Худои Мутаол дар ояти 79 сураи муборакаи Бақара мефармояд:
فَوَيْلٌ لِّلَّذِينَ يَكْتُبُونَ الْكِتَبَ بِأَيْدِيهِمْ ثُمَّ يَقُولُونَ هَذَا مِنْ عِندِ اللَّهِ لِيَشْتَرُواْ بِهِ ثَمَناً قَلِيلاً فَوَيْلٌ لَّهُمْ مِّمَّا كَتَبَتْ أَيْدِيهِمْ وَ وْيْلٌ لَهُمْ مِّمَّا يَكْسِبُونَ
Пас вой бар касоне, ки матолиберо бо дасти худ менависанд, сипас мегӯянд: Ин аз тарафи Худо аст, то ба он баҳои андаке биситонанд. Пас вой бар онҳо аз он чӣ дастҳояшон навишт ва вой бар онҳо аз он чӣ (аз ин роҳ) ба даст меоранд!
Бидонем
Танҳо ояте, ки дар он се бор калимаи «вайл-вой» ба кор рафта, ҳамин оят аст, ки хатари уламо ва донишмандони дунёпарастро матраҳ мекунад.
Биёмӯзем
1. Динсозӣ ҷараёни хатарнок дар тӯли таърих будааст.
2. Бидъати динсозӣ, динфурӯшӣ ва ғофил кардани мардум, аз ҷумла хатароте аст, ки ҷомеаро аз тарафи донишмандони фосид таҳдид мекунад.
3. Мувозиби қонунҳо, қаламҳо, китобҳо, мақолоти заҳролуд, таҳрифгар ва бидъатгузор бошед ва ба ҳар олиме эътимод накунед.
4. Мардум ба сурати фитрӣ ба дину мазҳаб алоқаманд ҳастанд, аз ин рӯ бисёре аз шайёдону раҳзанон, суханони худро ба номи дину мазҳаб ба мардум баён мекунанд.
5. Эҳтиёт кунем, ки ташнагони қудрату сарват бо динсозӣ ба ҷанги дин мераванд.
6. Ангезаи муҳимми динсозӣ ва бидъатгузорӣ расидан ба қудрату сарвати аст.
7. Яке аз бадтарин даромадҳо даромад аз роҳи динфурӯшӣ аст.
8. Сахттарин азоб барои касоне аст, ки ба ақида, дин, мазҳаб, фикр ва фарҳанги мардум хиёнат мекунанд. «Вайл» се бор пушти сари ҳам такрор шудааст.
9. Ҳар инҳирофе, ки дар тӯли таърих дар асари бидъате ба вуҷуд ояд, гуноҳаш ба гардани бидъатгузор аст.
10. Олим агар раббонӣ набошад хеле хатарнок мешавад. Чу дузде бо чароғ ояд гузидатар барад коло.
11. Вой бар касоне, ки ба фикри даромаду вазъи хуби дунёи зудгузар ҳастанд, вале худро неъматҳои охират ва абадият маҳрум мекунанд.
12. Олимоне, ки вобастаи дарбор ё нафсу шайтони бадкор шудаанд ва аз ҳисоби динфурӯшӣ зиндагии қоруние доранд на танҳо ҷои ҳавас хӯрдан надоранд, балки ҷои тааҷҷуб, танаффур ва тараҳҳум доранд. Мӯъмини ҳақиқӣ ба ҳоли онҳо ашк мерезад ва аз Худо мехоҳад, ки ҳеҷ гоҳ ба сарнавишти онҳо гирифтораш насозад.
13. Тамоми дунё қалил ва кам аст боз динфурӯшӣ ба баҳои андак чӣ муомилаи зиёнбор анҷом медиҳанд.
14. Худоё, аз гирифторӣ ва гирифторони ин бало ба ту паноҳ мебарем!
Хатари динсозӣ
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 2306