Паёмбарони Худо (а), ки барои ба ҳаракат даровардани неруҳои инсонӣ ва сомон бахшидани он барои саодати фард ва ҷомеа барангехта шудаанд, муҳол аст, ки барномаи фасод ва табоҳ кардани фард ё ҷомеаро дунбол кунанд. Аз ин рӯ агар асари даъвати муддаии паёмбарӣ фосид кардану аз кор андохтани неруҳо ё ба фоҳишагӣ ва беҳудагӣ кашондани инсонҳо ё табоҳ кардани ҷомеа бошад худ далели қотеъ ба дурӯғгӯ будани ин муддаӣ аст.
Худои Мутаол дар ояти 157 сураи Аъроф мефармояд:
الَّذينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الْأُمِّيَّ الَّذي يَجِدُونَهُ مَکْتُوباً عِنْدَهُمْ فِي التَّوْراةِ وَ الْإِنْجيلِ يَأْمُرُهُمْ بِالْمَعْرُوفِ وَ يَنْهاهُمْ عَنِ الْمُنْکَرِ وَ يُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّباتِ وَ يُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبائِثَ وَ يَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَ الْأَغْلالَ الَّتي کانَتْ عَلَيْهِمْ فَالَّذينَ آمَنُوا بِهِ وَ عَزَّرُوهُ وَ نَصَرُوهُ وَ اتَّبَعُوا النُّورَ الَّذي أُنْزِلَ مَعَهُ أُولئِکَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
Ҳамонҳо, ки аз фиристода (-и Худо), паёмбари «уммӣ» пайравӣ мекунанд. Паёмбаре, ки сифоташро дар Таврот ва Инҷиле, ки наздашон аст, меёбанд. Ӯ онҳоро ба маъруф дастур медиҳад ва аз мункар бозмедорад. Чизҳои покизаро барои онҳо ҳалол мешуморад ва нопокиҳоро ҳаром мекунад ва борҳои сангину занҷирҳоеро, ки бар онҳо буд, ( аз дӯш ва гарданашон) бармедорад. Пас касоне, ки ба ӯ имон оварданд ва ҳимоят ва ёрияш карданд ва аз нуре, ки бо ӯ нозил шуда пайравӣ намуданд, онон растгоронанд.