Чаро аз фарзандони ҳазрати Одам(а) танҳо аз Ҳобил ва Қобил дар Қуръони Карим ном бурда шудааст?
Дар ҷавоб ба чанд нукта ишора мекунем:
Аммо инки чаро танҳо номи Ҳобил ва Қобил дар Қуръон омада аст иллаташ ин аст, ки он ду нафар дар замони озмоиши илоҳӣ ду навъ амали гуногун аз худ буруз доданд ба таври яқин вуқӯи даргирӣ ва падид овардани ду амали шоиста ва ношоиста миёни онон сабаб гардида аст, ки Худованд ин дуро ба унвони ду навъ улгу ба инсонҳо муаррифи бикунад яъне вақте, ки Қобил ба ҷиҳат ҳасад ва омили мушобеҳи он натавонист дар он озмоиши илоҳӣ сарбаланд берун биёяд ва дасти худро ба хуни бародари худ Ҳобил олуда сохт Худованд мефармояд:
فَطَوَّعَتْ لَهُ نَفْسُهُ قَتْلَ أَخِيهِ فَقَتَلَهُ فَأَصْبَحَ مِنَ اَلْخاسِرِينَ
“Ҳавои нафс ӯро ба куштани бародари худ тарғиб намуд ва ӯро кушт ва аз зиёнкорон гардид», (Сураи Моида, ояти 30).
Бинобарин зикри номи ин ду нафар дар Қуръон ба ҷиҳате буд, ки баён кардем ва лизо ин мунофоте надорад, ки ҳазрати Одам(а) фарзандони зиёде дошта бошад.