Дин ба маънои фикру ақида ва роҳу равиш аст. Хоҳ роҳи ҳақ бошад ё роҳи ботил. Қуръон ба бутпарастон мегӯяд: Барои шумо динатон ва барои ман динам. Сураи Кофирун, ояти 6
Бино бар ин ҳар кас роҳу равиш ва одобу русуми ӯ дини ӯст. Муҳим ин аст, ки ба сӯроғи роҳ ва дини ҳақ биравем.
Нишонаҳои дини ҳақ
1. Бо ақл созгор бошад.
Бутпарастон муҷассамаҳоеро аз сангу чӯб метарошиданд ва дар баробари он ибодат мекарданд. Қуръон мефармояд: Ин кори шумо бар хилофи ақл аст. Оё чизеро мепарастед, ки худ сохтаед? Сураи Соффот, ояти 95.
Мумкин аст, ки роҳ каҷ ва инҳирофиро ниёгони мо низ рафта бошанд, вале мо набояд он роҳро биравем, чунонки бутпарастон онро далел меоварданд: Мо ниёгони худро дар роҳи бутпарастӣ ёфтаем. Сураи Зухруф, ояти 23
2. Дини ҳақ он аст, ки аз тарафи офаридагор бошад на дигарон.
Ба ин мисол диққат кунед: ҳар дастгоҳ ва василаи муҳимме, ки сохта ва ба бозор ворид миешавад, маъмулан як дафтарчаи роҳнамо дорад, ки равиши истифода аз онро баён кардааст. Инсон офаридаи Худо аст ва дафтарчаи роҳнамо дорад, ки Худованд онро ба сурати китоби осмонӣ фиристодааст. Ҳамонгуна ки дафтарчаи роҳнимои маҳсулотро касе менависад, ки он маҳсулро тарроҳӣ карда ва сохтааст, барномаҳои зиндагии моро ҳам бояд касе бидиҳад, ки моро офарида ва аз ниёзҳои мо огоҳ аст ва тавони таъимини онро дорад.
3. Дар мавриди тамоми ниёзҳои инсон барнома дошта бошад нисбат ба ҷисму рӯҳ, дунё ва охират, фарду ҷомеа.
4. Амал ба он сабаби рушду бартарии инсон бошад ва гузашти замон онро кӯҳна накунад ва дастуроташ ҳамеша тоза ва ҷаззоб бошад.
Дастуроти динӣ мисли бандагии Худо, итоат аз афроди пок, диққат ба ҳаққи мардум, тағзияи солим, назофат, таҳсилу кор, эҳтиром ба дигарон ва кӯмак ба мустамандон, ки ҳеҷ як аз ин дастурот барои замон ва макони махсусе нест, балки ҳамеша ва дар ҳар замон ва макон зинда аст.
Сухани ҳамеша зиндаи Имом Ҳусейн (Дуруди Худо бар ӯ бод), ки фармуд: «Ҳайҳот минназзилат» ҳаргиз зери бори зиллат намеравам ҳарчанд худ ва фарзандонам шаҳид шавем. Ин шиор дар ҳамаи маконҳо ва замонҳо ва барои ҳамаи инсонҳо зебоӣ дорад ва кӯҳна намешавад.
Оре, ташаккур аз Худо, ки дар намоз аст,
чашидани гуруснагӣ ва ёди гуруснагон, ки дар рӯза аст,
дифоъ аз молу ҷон ва дин, ки дар ҷиҳод аст,
кӯмак ба маҳрумон, ки дар закот ва садақаҳо аст,
даъвати мардум ба некиҳо ва талош барои наҷоти дигарон аз олудагиҳо ва зиштиҳо, ки дар амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аст,
супориш ба назофат, ки дар вузӯ ва ғусл ва гирифтани нохуну оростани сару сурат аст,
супориш ба риояти адаб ва салом кардан ва бе даъват ҷое нарафтан ва эҳтиром ба падару модар ва муаллимону хешу табор ва вафои ба аҳд, ки дар барномаҳои динӣ аст ва ҳазорон барномаи дигар, ки ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешавад ва ҳамчун хуршед дар осмони дин медурахшад ва ба ҳама неруи маънавӣ медиҳад.
Касоне, ки аз барномаҳои динӣ истифода намекунанд ва аз дини устувор баҳра намегиранд ду роҳ бештар надоранд:
1. Ё ба салиқа ва фикри худ амал мекунанд, ки дер ё зуд пушаймон мешаванд.
2. Ё ба қавонини башарӣ такя мекунанд, ки бархоста аз фикри инсонҳои маҳдуд ё касоне аст, ки таҳти нуфузи ҳавасҳо ё ситамгарон ҳастанд.
Имрӯза муҳимтарин маҳалли расидагӣ ба ҳуқуқи башар созмони милал аст, вале бархе кишварҳо барои худ ҳаққи вету гузоштаанд, яъне агар тамоми намояндагони кишварҳои дунё тасмиме бигиранд, онҳо метавонанд як тарафа онро лағв ва бекор кунанд. Ин симои ҳуқуқи башар дар замон мост.
Аммо дар Қуръон мехонем, ки қонун ҳаққи Худост ва ҳатто паёмбар ҳақ надорад, ки калимҳое аз сӯи худ ба он нисбат диҳад ва агар чунин кунад, Худованд раги ҳаёти ӯро қатъ мекунад.» Сураи Ҳоққа, оёти 44-46
Оре, ҳамонгуна ки бемор барои касби саломатӣ худро таслими дастуроти пизишк мекунад ва ҳамонгуна ки мо мошини худро барои таъмир дар ихтиёри механик мегузорем, барои расидан ба хушбахтӣ бояд худро дар ихтиёри дастуроти Худо қарор диҳем.
Худованде, ки ҳазорон-ҳазор баробар аз пизишк ва механик огоҳтар ва ба инсон меҳрубонтар аст, танҳо ӯ медонад инсон чӣ мавҷуде аст ва чӣ дастури ба нафъи ӯст, ки онро воҷиб ё мустаҳаб кардааст ва чӣ чизе ба зарари ӯст, ки онро ҳаром ё макрӯҳ кардааст.
Худованд илова бар фиристодани китоби роҳнамо, дасти башарро дар дасти паёмбарон ва пешвоёни пок ва олимони одил гузоштааст.
Дин чист?
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 9504