Дар низоми тарбиятии ислом баҳси аҳдоф аз калидитарин мабоҳис буда ва ҷойгоҳи муҳимме дар он дорад чаро, ки бидуни доштани ҳадаф ва таъйини он, имкони барномарезӣ ва низ арзёби фаолиятҳои тарбияти ба осони мумкин нест. Дар тарбияти фарзандон он ҳам дар ҷомеаи исломӣ, доштани ҳадафҳои илоҳӣ басе муҳим ва таъйинкунанда аст.
Акнун савол ин аст, ки дар низоми тарбиятии ислом ҳадаф аз тарбият чӣ бояд бошад? Оё ҳадаф танҳо тавлиди насл ва афзудан бар аъзои ҷомеа аст? Оё ҳадаф танҳо парвариши фарзанди солим аст? Оё ҳадаф тарбияти неруи инсони барои идома додани ҷомеаи исломӣ ва ба анҷом расонидани корҳо аст? Ва ё инки илова бар инҳо, аҳдофи муҳиммтар ва муқаддастаре вуҷуд дорад? Ва билохира аз дидгоҳи ҳазрати Алӣ(к) ҳадаф аз доштани фарзанд ва тарбият он чист?
Бо нигоҳе ба дидгоҳҳо ва сираи тарбиятии ҳазрати Алӣ(к) ошкор мешавад, ки дар низоми тарбияти исломӣ ҳадафи ниҳои аз тарбият, расидани фарзанд ба мақоми итоат ва убудияти илоҳӣ аст, ҳадафи ниҳоӣ, тарбият инсоне аст, ки мутеи Парвардигор ва таслим ӯ бошад. Ҳазрати Алӣ(к) дар зимни ҳадиси пеш аз таваллуди фарзанд, ҳадафи ниҳои аз тарбиятро ба таври мустақим баён намуда ва ба рости он ҳазрат дар тарбияти хеш бадин ҳадаф таҳаққуқ бахшида аст ва фарзандони худро бо таваҷҷуҳ ба он, тарбият намудаанд. Ибни Шаҳрошуб аз он ҳазрат нақл мекунад, ки фармуд : «Ман аз Худованди хеш талаби фарзандони зебо чеҳра ва некуқомат накардаам, балки аз Парвардигорам хостаам то фарзандонам мутиъи ӯ бошанд ва аз ӯ битарсанд то инки вақте бо ин сифатҳо ба онҳо назар афканам мояи чашм равшани ман бошанд .»
Худовандо ба ҳамаи мо фарзандони солеҳ , солим ва мутии худат ато бифармо!