Марде назди Паёмбари Аъзам (с) омад ва гуфт: Ба ман коре биёмӯз, ки Худованд ба сабаби он маро дӯст бидорад ва мардум низ дӯстам бидоранд ва Худо дороиямро зиёд гардонад ва тандурустам бидорад ва умрамро тӯлонӣ кунад ва маро бо ту маҳшур кунад (ва дар қиёмат ҳамроҳи ту бошам).
Ҳазрат фармуд: «Он чӣ гуфтӣ шаш чиз аст, ки ба шаш чиз ниёз дорад:
❶ агар мехоҳӣ Худо туро дӯст бидорад аз ӯ битарс ва тақво дошта бош!
❷ агар мехоҳӣ мардум дӯстат бидоранд ба онон некӣ кун ва ба он чӣ доранд чашм мадӯз!
❸ агар мехоҳӣ Худо дороиятро зиёд кунад закоти онро бипардоз!
❹ агар мехоҳӣ Худо баданатро солим бидорад бисёр садақа бидеҳ!
❺ агар мехоҳӣ Худо умратро тӯлонӣ гардонд ба хешовандонат кӯмак кун!
❻ ва агар мехоҳӣ Худо туро бо ман маҳшур кунад дар пешгоҳи Худои ягонаи қаҳҳор саҷдаи дароз ва тулонӣ кун!
Аъломуддин, саҳ. 268
Шаш вазифа
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1656