Тавсияи Исо ибни Марям

Имом Содиқ дар суханоне, ки ба ибни Ҷундаб фармудаанд, аз Исо ибни Марям(а) суханонеро, ки ӯ ба ёрони худаш гуфта буд чунин нақл мекунанд:

يَا ابْنَ جُنْدَبٍ إِنَّ عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ ع قَالَ لِأَصْحَابِهِ أَ رَأَيْتُمْ لَوْ أَنَّ أَحَدَكُمْ مَرَّ بِأَخِيهِ فَرَأَى ثَوْبَهُ قَدِ انْكَشَفَ عَنْ بَعْضِ عَوْرَتِهِ أَ كَانَ كَاشِفاً عَنْهَا كُلِّهَا أَمْ يَرُدُّ عَلَيْهَا مَا انْكَشَفَ مِنْهَا قَالُوا بَلْ نَرُدُّ عَلَيْهَا قَالَ كَلَّا بَلْ تَكْشِفُونَ عَنْهَا كُلِّهَا فَعَرَفُوا أَنَّهُ مَثَلٌ ضَرَبَهُ لَهُمْ فَقِيلَ يَا رُوحَ اللَّهِ وَ كَيْفَ ذَلِكَ قَالَ الرَّجُلُ مِنْكُمْ يَطَّلِعُ عَلَى الْعَوْرَةِ مِنْ أَخِيهِ فَلَا يَسْتُرُهَا بِحَقٍّ أَقُولُ لَكُمْ إِنَّكُمْ لَا تُصِيبُونَ مَا تُرِيدُونَ إِلَّا بِتَرْكِ مَا تَشْتَهُونَ وَ لَا تَنَالُونَ مَا تَأْمُلُونَ إِلَّا بِالصَّبْرِ عَلَى مَا تَكْرَهُونَ إِيَّاكُمْ وَ النَّظِرَةَ فَإِنَّهَا تَزْرَعُ فِي الْقَلْبِ الشَّهْوَةَ وَ كَفَى بِهَا لِصَاحِبِهَا فِتْنَةً طُوبَى لِمَنْ جَعَلَ بَصَرَهُ فِي قَلْبِهِ وَ لَمْ يَجْعَلْ بَصَرَهُ فِي عَيْنِهِ لَا تَنْظُرُوا فِي عُيُوبِ النَّاسِ كَالْأَرْبَابِ وَ انْظُرُوا فِي عُيُوبِكُمْ كَهَيْئَةِ الْعَبِيدِ إِنَّمَا النَّاسُ رَجُلَانِ مُبْتَلًى وَ مُعَافًى فَارْحَمُوا الْمُبْتَلَى وَ احْمَدُوا اللَّهَ عَلَى الْعَافِيَةِ

Писари Ҷундаб! Исо ибни Марям (а) ба ёронаш фармуд: Фикр мекунед, ки агар яке аз шумо аз канори бародар(и хобидаи) худ гузар кунад ва бубинад, ки қисмате аз либосаш канор рафта ва андаке аз аврати баданаш пайдо шуда чи кор мекунад?

Оё тамоми ҷомаро канор мезанед, то бақияи аврат ҳам намоён шавад ё либосро ба ҷои аввал бармегардонед, то пушида шавад?

Ёрони ӯ гуфтанд: Бале, авраташро мепушонем.

Фармуд: Ҳаргиз! Балки тамоми авратро ошкор месозед.

Дар инҷо буд, ки ёрон фаҳмиданд, ки ин масале аст, ки ҳазрати Исо(а) барои он задааст.

Пурсиданд: Эй Руҳуллоҳ мавзӯъ чист?

Фармуд: Яъне фарде аз шумо чун аз айби бародараш огоҳ шавад онро намепушад. Ин матлабро ба ҳақ ва ростӣ бароятон мегӯям, ки ба хостаҳоятон ҷуз ба тарки лаззатҳо даст намеёбед ва ҷуз дар партави шикебоӣ бар номулоимот ба орзуҳоятон намерасед.

Зинҳор аз нигоҳ ба номаҳрам (ҳатто як бор ҳам) парҳез кунед, чун дар дил тухми шаҳват мекорад ва ҳамин як нигоҳ барои фасод ва табоҳии бинанда кофӣ аст.

Хушо ба ҳоли касе, ки дидааш дар дилаш аст на дар чашм.

Ҳамчун харидорони барда ба айби мардум нигоҳ накунед ва ба айбҳои худ ҳамчун бандагон бингаред зеро ба ростӣ, ки мардум ду гуруҳанд; гирифтор (ба ранҷу бало) ва тандуруст (аз ҳар бало ва мусибат). Аз ин рӯ ба гирифтор раҳм кунед ва ба шукронаи тандурустии худ аз ҳар ранҷу бало Худовандро сипос гӯед. (Поёни суханони ҳазрати Исо)

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст