Марде ҳар шаб аз назди банки хиёбони ҷанубӣ мегузашту фарёд мезад.
Садои баланди ӯ нигаҳбони банкро нороҳат мекард. Чун ин кор чанд бор такрор шуд нигаҳбон шабе берун омад ва пеши роҳи мардро гирифт ва иллати корашро пурсид.
Мард гуфт: Пулҳоямро дар ин банк пасандоз кардаам, метарсам, ки туро хоб ва пулҳои маро дузд барад.
Оё боре фарёд баровардем, ки эй олимон (махсусан динӣ) мо умед дорем, ки шумо нигаҳбони дини мо ҳастед. Накунад шуморо хоб барад ва шаётин мардумро ба гумроҳӣ баранд. Худо накунад, ки пули мо аз дину номус ва арзишҳои инсонӣ ва имонӣ муҳимтаро бошад!