Ҷомеа барои ин ки битавонад ба як иҷтимои башарии мутамаддин ва пешрафта табдил ёбад ба чанд неру ва унсури созанда ниёз дорад. Агар ҷомеа ин унсурҳои асосиро надошта бошад, наметавонад ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта шавад, то мардумро ба як зиндагии олӣ бирасонад. Аз ҷумла унсурҳое, ки метавон барои беҳтар шудани ҷомеа зикр намуд инҳо ҳастанд:

1. Хонаводаи солим. Аввалин унсуре, ки дар беҳбуди ҷомеа таъсири фаровон дорад, ин хонаводаҳо мебошанд. Хонавода аст, ки фарзандашро бо тарбияти солими худ ба ҷомеа таҳвил медиҳад.

2. Муҳити солим. Аз дигар унсур, ки дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим ва асосӣ дорад, муҳити солим мебошад. Агар муҳит дорои заминаҳои ҷурму ҷиноят бошад, наметавонад ба як ҷомеаи хуб табдил шавад.

3. Имон. Унсури таъсиргузори дигар дар як ҷомеа имон аст, ки ин навиштор ба дунболи исботи ҳамин матлаб мебошад.

Таъсири имон дар ҷомеа чист? Нақши имон дар ҷомеа чигуна аст?

 

Имон боиси амнияти ҷомеа

Маънои луғавии имон, “ормиши нафс, дурӣ аз тарсу ҳарос” мебошад. (Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, с. 43, вожаи амана). Калимаи амният низ аз ҳамин реша аст. Гуфта мешавад, ки фалон шаҳр амният дорад, ба ин маъност, ки ҳамаи сокинони он дар оромиши комил ба сар мебаранд ва он шаҳр холӣ аз роҳзанон ва дуздону одамкушон аст.

Яке аз фоидаҳои имон ба Худо ин аст, ки имон боиси амният мешавад. Агар шаҳре, ки дар он амният набошад ва мардум натавонанд дар оромиши хотир зиндагӣ намоянд, дигар масоил ба монанди иқтисод, пешрафт ва ғайра беҳуда ва бемаъност ва ба ҳоли мардум фоидае надорад. Аз ин рӯ ҳазрати Иброҳим(а) замоне, ки Каъбаро бино намуд аввалин дуое, ки дар ҳаққи он диёр намуд, дархости амният он диёр буд. (Сураи Иброҳим, ояти 35). Дар партави амният аст, ки метавон ба дигар масоил пардохт. Амният бояд комил бошад, ки битавон мушкилоти мардумро ҳал намуд.

Аз ин рӯ имон дар зиндагии мардум нақши муҳиме дорад. Агар ҷойгоҳи имон дар ҷомеа холӣ бошад дигар мушкилоти мардумро ҳал намудан кори бисёр душвор аст.

Валӣ Атоуллоҳ.

 

 

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст