Бисмилоҳир раҳмонир раҳим

Номаи пандомези Имом Зайнулобидин(а) фарзанди Имом Ҳусейн(а) ба Муҳаммад ибни Муслими Зуҳарӣ

Умедворам Худованд мо ва туро аз гирифториҳо ҳифз кунад ва дар бораи дӯзах ба ту раҳм кунад.

Имрӯз ҳоли ту ба гунае шудааст, ки сазовор аст ҳар ки туро мешиносад бар ту раҳм кунад.

Бешак бори неъматҳои Илоҳӣ бар ту сангин шудааст, чунки ба ту тани солим ва умри дароз додааст ва далел ва ҳуҷҷатҳои Худованд бар ту тамом шудааст, ки туро ба анҷоми дастуроти Қуръон вазифадор карда ва тавассути он, фаҳми дин ба ту омӯхта ва туро бо рафтори Паёмбари худ ҳазрати Муҳаммад (с) ошно кардааст.

Пас барои ҳар неъмате, ки ба ту арзонӣ дошта ва дар ҳар далеле, ки онро бароят тамом карда аст вазифае ба ту додааст ва инҳо фақат барои ин аст, ки шукру сипоси туро имтиҳон кунад ва эҳсон ва бузургвории худро барои ту ошкор созад. Онҷо ки мефармояд: Агар шукр кунед ҳамоно шуморо зиёд мекунам, вале агар ношукрӣ кунед бешак азоби ман бисёр сахт аст.[1]

Пас хуб бияндеш барои фардо, дар он рӯзе, ки дар ҳузури Худо биистӣ ва аз неъматҳое, ки бар ту додааст бипурсад, ки чигуна истифода кардӣ?

Ва аз ҳуҷҷатҳои худ мепурсад, ки чигуна ҳаққашонро адо кардӣ? Дар он рӯз чигуна хоҳӣ буд (ва чӣ ҷавобе хоҳӣ дошт)?.

Мабодо фикр кунӣ, ки Худо узри туро бипазирад ва аз кутоҳӣ ва тақсири ту розӣ шавад!!

Ҳаргиз!! Ҳаргиз!! Ингуна нест! Чун дар китоби худ яъне Қуръони Ҳаким аз донишмандон паймон гирифтааст. Онгоҳ ки фармудааст: Бояд он (ҳақоиқи китоб) ро барои мардум хеле равшан баён кунед ва онро пинҳон накунед.[2]

Ва ту ба ин масъала диққат кун, ки бешак камтарин чизе, ки пинҳон кардаӣ ва сабуктарин боре, ки бар дӯш кашидаӣ ин аст, ки ҳамдами танҳоии ситамгар гаштаӣ ва бо наздик шудан ба ӯ ва қабули хостааш роҳи гумроҳиро барояш ҳамвор кардаӣ чиқадар метарсам, ки фардо ҳамроҳ бо хиёнаткорон гирифтори гуноҳи худ бошӣ ва аз даромаде, ки ба хотири ҳамкорӣ бо ситамгар гирд овардаӣ бозхост ва муохиза шавӣ, зеро ту молеро, ки ҳаққи ту набуд дарёфт кардаӣ ва ба фарде наздик шудаӣ, ки ҳаққи ҳеҷ касеро дар назар нагирифта ва ту низ ҳаром ва ботилеро, ки мебинӣ рад намекунӣ ва даъвати он касеро қабул кардаӣ, ки ба ҷанги бо Худо бархостааст.

Оё ҷуз ин аст, ки вақте туро фаро хонданд бо ин кор хостанд, ки туро меҳваре созанд, то осиёи ситамашон бар он меҳвар бичархад?!

Ва туро пуле созанд, то дар хилофкорияшон бар он убур кунанд?

Ва нардбони гумроҳии худ гардондаанд, то мубаллиғи гумроҳӣ ва пуяндаи роҳашон бошӣ?

Ва мехоҳанд ба воситаи ту шахсияти уламоро дар назари мардум машкук намоянд ва бо кӯмаки ту дили одамони нодонро ба тарафи худ ҷазб кунанд ва мутеъи худ созанд.

Ва ту ҳам онгуна бар фасоди он ҷамоат сарпуш ниҳодӣ ва ончунон рафтуомади омму хосси мардумро ба дарборашон маъмулӣ кардӣ, ки аз ӯҳдаи барҷастатарин вазиронашон ва қавитарин ёронашон ҳам барнамеомад.

Ваҳ, ки чӣ ночиз аст ончи ба ту додаанд дар ивази он чи, ки аз ту гирифтаанд.

Ва чи кам барои шахсияти ту амал кардаанд, то чи расад ба миқдори харобияшон бар ту.

Ба ҳоли худ андеша ва фикр кун, зеро ҳеҷ кас ҷуз худат ба он намеандешад ва ҳамчун як фарди масъул ба худат расидагӣ кун.

Ва бияндеш, ки шукронаи он касро, ки дар тули зиндагиат (аз хурдсолӣ то пирӣ) туро ғизо дод чигуна пос доштаӣ?

Чӣ қадар аз ин мавзӯъ дар ҳаросам, ки дар шумори ҷамоате бошӣ, ки Худованд дар китобаш фармудааст: Пас аз пайи онон (ки некон ва додгарон буданд) ояндагоне (бадкор) ҷонишин шуданд, ки китобро ба мерос бурданд, баҳраи нопойдори дунёро мегиранд ва мегӯянд, ки ба зудӣ моро биёмурзанд.[3]

Ту дар сарои ҷовидон ва ҳамешагӣ нестӣ, балки дар ҷаҳоне зиндагӣ дорӣ, ки дар он нидои куч кардан сар дода шудааст.

Магар зинда мондани одамӣ пас аз марги рафиқонаш чӣ қадар аст?

Хушо ба ҳоли касе, ки дар ин саро ҳаросону бимнок аст!

Ва бадо ба ҳоли касе, ки бимирад ва пас аз ӯ гуноҳонаш бимонад!

Ба ҳуш бош! Огоҳ ва бедор шав ва бишитоб, ки ҳануз фурсат дорӣ!

Ту бо касе муомила мекунӣ, ки холӣ аз ҷаҳл аст ва бешак он касе, ки муроқиби туст ғафлат надорад.

Муҳайё шав, ки сафаре дуру дароз дар пеш дорӣ, ки замонаш наздик шуда ва ба дармони гуноҳат бипардоз, ки ба ростӣ бемории сахте ба ӯ роҳ ёфтааст.

Мабодо фикр кунӣ, ки ман (бо ин суханон) қасд дорам туро саркуб намуда ва ё сарзаниш ва накуҳиш кунам.

На, ин тавр нест! Балки мехоҳам, ки Худованд андеша ва фикри табоҳшудаатро дубора ҷон диҳад ва дини фаромушшудаатро ба ту бозгардонад. Ва дар ин байн фармоиши Худованди Мутаолро дар китобаш ба ёд овардам, ки мефармояд: Ёдоварӣ кун ва панд деҳ, ки ёдоварӣ ва панд ба мӯъминон суд мерасонад.[4]

Ту панду андарзи куҳансолон ва наздикони гузаштаатро раҳо сохтӣ яъне дар фаҳм ва риояти он саҳлангорӣ кардӣ ва аз паси эшон ҳамчун гусфанди шохшикаста танҳо ба ҷой мондӣ.

Бубин оё эшон низ ҳамчун ту гирифтор шуданд?

Оё монанди ту дар ин дарра афтоданд?

Ё оё кори хайреро ба хотир дорӣ, ки дар он саҳлангорӣ карда бошанд? Ё чизе фаҳмидаӣ, ки онҳо аз он бехабар будаанд?

Балки танҳо фарқе, ки ту бо онҳо дорӣ таваҷҷӯҳ ва дил додани мардум аст, ки тан ба назари ту медиҳанд ва ба дастуроти ту ҷомаи амал мепушонанд.

Агар ҳалол донӣ ҷоиз медонанд ва чунончи ҳаром шуморӣ номашруъ ва ҳаром донанд, дар ҳоле ки ин ҳаққи ту нест.

Аммо ончи сабаби пирузӣ ва ғалабаи эшон ба ту шуда иборат аст аз чашм доштан ва орзуяшон ба дунёят сипарӣ шудани аҳли илмашон ва ғолиб шудани нодонӣ бар ту ва онҳо ва дӯст доштани раёсат ва дунёпарастӣ аз ҷониби ту ва онҳо.

Оё ту аз ҷаҳл ва ғафлате, ки дар он ҳастӣ хабар дорӣ? Ва бало ва гирифтории мардумро мебинӣ, ки ту ба онҳо бало расондӣ ва онҳоро гирифтор кардӣ?

Чунки онҳо ҷойгоҳ ва мақоми туро диданд (ва ба орзуи инки мисли ту шаванд) даст аз кор кашиданд ва мурғи ҷонашон ба шавқи расидан ба мақоми илмиат ва ба даст овардани ончи ту ба даст овардӣ пар кашид. Ва аз ҷониби ту ба дарёи бисёр амиқ ва бетаҳ афтоданд ва гирифтори балои беҳадду андоза шуданд, ки умедворам Худо ба доди мо ва ту бирасад.

Аммо баъд пас акнун аз ҳар чи дар он ҳастӣ парҳез кун, то ба афроди шоиста ва солеҳ мулҳақ шавӣ. Онон, ки дар либосҳои куҳна ва пусидаашон дафн шуданд, дар ҳоле ки (аз шиддати гуруснагӣ) шикамашон ба пушташон часпида буд на миёни онон ва Худо пардае буд ва на сарои дунё тавонист ононро фиреб диҳад ва эшон ҳам фиреб нахурданд. Муштоқ шуданд ва талаб карданд ва дере напоид, ки ба ончи мехостанд пайвастанд ва расиданд.

Пас чунончи сарои дунё, то ин ҳад мерасад, ки рӯзи баъд монанди туро бо ин ки синни ту зиёд ва донишат устувор аст ва умрат ба сар омада пойбандат намояд ва худро дар дилат ҷой кунад пас дигар он навҷавоне, ки илмаш дучори нодонӣ ва андешааш дастхуши сустӣ аст ва ақлаш нопухта аст чӣ кунад? (ва дигар аз ӯ чӣ интизоре бояд дошт?) Дигар ба чӣ касе бояд эътимод кард? Ва гила ва шикоятро назди чӣ касе бояд бурд?

Мо шикояти дарду андуҳамон ва ончиро дар ту мебинем ба Худо мебарем ва он мусибате, ки аз ҷониби ту ба мо расида ба ҳисоби Худо мегузорем.

Ва бияндеш шукронаи касеро, ки дар тули зиндагиат аз хурдсолӣ то пирӣ туро таом додааст чигуна пос доштаӣ?

Ва ба Худое, ки дар партави дини худ туро обруманд сохта чигуна эҳтиром мекунӣ?

Ва ҷомаи он касеро, ки бо он дар байни мардум обрумандат сохта чигуна ҳифз мекунӣ?

Ва наздикӣ ва дуриат бо касе, ки туро фармон дода бо ҳолати фурутанӣ ба ӯ наздик шавӣ чигуна мебошад?

Туро чӣ шудааст, ки аз ин хоб бедор намешавӣ? Ва аз лағзишат бознамегардӣ?

Бо инки изҳор дорӣ, ки ба Худо савганди ман ҳеҷгоҳ барои эҳёи дини Худо ё дар табоҳ сохтани ботил қиём накардам. Пас ин аст шукр ва қадрдониат аз касе, ки ҳоҷатҳои туро баровардааст?

Метарсам ва дар ҳаросам, ки мабодо машмули ин оя дар Қуръон гардӣ, ки Худованд мефармояд: Намозро фуру гузоштанд (яъне саҳлангорӣ карданд) ва аз ҳавасҳо ва орзуҳои дил пайравӣ карданд. Пас ба зудӣ сазои гумроҳии худро мебинанд.[5]

Худованд масъулияти китоби худ (Қуръон)ро ба ӯҳдаи ту ниҳода ва илми онро ба ту супурда ва ту ҳардуро табоҳ сохтӣ. Пас он Худоеро ҳамд мегӯям, ки моро аз ончи туро гирифтор сохта ҳифз намуд.

Вассалом[6]

 


[1]Иброҳим 7

[2]Оли Имрон 187

[3]Аъроф 169

[4]Зориёт 55

[5]Марям 59

[6]Тарҷумаи Туҳафул уқул, саҳ.254,

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст