Адаб гавҳарест, ки дорандаашро аз ҳар хатое бозмедорад.

Адаб доштани муоширати некӯ ва ҳифзи ҳурмат ва ҳаё аст.

Ҳар фаъолияте, ки инсонро ба фазилате музайян созад адаб аст.

Адаб, яъне гуфтор ва рафтори писандидаи инсон.

Аҳамияти адаб ба ҳаддест, ки дар ривоёт, дин ба маънои адаб ва маҷмӯае аз одоб дониста шудааст.

Адаб мояи фузунии қадру арзиши инсон аст, ҳамчунон ки дар ривоёт омадааст: “Эй мӯъмин, ин дониш ва адаб баҳои ҷони туст, пас дар фаро гирифтани он ду кӯшо бош, ки ҳарчи бар дониш ва адабат афзуда шавад, қадру арзиши ту низ фузунӣ гирад”.[1]

Ҳамчунин дар ривоёт, адаб пурарзиштар аз ганҷу тилло дониста шуда ва омадааст, ки “Ҷӯяндаи адаб дурандештар аз ҷӯяндаи тилло аст”.[2]

Паёмбари Худо, ҳазрати Муҳаммад(с) дар мавриди адаб омӯхтани падару модарон ба фарзандон фармудаанд: “Ҳеҷ падаре ирсе боарзиштар аз адаб барои фарзанди худ боқӣ нагузоштааст”; ҳамчунин мефармоянд: “Фарзандони худро гиромӣ доред ва ононро хуб тарбият кунед, ки ба ин тартиб, омурзида мешавед”[3] ва низ фармудаанд: “Ҳар оина, агар мард фарзандашро адаб намояд, барои ӯ аз як соъ (паймона) садақа додан беҳтар аст”.[4]

Алии Муртазо(р) дар мавриди адаб ва тарбияти инсонӣ мефармояд: “Барои тарбият кардани худ ҳамин бас аст, ки аз ончи дар дигарон намеписандӣ, дурӣ кунӣ”; ҳамчунин аз эшон нақл шудааст, ки фармуд: “Агар инсонеро адаб набошад, ҳамчун чорпое раҳо мемонад”.[5]

Ҳар касе, ки худро бо зевари адаб ороста гардонид, шахсияташ ба таври некӯе сохта хоҳад шуд ва маҳбуби байни мардум мегардад, ҷараёни зиндагиаш муназзам гашта ва ҷомеааш низ ба фарҳанги болое мерасад, адаб сабаби таҳзиби ахлоқ ва ислоҳи одоти ношоиста хоҳад шуд ва низ шахс номи некӯ ва мондагоре аз худ боқӣ хоҳад гузошт.

Барои касби адаб ва гуфтору рафтори некӯ, кофист инсон аввалан худро дар ихтиёри қавонини Қуръон ва дин қарор дода ва сониян, зиндагии анбиё ва авлиёи Худоро милок ва меъёри ҳаёти хеш бидонад.

Дар Қуръони Карим, одобу ахлоқи некӯ, ҳамчун тавозӯъ, инфоқ, эҳсон, миёнаравӣ ва авсофи некӯи дигаре монанди он, сифоти ибодур Раҳмон, бандагони некӯи Худованд[6] дониста шудааст: “Бандагони Худованди Раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин бо тавозӯъ роҳ мераванд ва ҳар гоҳ ҷоҳилон ба онон хитоб кунанд, бо саломати нафс ҷавоб диҳанд”.[7]

Акрамхони Зиёдуллоҳ

Маҷмаи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳииби Исломӣ


[1] Мишкоту-ул-анвор.

[2] Ғурар-ул-ҳикам.

[3] Канз-ул-уммол.

[4] Наҳҷ-ул-фасоҳа.

[5] Иршод-ул-қулуб.

[6] Сураи муборакаи Фурқон, ояти 63-68 ва оёти 72-74.

[7] Сураи Фурқон, ояти 63.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст