Тавсияҳои ҳазрати Алӣ(а) ба ҷавонон

Бузургвортар аз он бош, ки ба пастӣ тан диҳӣ, ҳатто агар он амали паст, туро ба ҳадафат бирасонад! чун, ҳеҷ чиз наметавонад бо арзиштар аз шахсият ва обурӯят бошад!!!

Бандаи дигарон набош, ки Аллоҳ туро озод офаридааст!!!

Ҳазрати Алӣ(а) саҳобии гиромӣ ва бартарини онҳост, ки ҳам аз назари хешу таборӣ ва ҳам аз назари илму адаб ва имон нисбат ба Расули Аллоҳ(с) наздиктарин инсонҳо буд. Ӯ касе буд, ки ҳатто аввалин имон оваранда ба ваҳйи илоҳӣ ва ҳам сарбози беминнату мутиъ барои Расули Худо буд.

Алӣ шавҳари Фотима бартарин занони олам ва пораи тани Муҳаммад(с) аст, чунон ки Бухорӣ, Муслим ва ...., ривоят намудаанд; Паёмбари Ислом(с) фармудаанд; Фотима бизъа -пораи тан ман аст ва он вақт, ки ҳазрати Алӣ ба хосгориаш омад, бо хурсандӣ ва баъд аз ҳамонҳангӣ бо Фотима, онҳоро ба ақди ҳамдигар даровард ва онҳоро бо дуъои хайраш ба зиндагии бо саодат башорат дод.

Имрӯзҳо, ки солрӯзи пайвастани бибӣ Фотимаи Заҳро(а) ба падараш Муҳаммади Мустафо(с) аст, бо орзӯи касби шафоати Расули Аллоҳ(с) барои дустдорони Ислом ва Раслулуллоҳ(с), нигоҳе хоҳем дошт ба суханони гуҳарбори Алӣ(а), домод ва ёру ёвари беҳамтои Муҳаммад(с) ва Фотимаи Заҳро(а).

Аз ҷумла суханони ноби ҳазрати Алӣ(а) дар бораи ҷавонон аст, ки дар инҷо бахше аз онҳоро, ки роҳнамо барои ҷавонон аст, матраҳ мекунем. Бошад, ки моҳам дар радифи пайравон ва муъминони ҳақиқӣ ба Ислом ва Муҳаммади Мустафо(с) қарор гирем.

Ҷавон, бояд ингӯна сифотро доро бошад

1. Тақво ва покдоманӣ

Аҳамияти тақво ва покдоманӣ барои ҷавонон, вақте маълум мегардад, ки тамоюлот ва эҳсосоти ҷавонӣ дар назар гирифта шавад. Барои ҷавоне, ки дар маърази туғён ва шаҳватҳои зудгузар, аммо дилкаш қарор мегирад ва хоҳишҳои нафсонӣ ва шайтонии ҷинсӣ ва ҳатто тахаюл ва фикрҳои ҷинсӣ ӯро иҳота кардааст, тақво ва покдоманӣ як марҳам ва давои бемонанд, сад ва ҳисор хоҳад буд, ки ӯро аз ҳамлаҳои душманони ошкору ниҳон нигоҳ медорад ва аз тирҳои шайтонӣ маҳфуз мемонад.

Ҳазрат мефармояд: «اعلموا عبادالله ان التقوی دار حصن عزیز» бидонед, эй бандагони Худо, ки тақво диж-ҳисор, қалъа-и мустаҳкам ва нуфузнопазир аст.

Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар ҳамин боб мегӯяд; набояд ин тасаввур шавад, ки тақво аз нишонаҳо ва мухтассоти диндорӣ аст ҳамчун намоз ва рӯза, балки тақво лозимаи инсоният аст. Инсон агар бихоҳад аз тарзи зиндагии ҳайвонӣ ва ҷангалӣ берун барояд, ночор аст, ки тақво дошта бошад.

Ҷавон, ҳамеша дар ин ду роҳӣ қарор дорад ва ба сӯи ду нуқтаи зидди ҳам кашида мешавад. Аз як тараф, нидои виҷдони ахлоқӣ ва илҳоми илоҳӣ ӯро ба сӯи хубӣ мекашонад ва аз тарафи дигар ғариза ва хоҳишҳои нафсонӣ ва шайтонӣ, ӯро ба бадиҳо мекашад. Албатта чун хостаҳои нафсонӣ барои инсон бештар ҷозиба дорад, пас ӯро бештар мекашонад, махсусан агар ҷавон бошад!.

Аммо фақат он ҷавоне, ки худро бо силоҳи имон ва тақво муҳофизат кунад аз ин ҷанг бо саломатӣ берун меравад.

Ҳазрати Юсуф(а) ҳам дар партави ҳамин сифати неку буд, ки худро аз шарри Шайтон ва ҳамлаи нафсонии Зулайхо раҳонид ва имтиҳонро бо сарбаланди қабул шуд.

2. Тақво ва покдоманӣ

қисми дуюм

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст