Агар гоҳе маъсияте воқеъ шуд, зуд ба истиғфор ва тавба ва инобат тадорук намояд то маҳбуби Ҳақ бошад, чунон ки мефармояд: «إِنَّ اللّهَ يُحِبُّ التَّوّابينَ » яъне ба дурустӣ, ки Ҳақ Таоло дуст медорад бисёр тавбакунандагонро, яьне онон ки ҳар навбат, ки гуноҳ карданд зуд тавба мекунанд ва пушаймон мешаванд ва дар ҳадис омада «إِنَّ اللّهَ يُحِبُّ كُلَّ مُفَتَّنٍ تَوَّابٍ» яъне ба дурустӣ, ки Ҳақ Таоло дуст медорад он касеро, ки дар фитнагоҳ меафтад ва боз тавба мекунад, яьне исрор бар гуноҳ ва маъсият намедорад.

Азм бар тавба

Касеро, ки тавба муяссар нашавад, яъне пушаймонӣ ва азм бар накардан гуноҳ даст надиҳад, бояд азм бар тавба дошта бошад ва аз анҷоми гуноҳ ғамнок ва озурда бошад. Дар хадис омада, ки муъмин касе аст, ки аз гуноҳ ғамнок шавад ва аз ҳасана шодмон.

Ру ба сӯӣ камол.

Ҳар ки тавфиқ ёбад, ки аъмоли ҳасана ва хубро ба ҷой оварад ва аз аъмоли бад ичтиноб намояд ва ахлоқи пасандидаро таҳсил кунад ва нопасандидаро аз худ дур, рӯз ба рӯз ҳолаш дар тараққи бошад. Ҳасаноташ мутазойид ва сайиоташ мағфур, ва дараҷоташ марфуъ, ва ботинаш сафо, ва қурбаш ба Ҳақ вофи ва дуояш мустаҷоб ва нафсаш мустатоб.

Байт гарчи висолаш на ба кушиш даҳанд.

Он қадар эй дил, ки тавонӣ бикуш.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст