Мутаасифона яке аз бемориҳои ҷомеаҳои мазҳабӣ ривоҷи такфири мухолифони фикрӣ аст. Ин беморӣ достони дарозе дорад ва умуман дар муҳитҳое, ки рушд наёфтанд ва истибоди фикрӣ ҳоким аст ба вуҷуд меоянд. Вақте таҳаммулпазирии ақида дар афрод кам мешавад ва

ҳар фикри мухолиферо ба ҳисоби зиддият бо дин ва шариат мегузоранд ва гурӯҳе фикр мекунанд, ки фақат ақида ва андешаи дурусту бартар ва муқаддас аз они онҳост ва касоне, ки бо онҳо ҳамроҳ ва ҳамфикр нестанд маҳкум ва матруд мебошанд тафаккури такфирӣ пайдо мешавад ва рушд мекунад. Дар ҳоле ки куфр таърифи махсус дорад ва ҳар инкор ва нафйи ақидае ба маънои ботил донистани Ислом ва имон нест.

Албатта табиӣ аст, ки ҳар касе назар ва ақидаи худро ҳақ ва дуруст бидонад, аммо бояд ин эҳтимолро бидиҳад, ки дигарон дар бораи ӯ ва ақидааш ингуна фикр намекунанд ва бар асоси санад ва бурҳон ба натиҷае, ки ӯ расидааст нарасидаанд. Агар касе мехоҳад, ки ба шаффофияти ҳақиқат кӯмак кунад танҳо роҳаш баён ва равшангарӣ ва нишон додани ҷойҳои хатои як фикр аст на такфир ва тард кардани афроди муътақид ба он ақида.

Агар касе бихоҳад мухолифони худро бо нисбат додани масоили эҳсосотбарангез- ки ҳамеша ҳам коромад нест – дар пеши авом муттаҳам кунад ва шикаст диҳад мумкин аст муддати каме таъсир гузорад, вале ҳамеша давом намекунад ва дер намепояд. Баръакс дар ин сурат агар ақидаи ҳақ ҳам дошта бошад ба хотири шеваи ғалат сухани ҳаққаш ҳам аз равнақ ва эътибор меафтад. Ҳазрати Ҳодӣ(а) мефармояд: Чӣ басо ситамкори бурдбор, ки ба хотири бурдбориаш бар мардум авф шавад, дар ҳоле ки ҳақдони нодон бо нафаҳмиаш (бо шеваи ғалате, ки аз ҳақ дифоъ мекунад) нури ҳақро хомӯш мекунад.[1]

Аз тарафи дигар ин равиш сабаби даргирӣ, дудастагӣ ва ривоҷи таассуби куркурона ва муҳаббату кинаи нодуруст ва тақсимбандиҳои беасос ва нисбатҳои нораво ба ҳам мешавад. Натиҷаи ин равиш ба вуҷуд омадани истибдоду хафақон ва таҳаммулнопазирии ақоиди дигарон аст, ки ба манфиати ҳеҷ донишманд ва соҳибназаре нест ва рӯҳияи таҳқиқу хирадварзӣ ва огоҳиро аз байн мебарад.

Дар Қуръони Ҳаким аз ин бемории хатарнок хеле зиёд мазаммат шудааст. Худои Мутаол мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِذَا ضَرَبْتُمْ فِي سَبِيلِ اللّهِ فَتَبَيَّنُواْ وَلاَ تَقُولُواْ لِمَنْ أَلْقَى إِلَيْكُمُ السَّلاَمَ لَسْتَ مُؤْمِنًا تَبْتَغُونَ عَرَضَ الْحَيوةِ الدُّنْيَا فَعِندَ اللّهِ مَغَانِمُ كَثِيرَةٌ كَذَلِكَ كُنتُم مِّن قَبْلُ فَمَنَّ اللّهُ عَلَيْكُمْ فَتَبَيَّنُواْ إِنَّ اللّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًا   [2]

Эй касоне, ки имон овардед, ҳангоме ки дар роҳи Худо қадам мезанед (ва ба сафари ҷиҳод меравед) таҳқиқ ва баррасӣ кунед! Ва ба хотири ин ки сармояи нопойдори дунё (ва ғаниматҳое) ба даст оваред, ба касе, ки изҳори сулҳу Ислом мекунад нагӯед: Ту мӯъмин нестӣ. Зеро ғаниматҳои фаровоне (барои шумо) назди Худост. Шумо худатон пеш аз ин чунин будед. (Фақат ба забон мегуфтед) ва Худованд бар шумо миннат гузошт (ва шумо ҳидоят шудед). Пас (ба шукронаи ин неъмати бузург) таҳқиқ кунед. Дар ҳақиқат Худованд ба ончӣ анҷом медиҳед бохабар аст.

Дар сабаби нозил шудани ин ояти шариф омадааст: Расули Худо(с) гурӯҳе аз мусулмононро ба фармондеҳии Ғолиб ибни Фазолаи Лайсӣ ба сӯи сокинони Фадак фиристод. Ҳамаи он гурӯҳ ғайр аз Мирдос, ки мусулмон шуда буд гурехтанд. Мирдос боварӣ дошт, ки ба хотири ин ки мусулмон шудааст дар амон мемонад. Бо гӯсфандонаш ба кӯҳ паноҳ бурд. Ва чун бо лашкар бархурд кард, ки такбир мегуфтанд ӯ ҳам такбиргӯён поин омад ва гуфт: Ло илоҳа илло Аллоҳ Муҳаммадун Расулуллоҳ. Салом бар шумо бод. Усома ибни Зайд ӯро кушт ва гӯсфандонашро ғанимат гирифт. Ин хабар ба Паёмбари Аъзам(с) расид. Он ҳазрати хеле нороҳат шуданд ва фармуданд: Ӯро барои гӯсфандоне, ки бо худ дошт куштед. Онгоҳ ин оятро барои Усома хонд. Усома гуфт: Эй Расули Худо, барои ман талаби мағфират кун. Ҳазрати Расул фармуд: Пас бо  “Ло илоҳа илло Аллоҳ” чӣ кор мекунӣ? Усома мегӯяд: Он ҳазрат доим ин ҷумларо такрор мекард то ин ки ман орзу мекардам пеш аз он рӯз мусулмон нашуда будам. Баъд барои ман омурзиш хост ва фармуд: Як ғулом озод кун.[3]

 

Аз назари бузургон ва пешвоёни дин ҳам такфири мусулмонон ва хатари он гӯшзад ва маззамат шудааст. Ҳазрати Содиқ(а) мефармояд: Малъун аст, малъун аст касе, ки мӯъминеро такфир кунад. Ва касе, ки мӯъминеро ба куфр нисбат диҳад мисли ин аст, ки ӯро куштааст.[4]

Ҳазрати Алӣ(к) ҳеҷ гоҳ мухолифони худро – ҳатто касонеро, ки ошкоро ҳазратро носазо мегуфтанд ва бо ҳазрат ҷангиданд[5]- такфир ва муттаҳам ба куфр ва монанди он накарданд ва аз ин равиш барои муқобила бо мухолифон истифода нанамуданд. Ҳазрати Боқир(а) дар ин бора мефармояд: Ҳазрати Алӣ ҳеҷ як аз касонеро, ки бо ӯ ҷангиданд ба ширку нифоқ муттаҳам накард ва ононро такфир накард, балки мегуфт: Онҳо бародарони мо ҳастанд, ки ба мо ситам карданд.[6]

Аз байн бурдани фарҳанги такфир дар ҷомеаи динӣ ба маънои таваҷҷӯҳ ба озодии андеша ва баён аст. Соҳибони қудрат дар тӯли таърихи ситамҳои худ мубориза бо донишмандонро бо такфири онҳо оғоз кардаанд ва ҳамеша аз ин равиш барои маҳдуд кардани нашри фикру озодӣ истифода намудаанд. Аз ин рӯ ҳамеша теъдоде аз олимони худфурӯхтаи ҳамроҳи зурдорони ҳоким, назарияи хушунат, бархурд ва такфирро ақлонӣ ва динӣ ҷилва додаанд. Мубориза бо ин равиш сабаби рушди фикр, шаффофияти ҳақиқат, ободӣ ва оромиши ҷомеа мешавад. Дар ин сурат роҳи гуфтугӯ ва арзёбии назарияҳо ва нақду пазириши беҳтарини он боз мешавад.

Худои Мутаол дар Қуръони Ҳаким мефармояд:

فَبَشِّرْ عِبَادِ الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ أُوْلَئِكَ الَّذِينَ هَدَاهُمُ اللَّهُ وَأُوْلَئِكَ هُمْ أُوْلُوا الْأَلْبَابِ[7]

Пас бандагони маро башорат деҳ! Касоне, ки суханонро мешунаванд ва аз беҳтарини онҳо пайравӣ мекунанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон кардааст ва онҳо хирадмандони воқеӣ ҳастанд.

Дар баёни аҳаммияти диққат дар изҳори назари афрод Паёмбари Аъзам(с) мефармояд: Ду чиз хеле шигифтангез аст; сухани ҳакимонае, ки аз сафиҳ шунида мешавад пас онро бипазиред. Ва сухани сафиҳонае, ки аз ҳакиме шунида мешавад пас аз он чашмпӯшӣ кунед.[8]

Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: Ҳар кас бо афкори гуногун рӯбарӯ шавад мавориди иштибоҳ ва хатои ҳар кореро мешиносад.[9] Ҳамчунин ҳазрат фармуд: Бархе афкор ва назарҳоро ба бархе арза кунед ва онҳоро канори ҳам бигузоред, чунки фикри дуруст ингуна ба даст меояд.[10]

Аз Худои Ҳаким мехоҳем, ки мусулмононро аз ин хатар дар паноҳи худаш ҳифз кунад ва ба мо таҳаммули шунидани суханони мухталиф, тавфиқи фаҳми дуруст ва интихоби беҳтарини онро иноят намояд ва дар дунё ва охират дар миёни саодатмандон қарор диҳад.

[1] Туҳафулуқул, саҳ.358

[2] Сураи Нисо(4), ояти 94

[3] Тафсири Кашшофи Ҷоруллоҳ Замахшарӣ, ҷ.1, зайли ояти 94 сураи Нисо

[4] Сафина, зери калимаи куфр

[5] Барои огоҳии бештар ба китобҳои таърихӣ дар бораи ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон муроҷеа шавад.

[6] Васоил, ҷ.15, саҳ.83

[7] Сураи Зумар(39), ояти 17-18

[8] Биҳор, ҷ.2, саҳ.96, ҳадиси 40

[9] Алҳаёт, ҷ. 1, саҳ.287

[10] Алҳаёт, ҷ. 1, саҳ.287

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст