Саломати хонавода саломати ҷомеа;
Ҳар инсоне агар дар масири фитрат ва ақли солим гом бардорад, аз шахсияти солиме, ки Худованд бар эътидол ва адолат офарида ҳамчунон бархурдор хоҳад буд.
Саломати шахсият ва таодули он, мувҷиб мешавад, фард битавонад ба содагӣ бо ҳар мушкил ва буҳрони дарунӣ ва берунӣ канор ояд ва онро ҳалу фасл кунад.
Рафторҳои ашхоси солим рафторҳои солимест, ки ҷомеаро солим мекунад, лизо агар ҳазорон ва милиёнҳо инсони солимро аз назари шахсиятӣ гирди ҳам оваред, ҳаргиз миёни онон ихтилофе нахоҳад буд, аз инрӯ гуфтаанд, агар паёмбарони илоҳӣ дар якҷо гирди ҳам оянд, ҳаргиз миёни онҳо ихтилофе падид нахоҳад омад.
Муъминоне, ки уммати исломиро ташкил медиҳанд, аз ин хислат бахурдор ҳастанд, онҳо ҳамонанди як хонаводаи бузург амал мекунанд ва бародароне мебошанд, ки на танҳо моли яке моли ҳамагист, балки аз мақоми эҳсон ва исор ворид шуда ва аз ҳуқуқи хеш ба хотири эҳсон ба дигарон мегузарад.
Хонаводаи исломӣ ва имонӣ, хонаводае солим аст, ки афроди он аз шахсияти солим ва муътадил бархурдор буда ва фаротар аз ҳуқуқ ва адолат рафтор мекунад, ин саломати хонаводагӣ дар берун низ ба хубӣ намоён мешавад, зеро аз куза бурун таровад он чӣ дар ӯст.
Аз назари Қуръон равобит миёни афроди уммати исломӣ, бояд ҳамонанди афроди як хонаводаи солим ва муътадиле, ки тавсиф шуд бошад.
Равобит миёни муъминон бар пояи бародари таъриф шудааст, дар оёте аз Қуръон бар масъалаи ухуввати имонӣ таъкид шудааст. Паёмбар(с) бар ҳамин асос миёни афроди ҷомеа ақди ухувват ва бародариро баргузор мекарданд.
Албатта ин ба ин маъно нест, ки танҳо миёни он ду нафаре, ки ақди ухувват барқарор мешавад робитаи гуфташуда бошад ва на байни дигарон, балки ин амал танҳо шакли намодине аз ҳақиқати ҷомеаи исломӣ аст, ки бар асоси бародари имонӣ шакл мегирад.
Бар ин асос ҳаммаи муъминон дар ҳукми бародари динӣ ҳастанд ва бояд равобити миёни худро бар асоси ин асли бародарӣ таърифу таъйин кунанд.
Чунин ҳукме иқтизо мекунад, ки бисёре аз равобит дар чорчуби бародарӣ таъриф шавад, ки яке аз шохисаҳои он гузашт аз бисёре аз ҳуқуқ ва амал бар асоси эҳсон ва исор аст.
Зеро робитаҳои бародарона, афв ва гузашт ҳаргуна ихтилофотеро аз миён бар медорад ва шиқоф ва ҷудоӣ миёни ҷомеаро аз байн мебарад ва ин гуна ҷомеае ҷомеаи солим хоҳад буд.

Оина будан
Агар бихоҳем муқтазиёти бародарӣ имониро таъриф кунем, бояд бахши умдае аз мақолаҳоро ба он ихтисос диҳем, аз инрӯ танҳо ба нуктае аз нукоти бародарӣ ишора мекунем, ки дар амали иҷтимоӣ бисёр муҳим ва ҳассос аст.
Яке аз муқтазиёти бародарии имонӣ оина будан аст.
Дар ривоёти муътабари исломӣ ин маъно борҳо такрор шуда,ки «المؤمن مرآة المؤمن» муъмин оинаи муъмин аст.
Натиҷаи оина будан он аст, ки ҳамвора рӯ ба рӯи шахс қарор мегирад ва чеҳраро чунон ки ҳаст нишон медиҳад.
Имом Содиқ(а) мефармоянд: «احب إخوانی إلیَّ من اهدی إلیَّ عیوبی» маҳбубтарин бародари динии ман касест,ки айбҳои манро ба ман ҳадя кунад.
Пас ба ҷойи ин ки айб ва навоқиси бародарашро махфӣ ва ниҳон созад барои ӯ ошкор мекунад то худро ислоҳ карда ва камолотро дар худ таҳаққуқ бахшад, ин ҳамон вазифаест, ки дар Ислом ба унвони амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар таъриф шудааст, зеро бародари имонӣ бо баёни кори маъруф ва писандида ва ташвиқ ба он, талош мекунад то камолотеро, ки мешиносад ва дар бародари динӣ намеёбад, дар вай бо ангезаи боло эҷод мекунад ва аз нописандҳо, ки навоқис ва уюб аст, ӯро дур созад ва парҳез диҳед.
Ин ки муъмин бояд уюби бародари муъминашро ба ӯ гушзад кунад, ба он маъно нест, ки дар пушти сараш уюби ниҳонашро ошкор кунад, ки ин кор ғайбат ва бурдани обрӯи муъмин аст ва корест ҳаром.
Аз хусусиёти оина будан он аст, ки айбҳоро бузургтар ё хурдтар аз он чӣ ҳаст нишон намедиҳад, чунон ки таваҷҷуҳе ба мақому мансаб надорад ва ҳар он чӣ дид, бе таваҷҷуҳ ба ном ва нишону мақом ба намойиш мегузорад.
Албатта оина низ бояд пок ва беғубор ва беолоиш бошад, вагар на тасвире дуруғин ироа медиҳад, инҷост, ки садоқат ва ростӣ арзиш ва ҷойгоҳи худро нишон медиҳад.
Бародари динӣ, бояд ҳамонанди дусти содиқ ва садиқ амал кунад ва ҳар он чӣ ҳаст бе каму кост ба нашойиш гузорад.

Дӯст он беҳ, ки ҷумла айби туро,

Ҳамчу оина рӯбарӯ гӯяд.

На ки чун шона бо ҳазор забон,

Пушти сар рафта му ба му гӯяд.


Агар бародари динӣ воқеияти талху ширинро ба намойиш гузорад, набояд ӯро ба сабаби гуфтораш сарзаниш кард, чунон ки оинаро ба сабаби нишон додани чуркҳои сару сурат намешикананд.

Ончи баён шуд танҳо гушае аз сифоти бародари имонӣ аст, ки бояд дар равобити иҷтимоӣ миёни уммати Ислом дар як ҷомеаи имонӣ риоят шавад ва агар интавр шавад ҷомеаи солим ва рӯ ба рушд дар тамоми саҳнаҳоро таҷриба хоҳем кард.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст