(ахлоқи, иҷтимои ва сиёсӣ)

Марде аз Имом Алӣ (а) дархост намуд, ки ӯ ро насиҳат бикунад. Имом Алӣ(а) фармуданд: Аз касоне набош, ки бе амали солеҳ ба охират умедвор аст ва тавбаро ба орзуҳои дароз ба таъхир меандозад, дар дунё чунон зоҳидон ва мисли инсонҳои бе гуноҳ сухан мегуяд, аммо дар рафтор ҳамонанди дунё парастон аст. Агар ризқу рузӣ ва неъматҳои илоҳӣ ба ӯ бирасад сер намешавад ва дар маҳрумият қаноат надорад,  аз ончӣ ба ӯ расид шукр гузор нест ва аз ончи монда бошад зиёд талаб мекунад. Дигаронро ба парҳезкардан насиҳат мекунад аммо худ амал намекунад.  Ба фармон бародарӣ аз Худо ва Расули Худо (с)  амр мекунад аммо худ фармон намебард. Некукоронро дуст дорад аммо рафторашонро дуст надорад гуноҳкоронро душмандорад  аммо худ яке аз гунаҳкорон аст ва бо гуноҳони фаровон маргро дуст намедорад аммо дар ончи, ки маргро нохушоянд сохт исрор дорад агар бемор шавад пушаймон мешавад ва агар тандуруст бошад ба ҳеҷ чиз фикр намекунад дар соломат мағрур ва дар гирифториҳо ноумед аст агар мусибате ба ӯ бирасад ба зорӣ худоро мехонаад агар ба пирузӣ даст ёбад мағрурона аз худо руй мегардонад.Нафси ӯ бо неруи гумони ва хёлӣи нораво бар ӯ чирагӣ дорад ва ӯ бо қудрати яқин бар нафси худ чира намегардад барои дигарон ки гуноҳи камтар аз ӯ доранд нигарон ва беш аз ончи ки амал карда умедвор аст агар бе ниёз гардад мағрур шавад ва агар туҳи ва фақир шавад маъюс ва наумед мешавад чун коре кунад дар он кутоҳӣ варзад ва чун чизе хоҳад зиёда равӣ намояд чун дар баробари шаҳват қарор гирад гуноҳро баргузида тавбаро ба таъхир андозад ва чун ранҷе ба ӯ расад аз роҳи миллати ислом дурӣ гузинад ибрат омузиро медонад аммо худ ибрат намегирад дар пандодан муболиға мекунад аммо худ панд пазир намебошад сухани бисёр мегуяд аммо кирдори хуби ӯ андак аст.барои дунёи зудгузар талош ва рақобат мекунад аммо барои охирати ҷовидон осон мегузарад судро зиён ва зиёнро суд мепиндорад аз марг ҳароснок аст аммо фурсатро аз даст медиҳад гуноҳи дигорон ро бузург мешуморад аммо гуноҳони бузурги худро кучак медонад мардумро сарзаниш мекунад аммо худро накуҳиш накарда бо худ риёкорона бархурд мекунад  хушгузаронӣ бо сармоядоронро бештар аз ёди худоро бо мустамандон дуст дорад  ба нафъи худ ва зиёни дигарон ҳукм мекунад аммо ҳаргиз ба нафъи дигарон бар зиёни худ ҳукм нахоҳад кард дигаронро ҳидоят аммо худро гумроҳ мекунад дигарон аз ӯ итоат мекунанд ва ӯ мухолифат меварзад ҳаққи худро ба тамом мегирад аммо ҳақи дигаронро ба камол намедиҳад аз ғайри худо метарсад аммо аз парвардигори худ наметарсад. 

Ҳикмати 150 (саҳифаи – 473) 


Тоҷикон 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст