Имом Ҳусайн ва қиёми Ошӯро аз нигоҳи бузургони исломӣ ва ғайри исломӣ
Шахсияти волои Имом Ҳусайн ( салому дуруди Худо бар Ӯ бод ) донишмандони мусалмон ва ғайри мусалмонро дар фикр фуру бурда аст ва қиёми Ҳусайн онҳоро шифта карда аст. Ва бисёри аз онҳо китобҳои дабал ва қатуре навиштаанд. Барои равшан шудани ин матлаб ба сухани чанд тан аз оноҳ ишора мекунем.
1. Аллома Иқбол: Аллма Иқбол, донишманди маъруф, шоир ва орифи шаҳири Покистонӣ, ки баҳақ аз мафохири ҷаҳони Ислом дар қуруни муосир аст. Вай дар дар ашъори худ, Имом Ҳусайнро таҷаллии Илоҳӣ, мазҳари озодӣ, мунҷӣ ва эҳёгари дубораи дин, муфассир ва рамз Қуръон, ва сабаби қиёми Ишонро фақат иқомаи дубораи дин медонад ва ҳамчунин мактаби Ошӯроро мактаби озодӣ, ҳуррият, ва инсонсозӣ медонад ва мегӯяд, ки аҳли ҳақ бояд аз Ҳусайн ва маткбаш озодӣ ва ҳурриятро омӯзанд. Дар китоби маснавии “ Рамзи бехудӣ ” навишта аст:”
Марям аз як нисбати Исо азиз ..... аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз
нури чашми Раҳматал лилоламин ..... он имоми аввалину охирин
Бонуи он тоҷдори Ҳалато ..... Муртазо, мушкил гушо, шери Худо
Модари он маркази паргори ишқ ..... модари он корвонсолори ишқ
...............
Дар навои зиндагӣ сӯз аз Ҳусайн ..... аҳли ҳақ, ҳуррият омӯз аз Ҳусайн
...............
Ишқро, ороми ҷони ҳуррият аст ..... ноқаашро сорбон ҳуррият аст
Он шунидасти, ки ҳангоми набард ..... ишқ бо ақли ҳаваспарвар чӣ кард
Он амони ошиқони пури Батул ..... сарви озодӣ зи бӯстони Расул
Илоҳ илоҳ бои бисмиллоҳи падар ..... маънии зибҳи азим омад писар
Мусову Фирвану Шубайру Язид ..... ин ду қувват аз ҳаёт омад падид
Чун хилофат ришта аз Қуръон гусехт ..... ҳурриятро Заҳро андар ком рехт
................
Муддаояш салтант будӣ агар ..... ху накарди бо чунин сомон сафар
Душманон чун реги саҳро лотаид ..... дӯстони Ӯ бо Язидиён ҳам адад
Сари Иброҳиму Исмоил буд ..... яъне он иҷмолро тафсир буд
Теғ баҳри иззати дину асту бас ..... мақсади Ӯ ҳифзи оинн асту бас
.............
Хуни Ӯ тафсири ин асрор кард ..... миллати хобидаро бедор кард
...........
Рамзи Қуръон аз Ҳусайн омухтем .... зи оташи Ӯ шуълаҳо андохтем
Тори мо аз захмааш ларзон ҳануз .... тоза аз такбири Ӯ имон ҳануз
Эй сабо эй пайки дурафтодагон ..... ашки мо бар хоки поки Ӯ бирасон
2. Абдурраҳмон Шарқовӣ (нависандаи Мисрӣ): Ҳусайн, шаҳиди роҳи дин ва озодагӣ аст. На танҳо Шиъа бояд ба номи Ҳусайн биболад, балки тамолми озод мардони дунё бояд ба ин номи шариф ифтихор кунанд.
3. Аллома Тантовӣ( Донишманди Мисрӣ): Достони Ҳусайнӣ ишқи озодагонро ба фидокорӣ дар роҳи Худо бар меангезад ва истиқболи маргро беҳтарин орзу мешуморад. Чандон, ки бар шитоб ба қурбонгоҳ, бар якдигар пеши меҷӯянд.
4. Аҳмад Маҳмуд Субҳӣ: Агарчӣ Ҳусайн ибин Алӣ дар майдони низомӣ ё сиёсӣ шикаст хурд, аммо таърих, ҳаргиз шикастеро суроғ надорад, ки мисли хуни Ҳусайн ба нафъи шикастхурдагон тамом шуда бошад. Хуни Ҳусайн, фарёде шуд, ки тахтҳо ва ҳукуматоро ба ларза даровард.
5. Муҳаммадалии Ҷаноҳ ( қоид аъзами Покистон): Ҳеҷ намунае аз шуҷоат, беҳтар аз онки Имом Ҳусайн аз лиҳози фидокорӣ ва таҳаввур нишон дод дар олам пайдо намешавад. Ба ақидаи ман тамоми муслимин бояд аз сармашқи ин шаҳиде, ки худро дар сарзамини Ироқ қурбон кард пайрави намояд.
6. Ганди ( раҳбари истиқлоли Ҳинд): Ман зиндагии Имом Ҳусайн, он шаҳиди бузурги Исломро ба диққат хондаам ва таваҷҷуҳи кофӣ ба сафаҳоти Карбало намудаам ва бар ман равшан шуда аст, ки агар Ҳиндустон бихоҳад як кишвари пирӯз гардад, боясти аз Имом Ҳусайн пайрави кунад.
7. Ҷурҷ Ҷурдоқ ( донишманд ва адиби масеҳӣ): Вақте Язид, мардумро ташвиқ ба қатли Ҳусайн ва маъмур ба хунрезӣ мекард, онҳо мегуфтанд:” чӣ маблағе медиҳӣ”? Аммо ансори Ҳусайн ба Ӯ гуфтанд:” Мо бо ту ҳастем. Агар ҳафтод бор кушта шавем, боз мехоҳем дар рикобат ҷанг кунем ва кушта шавем.
8. Чарлез Дикенз ( нависандаи маъруфи Ингилисӣ): Агар мақсуди Ҳусайн ҷанг дар роҳи дунёӣ буд, ман намефаҳмам чаро хоҳарон, занон ва атфолаш ҳамроҳи Ӯ буданд? Пас ақл чунин ҳукм менамояд, ки Ӯ фақат ба хотири Ислом, фидокории хушро анҷом дод.
8. Эдвард Бравн ( мусташриқи Ингилисӣ): Оё қалбе пайдо мешавад, ки вақте дар бораи Карбало сухан мешунавад, оғишта бо ҳузн нагардад? Ҳатто ғайри мусалмонон низ наметавонанд покии рӯҳеро, ки дар ин ҷанги исломӣ дар таҳти ливои он анҷом гирифт инкор кунанд.
9. Антон Бара: Агар Ҳусайн аз они мо буд, дар ҳар сарзамине барои Ӯ байрақе бар меафроштем ва дар ҳар деҳае барои Ӯ минбаре барпо менамудем ва марудмро бо номи Ҳусайн ба масеҳият даъват менамудем.
10. Тундун( ҳинду, раиси кунгураи милли Ҳиндустон): Ин фидокориҳои олӣ аз қабили шаҳодати Имом Ҳусайн, сатҳи фикрии башариятро иртиқо бахшида аст ва хотираи он шоиста аст ҳамеша боқӣ бимонад ва ёдоварӣ шавад.
Манобеъ
- 1.Ҳошиминажод Абдулкарим, Дарсе, ки Ҳусайн(а) ба инсонҳо омухт, интишороти Фароҳонӣ, чопи аввал соли 1968, саҳифаҳои 427 то 439.
- Тақии Таботабоии Қумӣ, Шаҳиди Карбало аз вилодат то баъд аз шаҳодат, интишороти Муфид, соли 1990, саҳифаҳои 470 то 472.
- Ҳусайнии Неъматуллоҳ, Сайидуш шуҳадо(а) парчамдори пирӯзии хун бар шамшер, интишороти Асри инқилоб, чопи аввал соли 2001, саҳифаи 346.