Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд:
اَلظُّلْمُ ثَلاثَةٌ: فَظُلْمٌ لايَغْفِرُهُ اللّهُ وَ ظُلْمٌ يَغْفِرُهُ وَ ظُلْمٌ لا يَتْرُكُهُ، فَأَمَّا الظُّلْمَ الَّذى لا يَغْفِرُ اللّهُ فَالشِّرْكُ قالَ اللّهُ: «إنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظيمٌ» و أَمَّا الظُّلْمَ الَّذى يَغْفِرُهُ اللّهُ فَظُلْمُ الْعِبادِ أَنْفُسَهُمْ فيما بَيْنَهُمْ و بَيْنَ رَبِّهِمْ و أَمَّا الظُّلْمَ الَّذى لا يَتْرُكُهُ اللّهُ فَظُلْمُ الْعِبادِ بَعْضُهُمْ بَعْضا
Зулм се навъ аст: 1) зулме, ки Худо намебахшад, 2) зулме, ки мебахшад ва зулме, ки аз он намегузарад, аммо зулме, ки Худо намеомурзад “ширк” аст, чун Худованд мефармояд: «Дар ҳақиқат “ширк” зулми бузург аст» ва аммо зулме, ки Худо меомурзад, зулми бандагон ба худашон, ки миёни худ ва Парвардигорашон аст ва аммо зулме, ки Худо аз он намегузарад зулми бандагон ба якдигар аст.
Наҳҷулфасоҳа, саҳ. 561, ҳадиси 1924
Ширк (ба Худо шарик овардан) гуноҳи бузург ва нобахшуданӣ аст, аммо бояд дар шинохти мавориди он диққат кунем, вагарна бо зиёдаравӣ ё кӯтоҳӣ гирифтори мушкилот мешавем. Имрӯз мутаассифона иддае бо тафсир ва фаҳми ноқис гирифтори ифрот шудаанд ва дигаронро бо баҳонаҳои гуногун муттаҳам ба мушрик будан ва ҳалол шудани хуну номусу мол мекунанд, ки на танҳо пазируфтанӣ нест, балки бисёр хатарнок ва балои азим аст. Худо аз инҳирофи фикрӣ моро ҳифз кунад.
Зулм чанд қисм аст?
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1817