Инҷил китоби ҳазрати Исо(а) аст ки онро аз тарафи Худованд оварда буд. Имрӯза инҷиле ки дар дасти масеҳият вуҷуд дорад он инҷили ҳазрати Исо(а) нест ва Қуръони Карим инҷилеро қабул дорад, ки аз тарафи Худо бар ҳазрати Исо(а) ваҳй шуда аст ва на инҷилҳое, ки баъда аз ҳазрати Исо(а) навишта шуда бошад.
Инҷилҳои имрӯза назди масеҳият чортост:
1.Инҷили Мато, ки аз ҳамаи инҷил қадимитар ва ба си сол баъд аз Исо(а) дар Уршалим ба забони ибри (исроили) навишта шуда аст.
2. Инҷили Мирқис пас аз Мато ба забони юнони навишта шуд.
3. Инҷили Луқо севумин инҷил аст, ки пас аз он ду инҷил навишта шуд.
4. Инҷили Юҳанно шаст сол пас аз Исо(а) навишта шуд.
Ин чор Инҷилро масеҳиён муътабар медонанд ва мегуянд руҳул амин Ҷабраил инҳоро ба нависандагонаш ваҳй кард.
Се Инҷил Матову Мирқису Луқо ҳар як шарҳи мухтасаре аз зиндагони ва таълимот ва маргу қиёми ҳазрати Исо(а)ро доранд вале Инҷили Юҳанно мухтасаре аз иттифоқоти муҳим марбут ба зиндагии ҳазрати Исо(а)ро дорад ба изофаи таълимоти руҳони ва авомири ӯ ки дар дигар Инҷилҳо бадон таваҷуҳ нашуда аст.
Инҷили Юҳанно, ки 60 сол баъд аз уруҷи ҳазрати Исо(а) ба осмон навишта шуда аст беш аз дигар инҷилҳо ба улуҳияти ҳазрат Исо(а) таъкид дорад ва аввалин бор дар ин Инҷил омада аст. Дар ҳоле, ки Инҷилҳои гузашта ки ба замони уруҷи ҳазрати Исо(а) наздиктаранд ва аз бузургони масеҳият будаанд ба ин амр (улуҳияти он ҳазрат) ишорае накардаанд ва дар китоби худ чизе дар ин маврид нанавиштаанд.
Ҳеҷ як аз чор Инҷили маъруф дар замони ҳазрати Исо(а) навишта нашуда ва баъдан навишта шудаанд.
Ҳазрати Исо(а) акнун зинда аст ва дар осмонҳо ба сар мебарад ва рӯзи муаян ба замин боз мегардад.