои мустаҳкам ва муносиб.
Худованд ин ду дастгоҳро дар чуқурӣ офарида то хеле хуб аз онҳо муҳофизат шавад, илова бар он ки пилку мижа ва абру низ аз даромадани чизҳои зараррасони берунӣ ва нури шадид ба чашм пешгирӣ мекунанд.
Ин дастгоҳҳо бо ҳамаи кӯчакӣ, робитаи моро бо ҷаҳони атрофамон барқарор мекунанд ва мо метавонем шигифтиҳо ва зебоиҳои ҷаҳони бузургро бибинем.
Ин ду байни мо ва донишмандон бо мутолиаи китобҳои онон робита барқарор мекунанд. Ҷони моро аз хатарҳои пеши рӯ ҳифз мекунанд. Аз роҳи мутолиа ба дониши мо меафзояд ва бо онҳо чизҳоро мешиносем. Рӯзона ҳазорон акс мегирад, вале хаста намешавад ва худашонро бо нуру фазо ва замону макон мувофиқ мекунанд.
Дар ҳар неъмате аз неъматҳои Худои бузург каме фикр кунем, алоқаи мо ба Офаридагори донову меҳрубон зиёд мешавад. Ин алоқа аввалин робитаи мо бо Худост.
Робитаи дигар, шукри Худованди соҳибнеъмат аст. Агар ҳадяи як дастгоҳи филмбардор ё суратгир ташаккур мехоҳад, ҳадяи чашмҳои зебо ташаккури чанд баробар мехоҳад.
Шукри Худо чист?
Шукри Худо он аст, ки дар беҳдошти чашм бикӯшем. Оби олуда ба рӯямон назанем. Бо шиками пур мутолиа накунем. Бо мутолиаи навиштаҳои резу кӯчак ва дар фазое, ки нури кофӣ нест, ба чашмони худ осеб назанем. Бо чашми худ гуноҳ ва ба он чӣ Худо ҳаром кардааст нигоҳ накунем ва бо он касеро натарсонем.
Ба офаридаҳои Худо нигоҳ кунем ва ба қудрату азамат ва ҳикмати Худои Мутаол пай бибарем. Нигоҳи меҳромез ба падару модар ибодат аст. Нигоҳ ба Қуръон ва Каъба ибодат аст. Нигоҳ ба олимон ва раҳбарони шоистаи динӣ ибодат аст. Дидори бандагони хуби Худо ибодат аст ва агар аз дунё рафтаанд, зиёрати қабри онҳо муфид аст.
Оё роҳи хоссе барои ташаккур аз Худо ҳаст?
Дар дарси баъдӣ бо ҷавоби ин савол ошно хоҳем шуд.
Дарси шашум: Намоз шукри амалӣ
Гуфтани "Алҳамду лиллоҳи раббилоламин" (Сураи Ҳамд, ояти 2) шукри забонӣ аст ва истифода аз ҳар неъмате дар роҳи ризои Худо ва бар асоси фармони Худо шукри амалӣ аст, ки хеле арзишманд аст, вале беҳтарин навъи шукр, намоз хондан аст. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: Ба шукронаи ин ки Худованд мардумро аз ноамнӣ ва гуруснагӣ наҷот дод, бояд Худои Каъбаро ибодат кунанд. (Сураи Қурайш, оёти 3-4)
Намоз дар ҳамаи динҳои осмонӣ будааст. Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: «Дар дине, ки намоз набошад, хайре нест.»
Ба ростӣ агар намоз набошад хубиҳои дигар корсоз намешавад, ҳамонгуна ки агар сӯзан набошад, риштаҳо чизеро намедӯзанд.
Агар полис аз ронандае гувоҳиномаи ронандагӣ хост ва ӯ надошт, мошинашро манъ карда ронандаро ҷарима мекунад, ҳатто агар дипломи донишгоҳӣ ва ё гувоҳии ҳунари дигаре ҳам дошта бошад.
Биёем ҳар рӯз чанд дақиқа бо Худои худ сухан бигӯем.
Ростӣ чаро бо ҳама кас сухан бигӯем, вале бо Худо сухан нагӯем?
Мо Худоро дӯст дорем ва ҳар кас фардеро дӯст дорад, мехоҳад бо ӯ сухан бигӯяд.
Барои ин ки ҳамаи мо инсонҳо ҳамоҳанг бо Худои бузург сухан бигӯем, Худованд инсонро роҳнамоӣ кард, ки ҳама ба як сӯ, рӯ ба қибла ва бо бадану либоси пок, қалби равшан ва нияти холис ва бо як забон ба намоз биистанд. Медонем, ки тамоми халабонҳои дунё агар бихоҳанд бо фурудгоҳи ҳар кишваре сухан бигӯянд бояд бо забони англисӣ сухан бигӯянд. Мусулмонон бояд намозро ба забони арабӣ бихонанд. Забон ягона ва муштарак нишонаи ваҳдати худопарастон аст.
Ин намоз замоне моро рушди бештаре медиҳад, ки дар макони муқаддас мисли масҷид ва аввали вақт ва ба ҷамоат баргузор шавад, ба шарт он ки бо кӯмак ба бенавоён ва дуо ба бандагони Худо бошад.
Касе, ки намоз мехонад дасташро дар дасти Худои бузург мегузорад ва ресмони маҳкамеро мегирад. Касе, ки ресмони маҳками илоҳиро гирифта ва дасташро дар дасти қудрати Худо гузошт, бар ҳар мушкиле пирӯз мешавад. Аз азон то қомат ва такбиратулиҳром то тасбеҳоти баъди намоз даҳҳо бор мегӯем: Аллоҳу акбар; Худо аз ҳама чизу ҳама кас бузургтар аст. Намозгузор худро ба Худои бузург пайванд медиҳад.
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: Аз сабр ва намоз ёрӣ биҷӯед. (Сураи Бақара, ояти 45)
Ҳар гоҳ барои Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва ё пешвоёни шоиста мушкиле пеш меомад, онон ба намоз паноҳ мебурданд ва аз намоз ва ёди Худо кӯмак мегирифтанд.
Намоз ба қадре муҳим аст, ки имом Ҳусайн (а) намози пешиниро дар рӯзи Ошуро дар Карбало дар майдони набард ва дар баробари тирборони душман аввали вақт ва ба ҷамоат барпо кард.
Абӯалӣ ибни Сино мегӯяд: Ман ҳар вақт мушкили илмӣ доштам, ки қобили ҳал набуд, ба масҷиди ҷомеи шаҳр мерафтам. Таҳорам мекардам ва намоз мехондам ва аз Худо кӯмак мехостам. Мушкилам ҳал мешуд. (Ирфони исломӣ, ҷ.5, саҳ.117)