Имом Ҳусейн (Дуруди Худо бар ӯ бод) дар рӯзи севуми Шаъбон дар соли чаҳоруми ҳиҷрӣ ба дунё омад.
Паёмбари Аъзам(с) дар гӯши рости ӯ азон ва дар гӯши чапаш қомат гуфт. Фариштаи ваҳй аз тарафи Худо паём овард, ки номи ӯро Ҳусайн бигузоред. Пас аз ҳафт рӯз гӯсфандеро қурбонӣ карданд ва гӯшташро бо миқдоре нуқра ба ниёзмандон доданд.
Салмони Форсӣ(рз) мегӯяд: Паёмбари Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) имом Ҳусайнро рӯи зонуи худ менишонд ва мефармуд: «Ту имом ва писари имом ва падари имомон ҳастӣ...
Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) имом Ҳусайнро (дар кӯдакӣ) бағал мекард ва мебӯсид ва мефармуд: Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайн ҳастам. (Сунани Тирмизӣ)
Дар шаҳри Куфа камобӣ буд. Мардум назди ҳазрат Алӣ(к) омаданд ва аз хушксолӣ шикоят карданд. Ҳазрат ба фарзандаш имом Ҳусайн фармуд: «Ба по хез ва дуо кун.» Имом Ҳусайн бархост ва баъд аз ситоиши Худо ва салавот бар Паёмбари Аъзам(с) дуо кард. Ҳамин ки дуои он ҳазрат тамом шуд, ногаҳон абр пайдо шуд ва борон борид.
Дар ҷанги Сиффин лашкари ҳазрати Алӣ(к) ташна шуданд. Афроде ба сӯроғи об рафтанд, вале дасти холӣ баргаштанд. Имом Ҳусайн аз падар иҷозат гирифт ва рафту об овард. Ҳазрати Алӣ ба гиря афтод. Пурсиданд: Чаро гиря мекунӣ? Фармуд: Ҳамин касе, ки имрӯз мусулмононро сероб кард, дар оянда дар Карбало дар канори об ташна шаҳид хоҳад шуд.
Имом Ҳусайн дар замони имом Ҳасан мефармуд: «Имом Ҳасан бародари ман ва имоми ман аст ва ман мутеъи ӯ ҳастам.»
Имом Ҳусайн ҳангоми кӯдакӣ бар дӯши Паёмбари Аъзам(с) ва рӯзгоре дар Карбало зери суми асб қарор гирифт. Ончи муҳим аст он аст, ки дар ду ҳол, аз Худо розӣ буд ва мефармуд: «Илоҳӣ ба ризои ту розиям»
Паёмбари Аъзам(с) он ҷо, ки ба сӯи намози ид ҳаракат мекард, имом Ҳусайнро, ки кӯдак буд бо худ мебурд ва ӯ ҳамроҳи Расули Худо(с) такбир «Аллоҳ акбар» мегуфт ва он ҷо, ки лозим буд мубоҳала ва нафрин кунад боз ин кӯдакро бо худ мебурд.
Нимаи шаб имом Ҳасан аз хоб бедор шуд ва об хост. Он шаб Паёмбари Аъзам(с), ки дар хонаи духтараш ҳазрати Фотима (Дуруди Худо бар ӯ бод) меҳмон буд. Бедор шуд ва барои ин кӯдак‏ об овард. Дар ин миён имом Ҳусайн низ аз хоб бархост ва об хост, вале ҳазрат аввал обро ба имом Ҳасан дод. Ҳазрати Фотима пурсид: Оё Ҳасанро бештар дӯст доред? Паёмбар фармуд: «Ҳар ду назди ман яксонанд, вале навбат бо Ҳасан буд. Ӯ аввал об хост.»
Имом Ҳусайн дар муқобили ҳукумати золим истод ва ҳозир шуд, ки худ, бародар, ёрон ва фарзандонаш, ҳатто тифли ширхораи шашмоҳааш шаҳид шаванд, аммо таслими ситамгарон нашуд ва ба ҳамаи инсонҳо омӯхт иззат, дар роҳ ҳаққ будан аст ва шаҳодат дар роҳ ҳаққ, аз зиндагӣ дар роҳ ботил беҳтар аст. Ҳатто навҷавони Карбало, ҳазрат Қосим фарзанди имом Ҳасан гуфт: Агар бино бошад қудрат ва ҳукумат ба дасти ноаҳлон бошад, барои ман марг аз асал ширинтар аст.
Оре, зиндагӣ замоне ширин аст, ки раҳбар, қонун ва ахлоқи Илоҳӣ бошад.
Ҳазрати имом Ҳусейн дар рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррами соли 61 ҳиҷрӣ, 50 сол баъд аз реҳлаи Паёмбари Аъзам(с) бо ёрони бовафояш барои эҳёи амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва ислоҳи уммати ҷадди бузургвораш ба дасти язидиён ба шаҳодат расид. Дуруди Худо бар ӯ ва ёрони бовафояш бод!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст