Шахсе омад ҳузури Расули Акрам(с) ва аз ҳамсояаш шикоят кард, ки маро озору азият мекунад ва оромишу осоиши маро баҳам задааст.

Расули Акрам(с) фармуд: Сабр кун ва сару садо алайҳи ҳамсояат роҳ наандоз, шояд равиши худро тағйир диҳад.

Баъди чанде бори дуюм омад ва шикоят кард. Ин дафъа низ Расули Акрам(с)

фармуд: Таҳаммул кун!

Бори сеюм омад ва гуфт: Эй Расули Худо(с) ин ҳамсояи ман, даст аз равиши хеш намебардорад ва ҳамон тавр ману хонаводаамро нороҳат мекунад.

Ин дафъа Расули Акрам(с) ба ӯ фармуд: Рӯзи ҷумъа, ки расид, бирав ашёи хонаатро берун биёвар ва сари роҳи мардуми раҳгузар қарор бидеҳ, то онҳо бубинанд. Мардум аз ту мепурсанд, чаро ашёи хонаат ин ҷо рехтааст? Бигӯ, аз дасти ҳамсояи бад ва шикояти ӯро ба ҳамаи мардум бигӯ!

Шикояткунанда ҳамин корро кард. Ҳамсояи мардумозор, ки гумон мекард, Паёмбар(с) барои ҳамеша дастури сабру бурдборӣ медиҳад, намедонист, онҷо ки пои дафъи зулм ва дифоъ аз ҳайсият ва ҳуқуқ ба миён ояд, ислом эҳтироме барои мутаҷовиз қоил нест. Ба ҳамин ҷиҳат, ҳамин ки аз мавзӯъ бохабар шуд, ба илтимос афтод ва хоҳиш кард, ки он мард асбобу ашёи хонаашро ба манзил баргардонад ва дар ҳамон ҷо ваъда дод, ки дигар ӯро озору азият накунад.

(Достони ростон, Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Tojikon.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст