-Тавсияҳои Қумшаӣ ба ҷавонони Тоҷик

Ончӣ, ки беҳтарин арзишро дорад, имон ба худост!

- Агар шумо эътиқод дошта бошед, ки хубӣ беҳтар аз бадӣ ҳаст, зебоӣ беҳтар аз зиштӣ ҳаст, доноӣ беҳтар аз ҷаҳл ҳаст

табиатан аъмолатон фарқ мекунад!

Доктор Ҳусайн Муҳйиддин Илоҳии Қумшаӣ филсуф, адиб, шоъир, хаттот  ва соҳибназар дар миёни олимони аср мебошад. У аз фарзандони олими бузург, Маҳдӣ Илоҳии Қумшаӣ (соҳиби тарҷумаи Қуръони Карим) аст.

 

Ин олими мавлавишиноси Эронӣ чанде, пеш меҳмони кишвари азизамон Тоҷикистон буд ва мусоҳибае аз у ба нашр расид, ки пешкаш мегардад.

 

Олим ва мавлавишиноси маъруфи иронӣ доктор Илоҳии Қумшаӣ ҳафтаи гузашта ба кишвари азизи мо Тоҷикистон ташриф овард ва баъди ширкат дар симпозюми байналмилалии бузургдошти Фирдавсӣ дар Душанбе кишвари моро тарк намуд. Понздаҳ дақиқа қабл аз парвозаш дар фурудгоҳи ш. Душанбе дар ҳоле ки устод Қумшаӣ зиёд омодагӣ надошт ин мусоҳиба доир шуд, ки ба шумо пешкаш мегардад:

-Ман ағлаб барои ҷавонони иронӣ, ки сӯҳбат мекунам, шуморо ҳам ҷузъи ҷавонони иронӣ ҳисоб мекунам, зеро мо аз як қавму аз як фарҳанг ҳастем.

Тавсияи ман инаст, ки алон чун дар дунё хеле ошубе ба по шудааст ва ҳар касе даъвате мекунад, ҳар касе ҳарфи худашро мехоҳад ба курсӣ бинишонад, ҳар касе иддаъо мекунад, ки роҳи дурустеро фаҳмидааст, ҷавонон алон бояд чӣ кор кунанд?

Тавсияи ман инаст, ки ҷавон бояд биравад дунболи фитраташ, фитрати мо, мо бо як дине ба дунё омадаем, мо аввал бояд дини фитратамонро амал бикунем, баъд бубинем динҳои дигарро метавонем қабул кунем ё не? Дини фитрати мо ин¬аст, ки мегӯяд ту бояд се то чизро дунбол кунӣ. Яъне дар табиъати ҳамаи инсонҳо гузоштааст. Яке доноӣ ҳамаи мардум дунболи илму дониш ҳастанд. Ҳамаи одамонро аз одами босавод хушашон меояд. Аз китоби хуб хушашон меояд, аз ҳарфи хуб хушашон меояд, бинобар ин аввалин чизе ки фитрати мо мегӯяд бирав босавод шав, бирав бофарҳанг шав ва ҳама чизро мутолиъа кун.

Яке зебоӣ, ки мо аз ҳунару аз мусиқӣ, аз наққошӣ, аз чизҳои зебо лаззат мебарем. Бинобарин ҳам бояд худамонро зебо нигаҳ дорем, ҳам дарунамонро ва ҳам берунамонро ва ҳам, ки ба ҳунар бипардозем, ҳунарро азиз бидорем ва ба даст биёрем.

Севвум ин ки фитрати мо даъват мекунад ба хубӣ, ба ростӣ, ба дурустӣ, бархурди хуш ба меҳрабонӣ, ҳич кас хушаш намеояд дурӯғ бишнавад, ҳич кас хушаш намеояд бевафоӣ барояш бикунанд, ҳич кас хушаш намеояд ба ҳуқуқаш таҷовуз кунанд. Бинобар ин даъват мекунад фитрати мо ба сето чиз, яке хубӣ ва некуӣ, яке зебоӣ ва яке ҳам доноӣ. Агар мо ин сеторо дунбол бикунем онвақт мо бархурд мекунем ба китобҳои осмонӣ, ки Қуръон ба назари ман ашрафи кутуби осмонӣ аст. Онҳам мебинем, ки даъвате ба ҳамин дорад мекунад. Он ҳам чизи мутафовите бо фитрат намегӯяд, зеро фитрати мо фитрати илоҳӣ ҳаст. Бинобар ин агар ҷавон дунболи ишқаш биравад чун мо дӯст дорем, зебоиро, некуиро ва агар биравем дунболи ин чизҳо дар воқеъ рафтаем дунболи ишқамон, дунболи чизе, ки дӯст дорем. Бинобарин то охири умр инсон метавонад аз он лаззат бибарад, то охири умр метавонад аз он ва ҳам беҳтарин баҳраро аз дин мебарад. Чун ҳамаи адён ҳам ҳамин чизҳоро таъкид мекунанд. Адабиёт ҳам ҳамин аст: Саъ¬дӣ Ҳофиз, Мавлоно Румӣ, Фирдавсӣ инҳо ҳам мардумро даъвате мекунанд ба зебоиву доноӣ ва накуӣ Фирдавсӣ мегӯяд, ки:

Ба гуфтори донандагон роҳ ҷӯй,

Ба гетӣ бигарду ба ҳар кас бигӯй.

Одам биравад бубинад одамони донишманд чӣ мегӯянд онвақт ҳам худаш муаллим мешавад ва тадрис мекунад. Дунболи зебоӣ ҳам ҳама гуфтаанд, ки биравед, аз калом гирифта Қуръон худаш намунаи каломи зебо ва мазҳари зебоӣ ҳаст, таркибу мусиқиву ҳамоҳангиву инҳост. Некуӣ ҳам ҳама тавсия кардаанд, ки одам бояд росту дуруст бошад ва чизе нест, ки бихоҳем таъриф бикунем некуӣ чизест, ки ҳама интизор доранд дигарон бошанд. Бинобар ин роҳи мо равшан аст.Ҷавон бояд биравад дунболи ишқаш. Дунболи зебоӣ, доноӣ ва накуӣ.

-Оқои Қумшаӣ вақте мо таълимоти исломиро аз фақиҳон мегирем, аз муҳаддисон ва аз муфассирон мегирем мулоҳиза мекунем, ки андаке аз таълимоти исломии орифон фарқ дорад. Ин тафовутҳоро шумо дар чӣ мебинед?

- Ба назари ман беш аз андаке тафовут дорад. Хеле тафовути ҷиддӣ дорад. Ба назари ман урафо ва шоирони осмонӣ худашон ба олами ваҳй наздик буданд. Худашон ҳам ин маъониро беҳтар аз дигарон дарк мекарданд. Бинобар ин Низомӣ мегӯяд: "Пас шуаро омаданду пеш анбиё". Анбиё пешу ҷилав, ки рафтанд шоирони бузург ҳам ба дунболи онҳо рафтанд. Онҳо ба назари ман лубби лубоби Қуръон ва ҳамаи китобҳои осмониро беҳтар дарк карданд ва баён карданд. Иллаташ инаст, ки он касоне ки ба ин хушкиҳо ва ба ин сахтгириҳо, ки дар ҳаёт сахтгириҳои маъқул айб надорад сахтгириҳои номаъқул айб дорад ин аст, ки як ағрозе доранд. Мехоҳанд бо оммаи мардум, ки сару кор доранд, аввомунносро маҷзуби худашон бикунанд. Аз ин ҷиҳат ориф чун ҳич дигар қасде ғайри даъват ба Худо надорад он ҳарфашро ончунон, ки дар Қуръон омадааст, дар каломи ваҳй омадааст, баён мекунад.

-Оқои Қумшаӣ уламои аҳли тасаннун бо овардани далоиле аз Қуръону ҳадис исбот мекунанд, ки муҳимтарин чиз дар инсон ин ақидаи ӯ ҳаст. Ривояте ҳаст, ба ин маъно, ки ҳар касе мурд ва муътақид буд, ки нест худои ғайри Аллоҳ ва Муҳаммад саллалоҳу алай¬ҳи ва саллам пайғамбари уст масвояш биҳишт аст. Шумо ба ин дидгоҳ чӣ назар доред?

-Дар Қуръон як ояе ҳаст, ки яке дубор ҳам такрор шудааст, ки ба назари ман муҳимтарин рисолати анбиёро ва роҳи саодат ва хушбахтии башарро муайян кардааст. Ва ин дуто ки инҳо меган нест. Балки иборат аст аз якеш, ки дуруст аст. Имоне ба ин, ки ин олам Парвардигоре дорад дар ин дунёи рақобат беҳуда офарида нашудааст. Мо зери чатри ҳикмату оромиши як касе парвариш кардем, халқ шудем ба мо иноёте карда мегӯяд, ки ин олам Парвардигоре дорад, дизойнер дорад ба қавли фарангиё тарроҳ дорад. Дуввум ин, ки имоне ба ҷовидонагии руҳ ва ба рӯзи қиёмат ин, ки баъд аз ин олам хабаре ҳаст. Мо дар муқобили корҳое ки анҷом додаем дар ин олам дар як ҷойе мавриди савол қарор мегирем. Ин дуто имон ба Худо ва қиёмат севвум амали солеҳ ва "амила солиҳан". Дар Қуръон ҳаст сариҳан, ки: "Ва ман омана биллоҳ" касе ки имон биёрад ба худо "валявмил охир" ва амила солиҳан амали солиҳ ҳама медунанд чӣ ҳаст. Кори хубам ростӣ, дурустӣ, инсоният, шарофат, оне ки марбут ба як дини бахусусе нест, ин дар ҳами адён аст. Агар ин се торо дошта бошанд "ло хавфун алайҳим ва ло ҳум яҳзанун" на хавфе дошта бошад ва на ҳузне дошта бошад. Бинобар ин ун ақидае, ки онҳо ба ун сурат мегӯянд, ки мо бояд бубинем, ки Худову Пайғамбарро қабул мекунад инҷурӣ нест. Ояи Қуръон ин аст.

-Пас ба назари Шумо муҳимтарин чиз дар як инсон чӣ аст? Шумо дар инсон чӣ чизро бештар баҳо медиҳед: ахлоқ, ақида ё чизи дигареро?

- Ончӣ, ки беҳтарин баҳоро дода мешавад, имони ба худост. Мунтаҳо имони  ба худо ин нест, ки инсон ҳаминтурӣ калимаи худоро ба кор бибарад, Аллоҳро ба кор бибарад. Яъне ҳузури он офаридгорро дар зиндагияш ҳис бикунад. Вақте мехоҳад ғизо бихурад ҳис кунад, ки ӯ рӯзидиҳандаи мост. Мехоҳад қарордод бикунад, фикр мекунад издивоҷ бикунад, фикр кунад, ки ин лутфу инояти илоҳӣ буда, ки занро дар маърази бархурдории ман бо шароите мехоҳад қарор бидиҳад. Бинобар ин доиман ҳузури худоро ҳис мекунад, кори бад намекунад. Ҳузури Худованд ба назари ман ин муҳимтарин бахши фарҳанги ҳамаи адён аст.

-Байни эътиқод ва ахлоқ чӣ робитае қоил ҳастед?

-Ахлоқ дар воқеъ натиҷаи эътиқодоти мост. Агар шумо эътиқод дошта бошед, ки хубӣ беҳтар аз бадӣ ҳаст, зебоӣ беҳтар аз зиштӣ ҳаст, доноӣ беҳтар аз ҷаҳл аст, табиатан аъмолатон фарқ мекунад. Меравед дунболи ҳунар, дунболи зебоӣ, дунболи корҳои хуб. Дунболи заду банду фиребкорӣ ва аз ҳар роҳе зиндагӣ кардан, намеравед дигар.Чаро, ки ақидаатон инаст, ки хубӣ беҳтар аз бадӣ ҳаст. Аммо касоне, ки фикр мекунад аз роҳи бад, аз роҳи тақаллуб, дуруғ ба ҷойе бирасанд инҳо ақидаашон ишкол дорад.

- Ба унвони муҳаққиқи Мавлоно агар аз Шумо бихоҳем, ки паёми Мавлоноро дар як ҷумла хулоса кунед, чӣ мегуед?

- Паёми Мавлоно дар воқеъ ишқ аст. Агар шумо ин ишқи фарогир, ки инсон оҳиста оҳиста аввал ошиқи модараш ҳаст баъд ошиқи шир аст, баъд оҳиста-оҳиста бузургтар мешавад фаҳмаш меравад болотар, даркаш меравад болотар ошиқи ину он мешавад, баъд як вақт ошиқи кулли офариниш мешавад, баъдан ҳам ошиқи Худо мешавад ва Худоро дар кулли офариниш мебинад. Он мавқеъ, ки инсон ба ишқи кулл расид ошиқи кулл асту худ кулл аст ӯ. Ошиқи хеш асту ишқи хеш ҷӯ ва худаш агар андешаи кулл пеша кунӣ кулл бошӣ ва худаш кулл мешавад ва вуҷуди инсон таҷаллии Парвардигораш мешавад. Сухани Мавлоно инаст, ки аз роҳи ишқ одам метавонад ба ин ҷоҳо бирасад.


Падари Қумшаӣ (Муҳаммад Маҳдии Қумшаӣ)


Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст