چاپ
Ончи сабаб шуд, ки мо дар бораи илм ва робитаи он бо бандаги Худовандро пайгири кунем ин пурсиш буд ки, илми муқаддас кадом аст? Мартабаҳои он кадоманд? Ва сарчашмаи он куҷост?. Ва ҳамчунин намоз ва матабаҳо ва осораш чигуна аст?. Мо кушиш кардем, ки ин  баҳсро аз дидгоҳ Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ баён кунем, зеро Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ аз олимон ва орифони бузургворе аст, ки илмш дар бандагияш ба Худованд асари амиқи дошта аст, ки боис шуд дар назди олимон ва мардум ҷойгоҳи хосси дошта бошад.
Пеш аз ин ки ба баҳс дар бораи мартабаҳои илм ва осори он дар намозро шруъ кунем, ҷойгоҳи илми ва ирфони он бузӯргворро ба сурати хулоса баён мекунем.
Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ орифи бӯзӯрг
Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ дар ирфон ва илмҳои гуногуни дорои маҳорати, олим гашт ва мақомоти болои маърифати Илоҳиро ҳосил намуда буд. Чунон чи дар улуми ботинӣ ва ирфонӣ машҳура ва асари гаронбаҳоеро баҷо гузошт то ба толибони маърифат ва ҳақиқати ҷӯёни роҳи ҳақро роҳнамоӣ карда бошад.[1]
Ҳамадонӣ бо ишораи ғайбӣ  се навбат ҷаҳонро сайр кард то халқи Худоро ба тавҳид даъват кунад ва роҳи ҳақиқат ба суӣ мақсадро роҳнамоӣ кунад.[2]
Аз ин боб Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ, як олим ва орифи бузурги динӣ Ислом аст ва ҷо дорад, ки ҳосили талошҳои ӯро, ки ҳамон асари ӯст мутолиа кунем то сабаби рушди илмиямон шавд.
Мартабаҳои илм ва осори он дар намоз
Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ дар бораи илм, ки инсонро дар роҳи камол қарор медиҳад ва намозашро ки асари ҳақиқи дорад, бо қисматҳои илм ва осораш баён мекунад.ба фармудаи Қуръон:“ҳамоно намоз (инсонро) аз фаҳшо ва мункар боз медорад[3]”
Дар ҳақиқат намозе, ки моро аз фаҳшо ва палидиҳо боз дорад, намозе, аст ки бо илму огоҳӣ бошад.
Дар ривоёти зиёде аз Пайғамбар(с) ва Аҳлулбайташ омадааст, ки ибодати бе илму огоҳӣ асар надорад ё ин, ки баҷои суд, зарараш зиёд аст.
Ривояти аз имоми Содиқ(а) набераи Паёмбар(с) расидааст, ки фармуданд: падаронам нақл карданд, ки Расули Худо(с) фармуданд:
 “Касе, ки амали бе илм анҷом диҳад фасодаш бештар аз салоҳаш ҳаст” [4]
Ҳамчунин  Алӣ (к.р) мефармоянд: “Ибодаткунанда ва амалкунандаи бе илм, монанди хари осиёбе аст, ки давр мезанад, ва аз ҷои худ ҳаракат намекунад” .[5]
Агар ҳафтодсол ҳам бичархад  ҳангоме, ки чашмашро боз мекунад, мебинад дар ҳамон нуқтаи аввал монда ва як қадам ба пеш ҳаракат накардааст. Эй кош мо ҳам дар дунё дар касби илм кушиш мекардем то пешрафти моддиву маънавӣ дошта бошем. Аммо бадтар аз ин он аст, ки бархе инсонҳо ҳатто инқадар илм надоранд, ки бифаҳманд  дар ҷои худ мечарханд, инҷост ки аз мартабаи инсонӣ ба мартабаи ҳайвонӣ меуфтанд.
Бар ин асос асари намозе, ки мехонем  ин аст, ки моро аз фасод ва корҳои бад ва фаҳшо боз дорад, аммо бар асари намози бо ҷаҳлу нодонӣ ҳануз дар ҳамон фасоду бади мондаем, балки ғутавар ҳам шудем.
 Дар бораи мартабаҳои илм назари Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ ин аст ки, Худованд дугуна манбаи шинохт ва идрок дар вуҷуди инсон наҳодааст: Идроки сурӣ ва идроки маънавӣ. Идроки сурӣ ба василаи қувои ҳиссӣ монанди: Чашм, гӯш, бинӣ ва... сурат мегирад ва идроки маънавӣ ба василаи қувво ва умури ҳамчун қалб, ақл, рӯҳ, сирру, хафӣ эҷод мешавад.[6]
Бар асоси улум аст, ки намоз ҳам бар мартабаҳои мухталиф ва дорои осори мухталиф тақсим мешвад, ва ин улум иборатанд:
Аввал: Илм латифаи қобилия аст, (илм фиқҳи) ва он илм нофеъ ва судманд аст ки вобаста ба одоб ва аъмол ва ислоҳи маош ва зиндагӣ дорад, ва аз ғайби малакутӣ, арзи (ҳавоси панҷгона) ки аз ғайб ва ботинҳои нафс аст, истимдод ва ёрӣ меҷӯяд, ва намозаш бастаги ба иқома ва барпо доштан вазиятҳои шаръи ва мурооти рукнҳои урфи дорад ва аз гуноҳон ва нофармониҳои зоҳирии шаръӣ боз медорад.
Дувум: Илм латифаи нафсия аст, (илми калом ва ахлоқ) ва он илми шариф ва арҷуманд аст, ки таалуқ ба ахлоқ ва фазойл ва ислоҳи маод  ва бозгашт дорад, ва аз ғайби қалб ба воситаи ақл амали истимдод ва ёрӣ меҷӯяд, ва намозаш бо хузуъ ва хушуъ ва инқиёд ва оромиш (фармонбардор ва оромиш) байни бим ва умед аст, ва аз фурумоягиҳо ва ахлоқи зишт ҳайати зулмони ва торик боз медорад.
Севум: Илм латифаи қолилия аст, ва он илми кулли ва яқинӣ аст, ки таалуқ ба сифоти камолӣ дошта ва ба воситаи ақли назарӣ ва ҳақоиқи кашфӣ аз ғайби сирри истимдод ва ёрӣ меҷӯяд ва намозаш бо ҳузур ва муроқибат аст ва аз беҳудакориҳо ва ғафлат ва бехабари боз медорад.
Чорум: Илм латифаи сиррӣ аст, ва он илми ҳақиқӣ аст, ки тааллуқ ба таҷалиёт ва мукошифот дошта ва ба воситаи мусомирот(шаб зиндадори) ва сухан гуфтанҳои ғайбӣ аз ғайби рӯҳ истимдод ва ёрӣ меҷӯяд ва намозаш бо муноҷот ва муколима ҳамроҳ аст ва аз таваҷҷуҳ кардан ба ғайр ба воситаи ғафлат  ва бехабарӣ боз медорад.
Панҷум: Илм латифаи руҳия аст, ва он илми завқия (кашфи) ладуннӣ аст, ки таалуқ ба мушоҳидот ва мувосилот (баҳампайвастанҳо) дошта ва ба воситаи вазиши насимҳои иноят ва ҳидоят аз ғайби хафӣ истимдод ва ёрӣ меҷӯяд, ва намозаш бо мушоҳида ва бо чашм дидан ҳамроҳ аст ва ба сабаби зуҳури сифоти қалбӣ дар тул ё давоми болорафтани рӯҳӣ аз туғён ва саркашӣ боз медорад.
Шашум: Илм латифаи хафия аст, ва он илми иҷмолӣ аст, ки таалуқ ба асрори муҳаббат ва тафрид (ягона кардан) дошта ва воситаи кашишҳои меҳру муҳаббатҳои ҷамоли дурахшишҳои сарпардаҳои ҷалоли, аз ғайб алғуюби бори Худованд истимдод ва ёрӣ меҷӯяд, ва намозаш ҳамроҳ бо муноҷот (мақомот ва манзилҳо) ва мулотифа ё латофат ҳамроҳ аст ва аз дугонагӣ ва зуҳури ғрур ва худнамои ва кибр ва ғурур боз медорад.[7]
Хулоса
Хулосаи матлаб ин аст, ки байни илму абодат робитаи танготанге аст, ки ҳар миқдоре, ки илм инсон боло бошад, ҳамон миқдор намозаш бо сафову лазатбахш буда ва инсонро дар зиндагӣ аз фаҳшо ва зарарҳо ҳифз карда ба саодат мерасонад.
 [1] Маҷолиси алмуминин, қози Нуруллоҳи Шуштари, саҳ 138, ҷ 2: Риёз алсиёҳа, Мирзо Зайнулобидин Шервони, саҳ 713.
[2] Миръот утоибин, Ҳамадонӣ тарҷумаи Ғуломҳасани Ҳусну, саҳ 8.
[3] Сураи Анкабут,ояти 45  (إِنَّ الصَّلاةَ تَنْهَى‏ عَنِ الْفَحْشَآءِ وَالْمُنکَرِ).
[4] Баҳорул анвор, ҷ 1. саҳ 208. (من عمل علي غير علم کان ما يفسده اکثر مما يصلح،)
[5] Сафинатул биҳор, шайх Абосси Қумми, ҷ 2, сах 114.
المتعبد علي غير فقه کحمار الطاحونه يدور و لا يبرح، ...
[6]  Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Захиратулмулук, саҳ 108.
[7] Китоб асрори нуқта ё тавҳиди мукошифот, Амир Саид Алӣ Ҳамадони, мутарҷим: Муҳаммад  Хоҷави: теҳрон хиёбон инқилоб: чопхонаи ирон Масур: чоп саввум 1388 саҳ 36.
 
زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 1329