Дар мавриди уруҷи инсон ба осмон саволот ва ибҳомоти фаровоне вуҷуд дорад, албатта ин саволот бештар дар бораи теъдоде аз паёмбарони илоҳи матраҳ аст не афроди одди. Дар ин мақола ба бархе аз онҳо ишора мекунем:

Уруҷи ҳазрати Исо(с) чигуна буда аст? Оё бо ҷисм модди ба осмон рафта аст ё руҳи ӯ низ рафта аст? Агар фақат руҳи он ҳазрат рафта, ҷисми вай куҷост? Ва агар бо ҷисмаш рафта чигуна тағзия мешавад ва ҳамчунин масоиле ки ҷисм ба он ниёз дорад яъне ҷанбаҳои ҷисмонии ҳаёти он ҳазрат чигуна таъмин мешавад? Оё ғайр аз ҳазрати Исо(а) паёмбарони дигаре ҳам ҳастанд, ки ба ҳамин шакл уруҷ карда ва дар ҳоли ҳозир зинда бошанд? Ва агар паёмбароне зинда ҳастанд чи замоне ба замн бармегарданд? .... ҷавоб медиҳем

Ҳақиқати инсон

Калимаҳои “вафот” ва “таваффо” яъне тамом ва камоли дарёфт кардани ва тамом ва камол тавассути фариштагони илоҳӣ дарёфт шудан аст, ба ин далел ки ҳақиқати инсон тамом ва камол ба руҳаш мулҳақ мешавад. Вожаи “вафо” ҳам аз ҳамин калима аст яъне пур ва тамом гирифтан. Қуръон ба қабзи руҳ таваффо мегуяд аммо калимаи фавт барои қабзи руҳ дар Қуръон ба кор нарафта аст балки барои мавориди дигаре ба кор меравад. Аз калимаи таваффо метавон истифоад кард ки руҳи инсон боқи ва муҷаррад аст.

Бо ин масъала чунин истидлол мешавад, ки агар инсон тамом ва камол дарёфт мешавда ва ҷисмаш инҷо мемонад пас, ҳақиқати инсон руҳ аст ва руҳ ҳам аз байн намеравад ва боқи мемонад. Дар Қуръон оёти фаровоне ҳаст ки ба калимаи таваффо ишора ва таваффо ки ҳамон қабзи руҳ астро ба ҳамаи инсонҳо нисбат дода аст.

Агар бигуем таваффо нисбат ба ҳазрати Исо(а) ба ҳамин маъност ки дигар ихтисос додани ишон ба зикр тавассути оят маъно надорад дар ҳоле ки Қуръон ҳазрати Исо(а)ро ихтисос ба зикр дода аст.

Бинобар назари муфассирин аз ҷумла алома Таботабои ин аст ки ҳазрати Исо(а) руҳу ҷисмаш ҳар ду таваффо шуд яъне бо тамоми вуҷудаш ба осмон рафт ва таваффо яъне гирифта шуд, не таваффо ба маънои мусталаҳаш дар Қуръон омада аст.

Пас ҳазрати Исо(а) ба тамом ва камол ҳам руҳ ва ҳам ҷисмаш дарёфт шуд ва ба осмон рафт ва дар онҷост ва баъдан дар замони муқаррар ба замин хоҳад омад. Пас дар воқеъ таваффои ҳазрати Исо(а) ба маънои уруҷи он ҳазрат ҳам бо руҳ ва ҳам бо ҷисм аст.

Дар мавриди кайфияти таъмини ниёзҳои модди ва ҷисми ишон бояд гуфт он Худое ки тавонист ҳазрати Исо(а)ро бидуни падар халқ кунад, метавонад зиндагиаш дар осмонҳоро бидуни ниёз ба масоиле ки гуфта шуд идора кунад ва ҳеҷ мушкиле ҳам пеш наёяд агарчи ҷузиёташ барои мо равшан нест зеро дар ривоёт ба он ишора нашуда аст.

Уруҷи дигар анбиё

Дар Қуръон ояте роҷеъ ба ҳазрати Идрис(а) ҳаст ки мефармояд:  "ور فعناه مکاناً علیاً" агар чи дар бораи ин оят қавлҳои мухталифе баён шуда аммо як қавл ин аст ки ишон ҳам ба осмон рафта аст. Албатта қавли маъруф ин аст ки манзур мақом аст яъне мақомаш боло рафт. Ин рафъат, рафъати мақомист не рафъати ҷисми ва вуҷуди.

Бар ҳасаби қавли аввал ки гуфтаанд ки ҳазрати Идрис(а) ҳам дар осмонҳо аст.

Дар мавриди ҳазрати Илёс(а) низ ихтилоф ҳаст, бархе гуфтаанд дар осмонҳост албатта далела ҳам бар ин матлаб надоранд, на далели ақли ва не далели ақли вуҷуд дорад ва не далели нақли, ҷуз инки иддаои кашфу шуҳуд шуда бошад ки шуҳуди ингуна маворид қобили қабул нест.

Ҳазрати Хизр(а) машҳур ба зинда будан аст ва ҳазрати Илёс(а) ҳам бар ҳасаби қавле зинда ҳастанд. Ҳазрати Исо(а) ҳам ки дар бораи ишон баҳсҳои муфассале вуҷуд дорад.

Хулоса

Ҳақиқати инсон руҳ аст ва руҳ низ аз байн намеравад ва боқи мемонад. Ҳазрати Исо(а) ба тамом ва камол ҳамр руҳ ва ҳам ҷисмаш дарёфт шуд ва ба осмон рафт ва дар онҷост ва ҳама ниёзҳои модди ва ғайри модди ишон таъмин мешавад агар чи ҷузиёти он барои мо равшан нест.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст