Охирин ҷанге, ки мушрикон ва мухолифон суроғи Пайғамбари Аъзам(с) омаданд, ҷанги бисёр муҳимми Хандақ буд. Ҳамаи неруҳояшонро ҷамъ карданд ва аз дигарон ҳам кӯмак гирифтанд ва гуфтанд, ки меравем Муҳаммад ва дусад-сесад ё панҷсад нафар аз ёрони наздикашро мекушем, Мадинаро ғорат мекунем ва осуда бармегардем. Дигар асаре аз онҳо нахоҳад монд. Қабл аз он ки онҳо ба Мадина бирасанд, Пайғамбари Акрам(с) бохабар шуд ва он хандақи маъруфро канд. Як тарафи Мадина қобили нуфуз буд, аз ин рӯ дар он ҷо хандақе тақрибан ба паҳнои чиҳил метр канданд. Моҳи Рамазон буд. Тибқи баъзе ривоёт ҳаво бисёр сард буд. Он сол борандагӣ ҳам нашуда буд ва мардум даромаде надоштанд, аз ин рӯ мушкилоти фаровоне вуҷуд дошт. Бештар аз ҳама Пайғамбар(с) кор кард. Дар кандани хандақ ҳар ҷо хастаеро медид, ки наметавонад пеш биравад, мерафт кулангро аз ӯ мегирифт ва корро давом медод. Фақат бо дастур ҳузур надошт, балки бо тани худ дар миёни ҷамъият ҳузур дошт. Куффор то хандақ омаданд, аммо диданд наметавонанд нуфуз кунанд. Амр ибни Абдувуд қаҳрамони пуровозаи араб ба дасти тавонои амирулмӯъминин Алӣ ибни Абитолиб кушта шуд. Ин ҳодиса рӯҳияи кофиронро шикаст. Обу ғизо ва алафи асбу шутурашон тамом шуд. Худо бодро барои шикасти онҳо фиристод. Байни мушрикони араб ва Қурайш бо ҳампаймонони хоини яҳудии Мадина ихтилоф афтод ва боварии ду тараф ба ҳамдигар аз байн рафт. Шикасти сангин хӯрданд ва ноумеду ноком маҷбур шуданд баргарданд. Паёмбари Аъзам(с) фармуд: Тамом шуд, чун ин охирин ҳамлаи Қурайши Макка ба мо буд. Инак навбати мост, ки ба тарафи Макка ва ба суроғи онҳо биравем. (Барои имдоди Илоҳӣ ва вазъияти мусулмонон ва натиҷаи ин ҷанг ба сураи Аҳзоб муроҷеа шавад.)

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст