Ҳазрати Нӯҳ(а) аввалин пайғамбар аз миёни пайғамбарони улул азм аст. Пайғамбарони улул азм иборатанд аз: Ҳазрати Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва Пайғамбари Акрам(с).

Вижагии пайғамбарони улул азм ин буда аст, ки ҳамроҳи худ шариати тозае бо худ меовардаанд. Аз ин рӯ, нахустин шариатро ҳазрат Нӯҳ(а) барои мардуми даврони хеш овардааст дар ояти 13 аз сура Шуро мехонем.

«شرع لكم من الدين ما وصي به نوحا و الذي اوحينا اليك و ما وصينا به ابراهيم و موسي وعيسي»

“Оине барои шумо ташреъ кард, ки ба Нӯҳ тавсия карда буд ончиро бар ту фиристодем ва бар Иброҳим ва Мӯсо ва Исо супориш намудем”.

Аз оёти Қуръони Карим истифода мешавад, ки мӯҳтавои шариат ва дини ҳазрати Нӯҳ(а), даъвати мардум ба тавҳид(яъне Худоро яке донистан) ва таслим дар баробари Худованд, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, мусовот ва адолат, ростгӯӣ ва вафои ба аҳд наҳй аз ширк ва олудагӣ ба фавоҳиш ва мункирот будааст.

Ҳазрати Нӯҳ(а), дорои китоби осмони низ будааст ин китоб номи хоссе надошта аст балки ба номи «китоби Нӯҳ(а)» маъруф буда аст ва номида мешудааст. Ба фармуда яке аз муфассирон мақсуд аз «алкитоб» дар ояти 213 сураи Бақара, ки мефармояд:

« كان الناس امة واحدة فبعث الله النبيين مبشرين و منذرين و انزل معهم الكتاب بالحق ليحكم بين الناس فيما اختلفوا فيه » китоби ҳазрати Нӯҳ(а) аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст