Симои муттақин аз назари мавлои муттақиён

Парҳезкор касест, ки орзӯяш наздик, лағзишҳояш андак, қалбаш фурӯтан ва...

Мақолаи зер навиштае аст дар бораи парҳезгорон, ки бар асоси хутбае аз Амири муъминон ҳазрати Алӣ(к) танзим гашта аст.

Ривоят  шудааст, ки  яке аз ёрони парҳезкори имом Алӣ(к) ба номи Ҳаммом Ибни Шариҳ гуфт: Эй Амири мӯъминон! Парҳезкоронро барои ман ончунон васф кун, ки гӯё ононро бо чашм менигарам. Имом(к) дар посухи ӯ диранге карду фармуд:

”Эй Ҳаммом! аз Худо битарс ва некӯкор бош, ки Худованд бо парҳезкорон ва некӯкорон аст”. Аммо Ҳаммом исрор варзид, то он ки имом(к) тасмим гирифт, сифоти парҳезкоронро баён фармояд. Пас Худоро сипосу сано гуфту бар Паёмбараш дуруд  фиристоду фармуд:

 

1-Симои парҳезкорон

Пас аз ситоиши Парвардигор ҳамоно Худованди Субҳон падидаҳоро дар ҳоле офарид, ки аз итоаташон бениёз ва аз нофармонии онон дар амон буд, зеро на маъсияти гунаҳкорон ба Худо зиёне мерасонад ва на итоати мӯъминон барои ӯ суде дорад. Рӯзии бандагонро тақсим ва ҳар кадомро дар ҷои хеш қарор дод. Аммо парҳезкорон дар дунё дорои фазилатҳои бартаранд. Суханонашон рост, пӯшиши онон миёнаравӣ ва роҳ рафтанашон бо тавозӯъ ва фурӯтанист. Чашмони худро бар ончи Худо ҳаром карда мепӯшонанд ва гӯшҳои худро вақфи дониши судманд кардаанд ва дар рӯзгори сахтиву гушоиш, ҳолашон яксон аст. Ва агар набуд марге, ки Худованд бар онон тақдир фармуда руҳи онон, ҳатто ба андозаи барҳам задани чашм, аз шавқи дидори биҳишт ва аз тарси азоби ҷаҳаннам дар баданҳо қарор намегирифт.

Худо дар ҷонашон бузург ва дигарон кучак ва каммиқдоранд. Биҳишт барои онон чунон  аст, ки гӯё онро дидаву дар неъматҳои он ба сар мебаранд ва ҷаҳаннамро чунон бовар доранд, ки гӯё онро дидаву дар азобаш гирифторанд. Дилҳои парҳезкорон андӯҳгин ва мардум аз озорашон дар амон, баданҳояшон лоғар, дархостҳояшон андак, нафсашон афиф ва  доманашон пок аст.

Дар рӯзгори кӯтоҳи дунё сабр мекунанд, то осоиши ҷовидонаи қиёматро ба даст оваранд, тиҷорати  пурфоида, ки Парвардигорашон фароҳам  фармудааст. Дунё мехост онҳоро фиреб диҳад, аммо азми дунё накарданд. Мехост онҳоро асири худ гардонад, ки бо фидо кардани ҷон, худро озод сохтанд.

2-Шабҳои парҳезкорон

Парҳезкорон дар шаб барпо истода машғули намозанд. Қуръонро ҷузъ бо ҷузъ ва бо тафаккуру андеша мехонанд. Бо Қуръон ҷони худро маҳзун  ва доруи дарди худро  меёбанд.

Вақте ба ояте бирасанд, ки ташвиқе дар он аст, бо шавқу тамаи биҳишт ба он рӯй оваранд  ва бо ҷони пуршавқ дар он хира шаванд ва гумон мебаранд, ки неъматҳои биҳишт дар баробари дидагонашон  қарор дорад ва ҳаргоҳ ба ояте мерасанд, ки тарс аз Худо дар он бошад, гӯши дил ба он месупоранд ва гӯё садои барҳам хӯрдани шӯълаҳои оташ, дар гӯшашон танинафкан аст. Пас қомат ба шакли рукӯъ хам карда, пешонию дасту по бар хок молида аз Худои худ озодӣ аз оташи ҷаҳаннамро металабанд.

3-Рӯзҳои парҳезкорон

Парҳезкорон дар рӯз, донишмандоне бурдбор ва некӯкорони ботақво ҳастанд, ки тарси илоҳӣ ононро чунон тири тарошида лоғар кардааст. Касе, ки ба онҳо нигарад гумон мекунад, ки  онҳо беморанд, дар ҳоле ки онон бемор нестанд ва мегӯяд: Мардум дар иштибоҳанд, дар сурате ки ошуфтагии зоҳирашон, нишон аз амри  бузургест. Аз аъмоли андаки худ нохушнуд ва аъмоли зиёди худро бисёр намешуморанд. Нафси худро мутаҳҳам мекунанд ва аз кирдори худ тарсноканд.

Ҳаргоҳ яке аз ононро биситоянд, аз ончи дар тавсифи ӯ гуфта шавад, дар ҳарос афтода мегӯяд: ”Ман худро аз дигарон беҳтар мешиносам ва Худои ман, маро беҳтар аз ман мешиносад. Бор Худоё!  Маро бар ончи мегӯянд муҳокима мафармо ва беҳтар аз он қарорам деҳ, ки мегӯянд ва гуноҳонеро, ки намедонанд биёмӯрз”.

4- Нишонаҳои парҳезкорон

Ва яке аз нишонаҳои парҳезкорон ин аст, ки ӯро ингуна мебинӣ: дар диндорӣ нерӯманд, нармхӯ ва дурандеш, дорои имони пур аз яқин, ҳарис дар касби дониш, бо доштани илм бурдбор, дар тавонгарӣ миёнарав, дар ибодат фурӯтан, дар туҳидастӣ ороста, дар сахтиҳо бурдбор, дар ҷустуҷӯи касби ҳалол, дар роҳи ҳидоят шодмон ва парҳезкунанда аз тамаъварзӣ мебошад. Аъмоли некӯ анҷом медиҳад ва тарсон аст, рӯзро ба шаб бо сипозгузорӣ мерасонад ва шабро ба рӯз меоварад бо ёди Худо, шаб мехобад, аммо тарсон, бармехезад хеле шодмон, тарс барои инки дучори ғафлат нашавад ва шодмон барои фазлу раҳмате, ки ба ӯ расидааст. Агар нафси ӯ дар ончи душвор аст, фармон набарад, аз ончи дӯст дорад маҳрумаш мекунад. Равшании чашми  парҳезкор дар чизе қарор дорад, ки ҷовидонааст ва он чизеро, ки пойдор нест тарк мекунад.  Бурдбориро бо илм ва суханро  бо амал дар меомезад.

Парҳезкор касест, ки орзӯяш наздик, лағзишҳояш андак, қалбаш фурӯтан, нафсаш қонеъ, хурокаш кам, кораш осон, динаш ҳифзшуда, шаҳваташ дар ҳаром мурда ва хашмаш фурӯ хӯрдааст. Мардум ба хайраш умедвор ва аз озораш дар амонанд. Агар дар ҷамъи бехабарон бошад, номаш дар гурӯҳи ёдоварони Худо навишта мешавад ва агар дар ёдоварон бошад, номаш дар гурӯҳи бехабарон навишта намешавад. Ситамкори худро афв мекунад, ба онки маҳрумаш сохта  мебахшад, бо он кас, ки аз ӯ бурида  мепайвандад, аз сухани зишт дур ва гуфтораш нарм, бадиҳои ӯ пинҳон ва кори некаш ошкор аст. Некиҳои ӯ ба ҳама расида, озори ӯ ба касе намерасад. Дар сахтиҳо ором ва дар ногувориҳо бурдбор ва дар хушиҳо сипосгузор аст. Ба душман ситам накунад ва нисбат ба онки дӯст дорад ба гуноҳ олуда нашавад. Пеш аз онки бар зидди ӯ гувоҳӣ диҳанд ба ҳақ эътироф мекунад ва ончиро ба ӯ супурдаанд табоҳ нагардонад ва ончиро ба ӯ тазаккур додаанд фаромӯш накунад. Мардумро бо лақабҳои зишт намехонад,  ҳамсоягонро озор намерасонад. Аз мусибатҳои дигарон шод намешавад ва дар кори нораво дахолат намекунад ва аз маҳдудаи ҳақ хориҷ намешавад. Агар хомӯш аст, сукути ӯ андӯҳгинаш намекунад ва агар бихандад, овози хандаи ӯ баланд намешавад ва агар ба ӯ ситаме раво доранд, сабр мекунад, то Худо интиқоми ӯро бигирад. Нафси ӯ аз дасташ дар заҳмат, вале мардум  дар осоишанд. Барои қиёмат худро дар заҳмат меафканад, вале мардумро ба рифоҳ ва осоиш мерасонад. Дурии ӯ аз бархе аз мардум, аз рӯи зӯҳду порсоӣ ва наздик шуданаш бо баъзе дигар, аз рӯи меҳрубонию нармист. Дурии ӯ аз такаббуру худписандӣ ва наздикии ӯ аз рӯи ҳилаву найранг нест.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст