Натиҷаи тарс ва шарми нобаҷо!

Гоҳ инсонҳо аз тарс ва ваҳшати ноогоҳона ва нобаҷо ҳам фурсатҳоро аз даст медиҳанд ва ҳам аз дину оини худ дифоъ намекунанд. Ин сифат, ки албатта дар ҷои худ ва дар баробари холиқи ҳастӣ як амри мамдуҳ аст, аммо дар баробари мардум, хусусан золимон аз сифатҳои паст ва нобаҷо аст, ки дар шаъни ҳеҷ муъмине нест.

Дар инҷо сухане аз Алӣ(а), саҳобӣ ва ёру ҳамроҳи Расули Аллоҳ(с)-ро, ки дар бораи ин сифат омадааст баён хоҳем намуд.

« وَ قَالَ علی(ع):‏ قُرِنَتِ‏ الْهَيْبَةُ بِالْخَيْبَةِ وَ الْحَيَاءُ بِالْحِرْمَانِ وَ الْفُرْصَةُ تَمُرُّ مَرَّ السَّحَابِ فَانْتَهِزُوا فُرَصَ الْخَيْر»

Тарс бо ноумедӣ ва шарм бо маҳрумият ҳамроҳ аст ва фурсатҳо чун абрҳо мегузаранд, пас фурсатҳои некро ғанимат шуморед!

 

Мақсуди ҳазрати Алӣ(а) аз ҳайбати тарс аз тарафи муқобил аст. Тарс монеи бароварда шудани ҳоҷат ва расидан ба ҳадаф аст, чун бо рӯи боз сухан гуфта намешавад ва маънои наздикии тарс бо зиён ҳам ҳамин аст. Ҳамчунин, шарм бо ноумедӣ ҳамроҳ аст, ба ин сабаб, ки шарм бо фуругузоридани хоста ва иброз накардани он ҳамроҳ аст.

Ин сухан барои барҳазар доштани инсонҳо аз тарс ва шарм, ки ҳарду накуҳидаанд мебошад.

Албатта инро ҳам бояд донист, ки ҳар шарм ва ҳаёе накуҳида нест. Чунон ки Расули Худо(с) фармудаанд:

«الْحَيَاءُ حَيَاءَانِ‏ حَيَاءُ عَقْلٍ وَ حَيَاءُ حُمْقٍ فَحَيَاءُ الْعَقْلِ هُوَ الْعِلْمُ وَ حَيَاءُ الْحُمْقِ هُوَ الْجَهْلُ»

Ҳаё ду навъ аст. Ҳаёи ақл ва ҳаёи бехирадона. Пас ҳаёи ақл, ҳамон илм аст, вале ҳаёи аҳмақона, ҳамон ҷаҳлу нодонӣ аст.

Сухани ноби Пайғамбар(с) далолат бар дорад, ки ҳаё бар ду қисм аст: яке мамдуҳ ва он ҳаёе аст, ки аз ақлу хирадмандӣ аст, мисли ин ки шахс аз чизе шарманда бошад, ки ақли саҳеҳ ё шаръ ба нописандии он ҳукм кунад, монанди шармандагӣ аз гуноҳон ва ношоистагиҳо.

Ва ҳаёи аҳмақ, он ҳаёе аст, ки ношӣ аз ҳумқ ва бехирадӣ аст, мисли шармандгии шахсе аз коре, ки авоми мардум онро зишт пиндоранд ва дар воқеъ зишт нест ва ақли саҳеҳ ва шаръ ба он ҳукм менамояд, монанди пурсиш аз масоили илмӣ, ё баҷо овардани ибодоти шаръӣ.

Бинобар ин, ҳам ҳаё ва ҳам тарс бад ҳастанд, дар мавридҳое, ки ақлу хирад ҳамроҳашон набошад, аммо агар ҳардуи онҳо бо ақлу хирадмандӣ ҳамроҳ шаванд, аз нишонаҳои муъминон хоҳад буд.

м.Нури Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст