Ҳаводиси гузашта оинаи ибрате барои ояндагон аст то аз он ибрат бигиранд ва роҳи хатои рафтаро дубора такрор накунанд. Азамати ин воқеаҳо ҳам ба андозаи бузургии қаҳрамонон ва таъсири он аст. Яке аз муҳимтарин ва муассиртарин ҳодисаи таърихи инсоният беъсати паёмбарони Илоҳӣ(а) махсусан Паёмбари хотам(с) мебошад. Ин сафир ва намояндаи Худои Мутаол барои ҳидояти башар рисолати худро бо тавфиқи Илоҳӣ комил анҷом дод ва ҳуҷҷатро барои ҳама тамом кард. Дар ин амри муҳим ҳазрати хотам(с) номаҳое ба сарони кишварҳо фиристода ва онҳоро ба ҳақ даъват намудааст, ки барои ҳамеша ин даъват ва аксуламали сарон ва натиҷаи он ибратомӯз хоҳад буд. Яке аз ин номаҳо ба шоҳи Эрон буд, ки тақдими шумо мегардад. Ба умеди ин ки аз он ибрат бигирем.
Номаи Паёмбари Аъзам(с) ба Хусрав Парвиз подшоҳи Эрон, ки тавассути Абдуллоҳ ибни Ҳузофаи Саҳмӣ ба Хусрав расонда шуд, севумин номае аст, ки Табарӣ онро ин гуна гузориш кардааст:
Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим
Мин Муҳаммад расулиллоҳи ило Касро азимилфорс. Саломун ало маниттабаъалҳудо ва омана биллоҳи ва расулиҳи ва шаҳида ан ло илоҳа иллаллоҳ ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва анна Муҳаммадан абадуҳу ва расулуҳ. Адъука би дуоиллоҳ фа иннӣ расулуллоҳи иланноси коффатан ли унзира ман кона ҳайян ва яҳиққалқавлу алалкофирин. Фаслим таслам. Фа ин абайта фа инна исималмаҷуси алайк. (5)
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Аз Муҳаммад фиристодаи Худо ба Хусрав бузурги порсиён. Дуруд бар он ки пайрави ҳидоят ‏шавад ва ба Худо ва пайғамбари вай имон оварад ва шаҳодат диҳад, ки худое ҷуз Худои якто нест ва ин ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Худост. Ман Паёмбари Худо ба сӯи ҳамаи инсонҳо ҳастам то зиндагонро бим диҳам ва ваъдаи Худо дар бораи кофирон амалӣ хоҳад шуд. Ислом биёвар то солим бимонӣ ва агар сарпечӣ кунӣ гуноҳи маҷусон ба ӯҳдаи ту аст.
Таърихи Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим (Бейрут, доруттурос, 1378 ҳ), дар баёни воқеаҳои соли шашуми ҳиҷрӣ қамарӣ.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст