Ақил ибни Абитолиб дар замони хилофати бародараш Амирулмӯъминин Алӣ (к) ба унвони меҳмон ба хонаи он ҳазрат, дар Куфа ворид шуд.
Ҳазрати имом Алӣ(к) ба имом Ҳасани Муҷтабо(а) ишора кард, ки ҷомае ба амӯят ҳадя кун.
Имом Ҳасан(а) як пероҳан ва як ридо аз моли шахсии худ ба амӯи хеш Ақил ҳадя кард.
Дастархонро барои хӯрдани шом паҳн карданд, Ақил, ки худро меҳмони халифа медид, интизори дастархони рангини дошт, вале бархилоф интизори вай, дастархон бисёр содда ва фақирона буд, аз ин рӯ гуфт: Ғизо ҳамин аст?
Амирулмӯъминин Алӣ (а) фармуд: Магар ин неъмати Худо нест? Худоро шукр мегӯям.
Дар ин ҳол Ақил гуфт: Пас бояд ҳоҷати хешро зудтар бигӯям ва биравам. Ман қарз дорам ва зери бори қарз мондаам. Шумо дастур диҳед то қарзи маро адо кунанд.
Имом Алӣ (а) пурсид: Чӣ қадар қарздорӣ?
Ақил гуфт: Сад ҳазор дирҳам.
Имом Алӣ(к) бо тааҷҷуб гуфт: Мутаассифам, бародар! Надорам то қарзҳои туро диҳам, вале сабр кун замони пардохти маош бирасад, аз саҳми шахсии худам ба ту медиҳам. Агар хонавода иҷоза доданд тамоми саҳми худамро ба ту медиҳам.
Дар ин ҳолат Ақил бо ниҳояти тааҷҷуб гуфт: Сабр кунам то вақти пардохт маош бирасад? Хазинаи кишвар дар дасти ту аст, он гоҳ ба ман мегӯӣ, ки сабр кун то замони пардохти саҳмияҳо бирасад! Шумо ҳар андоза бихоҳӣ метавонӣ аз хазина бардорӣ! Чаро маро ба расидани замони пардохти маош ҳавола мекунӣ?
Имом Алӣ(а) фармуд: Ман аз пешниҳоди ту тааҷҷуб мекунам. Хазинаи давлат пул дорад ё надорад, чӣ рабте ба ману ту дорад?
Ин гуфтугӯ идома дошт ва онҳо ҷое нишаста буданд, ки бозори Куфа ва сандуқҳои пули тоҷирон ва бозориҳо аз он ҷо дида мешуд.
Дар ин байн Амирулмӯъминин Алӣ (а) фармуд: Агар боз ҳам исрор дорӣ ва сухани маро намепазирӣ, пешниҳоде ба ту мекунам, ки дар ин поин сандуқҳое аст. Ҳамин ки хилват шуд ва касе дар бозор намонд, бирав поин ва сандуқҳоро бишкан ва ҳар чӣ дилат мехоҳад бардор.
Ақил гуфт: Ба ман пешниҳод мекунӣ, ки сандуқи мардумро бишканам ва моли мардуми бечораеро, ки ба ҳазор заҳмат ба даст овардаанд бардораму биравам?
Ҳазрати Амирулмӯъмини Алӣ (а) фармуд: Пас ту чӣ тавр ба ман пешниҳод мекунӣ, ки сандуқи хазинаи давлат ва мусулмононро барои ту боз кунам? Магар ин моли кист? Ин ҳам аз мардуми аст, ки роҳат ва осуда дар хонаҳои хеш хуфтаанд. Акнун пешниҳоди дигар мекунам, агар ҳозирӣ шамшери хешро бардор, ман низ шамшери худро бармедорам ва ба самти шаҳри Ҳира биравем. Дар он ҷо бозаргонон ва сарватмандони бузурге ҳастанд. Шабона дунафара меравем ва бар яке аз онҳо шабехун мезанем ва сарвати калон ба даст меорем.
Дар ин ҳолат Ақил гуфт: Ман барои дуздӣ наёмадаам, ки ту ин суханонро мегӯӣ. Ман мегӯем аз хазонаи кишвар, ки дар ихтиёри ту аст, иҷозат бидеҳ то пуле ба ман бидиҳанд ва ман қарзамро бидиҳам.
Имом ҷавоб дод: Иттифоқан агар моли як нафарро бидуздем, беҳтар аз он аст, ки моли садҳо ҳазор нафар мусулмон, яъне моли ҳамаи мусулмононро бидуздем. Чӣ тавр шуд, ки рубудани моли як нафар бо шамшер дуздӣ аст, вале рубудани моли умуми мардум дуздӣ нест?
Салому дуруди бениҳояти Худои Мутаол бар ту бод, эй шогирди намуна ва беназири ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), эй Амирумӯъмини Алӣ ибни Абитолиб (а) шаҳиди ҳақиқату адолат!