Усули дин
Усули дин истилоҳи каломӣ аст, ва ба маҷмуае аз боварҳое гуфта мешавад, ки асоси дини Исломро ташкил медиҳанд, ва бе онҳо мусалмонӣ маъно надорад, ва инкор кардани ҳар як аз онҳо сабаби кофир шудани инсон мегардад.
Барои тавзеҳи бештар дар бораи “усули дин” бояд ба чанд саволи асосӣ посух дода шавад, ҳамчун: Оё истилоҳи усули дин дар китобу суннат ба кор рафта аст? Истилоҳи усули дин аз кай ва чигуна пайдо шудааст? Оё дар усули дин тақлид кардан аз дигарон ҷоиз аст? Усули дин аз назари мазҳабҳои гунонгун чандто аст?
Истилоҳи усули дин дар Қуръон ва суннат
Бо онки истилоҳи “усули дин” бисёр дар миёни мусалмонон шуҳрат дорад, аммо дар Қуръони Карим ва ҳамчунин дар аҳодиси набавӣ вожае бо сароҳат ба номи усули дин наёмада аст ва ин амр нишон медиҳад, ки истилоҳи усули дин аз сӯи мутакаллимони исломӣ вазъ гардидааст.
Албатта қобили зикр аст, ки дар ҳадисҳои Пайғамбар (с) ишораҳое ба ин ки дини мубини Ислом мабоние дорад шудааст, ҳамчун ҳадиси Расули Худо (с), ки фармуданд:
« بُنِیَ الْإِسْلَامُ عَلَى خَمْسٍ: شَهَادَةِ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ وَإِقَامِ الصَّلَاةِ وَإِیتَاءِ الزَّکَاةِ وَحَجِّ الْبَیْتِ وَصَوْمِ رَمَضَان»
Ислом бар панҷ поя устувор аст:
- Гувоҳӣ додан бар ин ки ҳеҷ худое ба ҷуз Аллоҳ нест, ва ин ки Муҳаммад (с) бандаи Худо ва Расули Ӯст.
- Ба ҷо овардани намоз.
- Додани закот.
- Ба ҷо овардани ҳаҷ.
- Гирифтани рӯзаи моҳи мубораки Рамазон.[1]
Пайдоиши истилоҳи усули дин
Аммо дар мавриди ин ки истилоҳи усули дин агар дар Қуръон ва ҳадисҳои Расули Худо (с) наёмада аст, пас аз кадом замон пайдо шудааст? Дар ҷавоб бояд гуфт: дақиқан замони пайдоиши ин истилоҳ дар миёни ҷомеаи исломӣ маълум нест ва ҳамчунин равшан нест, ки чи касе онро вазъ кардааст, аммо ба назар мерасад нахустин бор ин истилоҳро мутакаллимони Муътазилӣ дар қарни севвуми ҳичрӣ ( яъне нуҳуми мелодӣ) ба кор бурдаанд, зеро усули панҷгонае, ки Муътазила ба кор бурдаанд. Ҳамон усули дин аз назари онҳост, ва ҳамчунин Ибни Надим дар китоби Ал-феҳрест, аз рисолаи ба номи “Усули дин” ном мебарад, ки нависандаи он шахсе ба номи Абу Мӯсо аст.[2] Ин нишон медиҳад, ки истилоҳи усули дин, дар аввалҳои қарни севвуми ҳиҷрӣ (яъне нуҳуми мелодӣ) барои ҷомеаи исломӣ шинохта шуда ва мавриди истифода будааст.
Тақлид ё таҳқиқ дар усули дин
Яке аз баҳсҳое, ки дар мавриди усули дин матраҳ аст, ин аст ки оё тақлид кардан аз дигарон дар усули дин ҷоиз аст? Ё ин ки ҳар кас бояд ба андозаи тавонаш дар мавриди усули дин таҳқиқ намояд. Ба иборати дигар оё дуруст аст, ки як инсон Худоро фақат ба хотири он бипазирад ки падараш ё фалон устодаш Худоро пазируфта аст, ва чун падараш ва фалон устодаш ба Худо имон доштааст, ӯ ҳам имон оварда аст ва ҳаргиз ба дунболи далелу бурҳоне барои Худованд нарафта аст. Дар посухи ин савол бояд гуфт баъзе аз донишмандони исломӣ инро ҷоиз медонанд ва мегӯянд, ки тақлид ва пайравӣ кардан аз дигарон дар усули дин ҷоиз аст, аммо баъзе дигар аз донишмандон ин амрро қабул надоранду мегӯянд, ки дар усули дин бояд ҳар шахс ба андозаи тавонаш ҷустуҷӯ кунаду далел дошта бошад ва дар усули дин яъне дар имони ба Худо ва Пайғамбар ва қиёмат набояд фақат тақлид кунад, балки бояд таҳқиқу ҷустуҷӯ ҳам намояд.
Усули дин чандто аст?
Масъали дигаре, ки дар мавриди усули дин матраҳ аст, он аст ки усули дин чандто аст? Дар посухи ин суол мазҳабҳои гуногун посухҳои мухталиф додаанд, ки хулосаи онҳо ба ин шарҳ аст:
1: Мазҳаби Муътазила бар он аст, ки усули дин панҷто мебошад ва ҳар кас, ки яке аз онро инкор кунад ва ба таври асосӣ бо он мухолифат намояд, аз Ислом берун шуда кофир мегардад, ва он усул иборатанд:
- Аввал Тавҳид (яъне инки Худованд ягона аст ва ҳеҷ касу ҳеҷ чизе монанди Ӯ нест).
- Адл (яъне Худованд одил аст ва кореро ки ақл бад бидонад анҷом намедиҳад ва ба ҳеҷ касе зулм намекунад).
- Ваъдаву ваид (яъне Худованд ба ваъдаҳое ки кардааст ҷомаи амал хоҳад пушонд, ва ҳаргиз хилофи ваъдаи худ нахоҳад кард, чун ин кор зидди адл хоҳад буд).
- Манзилатун байнал манзилатайн (яъне шахси мӯъмине, ки гуноҳи кабира карда аст, то замоне ки тавба накарда аст, на мӯъмин аст ва на кофир, балки дар миёни ин ду аст).
- Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар (яъне ҳамаи мӯъминон муваззаф ҳастанд, ки дар ҳадди тавони худ амри ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд ва барои иҷро шудани аҳкоми дин дар ҷомеа ба по хезанд) .[3]
2: Мазҳаби Ашоира[4] дар масалаи инки усули дин чандто аст, бар он аст, ки дини мубини Ислом понздаҳ рукн дорад ва бар ҳар шахси болиғ ва оқил воҷиб аст, ки ҳақиқати онҳоро бишносад. Албатта ҳар як рукн худ дорои масоили аслӣ ва фаръӣ мебошад, ки тамоми аҳли суннат дар масоили аслии ҳар рукн, бо ҳам иттифоқи назар доранд ва ҳар касеро, ки дар масоили аслии ин рукнҳо бо онҳо мухолифт кунад, гумроҳ медонанд. Чунон ки ин сӯханонро Абдулқоҳири Бағдодӣ яке аз бузургони Ашъариҳо, дар китоби Алфарқу байнал фирақ оварда ва сипас он понздаҳ рукнро ингуна ном бурда аст:
- Исботи ҳақоиқ ва улум.
- Илм бар ҳудуси олам (махлуқ будани олам).
- Шинохти офаринандаи чаҳон ва сифоти Ӯ.
- Шинохти сифоти азалии Худованд.
- Шинохтани номҳо ва сифоти илоҳӣ.
- Шинохтани адл ва ҳикмати илоҳӣ.
- Шинохтани пайғамбарон.
- Шинохтани муъҷизоти пайғамбарон ва кароматҳои авлиё.
- Шинохтани аркони шариати Ислом, ки уммат бар он иттифоқи назар кардаанд.
- Шинохтани аҳкоми амру наҳйи таклиф.
- Шинохтани хилофат ва имомат.
- Шинохти шароити раҳбарӣ.
- Шинохтани иҷмоли аҳкоми имон ва Ислом.
- Шинохтани аҳкоми авлиё ва мартабаи пешвоёни муттақӣ.
- Шинохтани аҳкоми душманон, ҳам кофирон ва ҳам аҳли ҳавову ҳавас.[5]
3: Мазҳаби Абуҷаъфари Таҳовӣ дар мавриди ин ки усули дин чанд то аст? Ба назар мерасад, аз ончи ӯ дар аввали китоби шарҳи ақидаи Таҳовӣ оварда аст дар ин чанд маврид хулоса мешавад, ки иборатанд:
- Эмон ба ягонагии Аллоҳ Таоло.
- Эмон ба набувват ва хотамияти Расули гиромии Ислом.
- Эмон ба китобҳои осмонӣ.
- Эмон ба малоикаҳо.
- Эмон ба рӯзи қиёмат.
- Эмон ба тақдири илоҳӣ.[6]
4: Уламои мазҳаби шиаҳои дувоздаҳ имомӣ (яъне Исноашарӣ) дар мавриди инки шумори усули дин чандто аст, ихтилофи назар доранд, аммо назари машҳурашон он аст, ки усули дин се чиз аст:
- Тавҳид.
- Набувват.
- Маод (қиёмат), ва ҳар касе ки яке аз ин се аслро инкор кунад кофир мешавад. Аммо ду асли дигар яке адл ва дигарӣ имомат, ҷузъи усули дин нестанд, балки ҷузъи усули мазҳаби Шиа ҳастанд; яъне агар касе имомат ва ё адлро инкор кунад, мусалмони шиамазҳаб нахоҳад буд.[7]
[1]Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 1 саҳ 8.
[2]Алфеҳрести ибни Надим, саҳ 207.
[3] Бо каме тафовут руҷӯъ кунед ба Шарҳи усули хамса, Абдул карим Усмон, саҳ 125ва 126.
[4] Мазҳаби ашоира яке аз мазҳабҳои аҳли суннати вал ҷамоа мебошад.
[5] Абдулқоҳири Бағдодӣ, Алфарқу байнал фирақ, саҳ 309 ва 310.
[6] Абучаъфари Таҳовӣ, Шарҳи ақидаи Таҳовӣ, саҳ 1 ба баъд.
[7]. Доиратул маорифи бузурги исломӣ, ҷ 9, саҳ 284.