Нақши тазкия дар таълиму тарбияти исломӣ

قَد اَفلَحَ مَن تَزَکی وَ ذَکَرَ اسمَ رَبِهِ فَصَلی

Албатта покон наҷот ёфтанд, онон ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд.

Мавзуи баҳс масъалаи таълиму тарбият дар Ислом ва робитаи байни тарбият ва таълим аст. Таъбире, ки маъмулан Қуръон аз калимаи (тарбият) мекунад аз луғати тазкия аст: قد أفلَحَ مَن زَکّیها وَ قَد خابَ مَن دَسّیها

Ё дар ҷои дигар: قَد أفلَحَ مَن تَزَکّی وَ ذَکَرَ اسمَ رَبِهِ فصلی

Ва дар сураи маборакаи Ҷумъа, ки ҳадаф аз беъсати Паёмбари Ислом(с) зикр мешавад:

هُوَالذی بَعَثَ فِی الاُمِیّینَ رَسُولاً مِنهُم یَتلُوا عَلَیهِم ایاتِهِ وَ یُزَکّیهِم وَ یُعَلِّمُهُمُ الکِتابَ وَ الحِکمَة

Ӯст Худое, ки ба миёни мардуми бесавод паёмбаре аз худашон фиристод, то оёташро бар онҳо бихонад ва онҳоро покиза созад ва китобу ҳикматашон биёмӯзад. Агарчи пеш аз он дар гумроҳии ошкор буданд.

Мафҳуми тазкия

Тазкия яъне пиростан ва пок кардан аз олудагиҳо. Калимаи (закот) низ бо (тазкия) ҳамхонавода аст; яъне тазкия ва закот аз як решаанд ва агар маънои тазкия, пиростан ва пок кардан аз олудагиҳо бошад, калимаи закот низ тақрибан ба ҳамин мафҳум ба кор рафтааст. Яъне гуфта мешавад закоте, ки ба мол тааллуқ мегирад дар воқеъ, пиростани мол аст аз қисмате, ки ҳуқуқи мардум ба он тааллуқ гирифтааст ва агар ин қисмат аз мол ҷудо шуд, бақияи мол гуворо ва пок ва қобили баҳрабардорӣ аст ва аз ҳар гуна тамаъ ва кина ва нифоқ ва назари бад дур мешавад. Аммо чунончи ҳаққи мардум аз мол пардохт нашуд, ин мол покшуда ва пироста нест, олуда аст ва табъан ин мол барои соҳибаш он баракат, покӣ, сафо ва пиростагиро надорад. Онҷо ки тазкия дар бораи нафсу рӯҳ ва ҷону равон ба кор рафта ба маънои пиростани рӯҳ ва фикр аз ҳар гуна олудагӣ аст: олудагии фикрӣ, олудагии ахлоқӣ ва олудагиҳои рӯҳӣ. Пиростан аз ин масоил ҷанбаи тазкияи кор аст.

Тазкия қабл аз таълим

Акнун лозим аст дар ин замина чанд нукта тазаккур дода шавад, Ин ки дар Қуръон масъалаи тазкия қабл аз таълим омадааст; яъне парвариш қабл аз таълим ва қабл аз омӯзиш аст. Бар хилофи маъмул, ки омӯзишро бар парвариш муқаддам медонем, дар Ислом ва дар таъбири Қуръон масъалаи тазкия ва тарбият қабл аз таълим ба кор рафтааст. Бояд аввал рӯҳ, ҷон, равон, ахлоқ, иҷтимоъ ва амал аз олудагӣ ва инҳироф пок гардад, баъд аз ин пиростагӣ, омода мешавад, то ба камолот ҳам ороста шавад ва рушд кунад ва боло биёяд. Аммо агар заминаи рӯҳ ё фикр олуда ва иҷтимоъ олуда буд, чунин шароите барои боло омадан ва тарбият ва рушд омода нест.

Робитаи тазкия ва тарбият

Робитае, ки байни тазкия ва тарбият вуҷуд дорад, робитаест байни муқаддима ва муқаддима аз асли матлаб барқарор аст, яъне тазкия ба маънои пок кардан ва пиростан аз олудагиҳо, аммо тарбият яъне боло овардан ва рушду нумӯ додан ва боло овардан аст. Як иртиботи бисёр дақиқ байни тазкия ва тарбият барқарор аст. Модоме, ки як чизеро ба хубӣ пок накунем барои рушд омода намешавад.

Ин масъала дар қолаби мисолҳои мухталиф комилан қобили тавзеҳ аст. Масалан дар як мазраа ё боғ ё гулистон, ки боғбон сатҳи гулистонро аз хорҳои зоид, алафҳои беҳуда ва гиёҳони худрӯ пок накунад замина барои рушди комили баргҳо ва соқаҳои дарахту шохаҳои гул пайдо намешавад. Лозимаст муҳит ҳатман пок бошад то ончи кошта шуда битавонад рушд кунад ва боло биёяд. Аммо агар иҷоза додем дар сатҳи як боғча ё гулистон ҳар алафи беҳуда бируяд, дар натиҷа замина барои парвариши гиёҳу гул фароҳам нахоҳад буд. Ё масалан дарахтоне, ки лозим аст баъзе шохаҳои зоиди онро дар мавқеи муаяне аз сол бизананд, то рушди дигар шохаҳои зоид муқаддимае барои рушд кардани соири шохаҳо аст, то инки самара ва меваи он дарахт ва он гул бештар ва беҳтар шавад.

Бинобар ин, тазкия бисёр муассир ва лозим дар амри тарбият аст. Инояте, ки Ислом ба тазкия қабл аз таълим дорад ба ҳамин ҷиҳат аст. Яъне модоме, ки заминаи дил аз олудагиҳо пок нашавад барои ороста шудан ба камолот ва фазоили маънавӣ ва ахлокӣ омода намегардад.

Шиори даъвати Паёмбар(с)

Ин ҷумла маъруф аст, ки аввалин калима ва даъвате, ки Паёмбари гиромии Ислом(с) фармуданд ин буд, ки:

«قولوا لا اله الا الله تفلحوا»

Шиори Ислом ҳам «قولوا لا اله الا الله تفلحوا» аст. Яъне дорои ду бахш аст: Яке (ло илоҳа) яке (иллаллоҳ). Ба ин маъно, ки Ислом ибтидо мехоҳад худоеро, ки мардум барои худ сохта буданд бишканад, то муҳит барои пазируфтани Аллоҳ ва Худои воҳиду ягона омода шавад. Ҳоло ин худоён чи он бутҳое бошанд, ки худашон тарошида буданд ва чи он бутҳои ҷондоре, ки ба сурати бутҳои муҷассам ва мутаҳаррик дар байни мардум ҳаракат мекарданд, ва ё моҳу ситорагон ва ё ҳайвонот ва ё ҳавои нафс ё дирҳаму динор бошад. Ва ба ин хотир агар бихоҳем Аллоҳро дар муҳити, ки олуда ба анвои худоҳо аст таблиғ кунем модоме, ки дар муҳите бутҳои фаровон вуҷуд дорад, даъват ба тавҳид ва ягонапарастӣ ва гароиш ба Аллоҳ натиҷабахш ва муваффақ нест. Гароиш ба Аллоҳ замоне пеша мегирад ва ҷон пайдо мекунад, ки муҳит аз олудагиҳо ва бутҳо пок шавад. Бинобарин Паёмбари акрам(с) то вақте ки муҳити Каъбаро аз бут пок накарда ва бутҳоро нашикастааст худро муваффақ намедонад. ӯ, илова бар инки бутҳои беҷонро шикаст, бутҳои ҷондорро ҳам решакан кард. Яъне ҳамаи худоёни зару зуреро, ки дар муҳит вуҷуд доштанд аз байн бурд ва асли иттиҳод ва ягонагӣ ва баробарӣ ва мусовот ва ҳамоҳангиро байни мардум тарвиҷ кард:

یا أیُهَا الناسُ إنا خَلَقناکُم مِن ذَکَر وَ أنثی وَ جَعَلناکُم شُعُوباً وَ قَبائِلَ لِتَعارَفُوا انَّ أکرَمَکُم عِندَ اللهِ أتقیکُم ... (حجرات/13)

Эй мардум, мо шуморо аз марду зан офаридем ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост.[1]

Бинобарин масъалаи пок кардан ва пиростан ва зудудани олудагиҳо як муқаддимаи лозим барои рушд кардани камолот ба маънои воқеӣ аст.

Як шоҳиди дигар

Боз ба унвони шоҳид, ҷумлаеро дар мавриди сифоти Худо арз мекунам. Медонем, ки баъзе аз сифоти Худо салбия ва баъзе субутия аст.

Нақши тазкия дар хайрхоҳӣ ва камолталабии инсон

Асле, ки аз Ислом бо истифода аз шавоҳиди Қуръонӣ ва ривоёти гуногун ҳосил мешавад ва дар масоили тарбиятӣ бисёр муфид ва қобили баҳрабардорӣ аст ин аст, ки асосан инсон ба гунае офарида шуда, ки мутаваҷҷеҳи хайрот ва камолот дар худи ӯ ва дар зоту ҷонаш вуҷуд дорад. Яъне Худованд истиъдоде ба инсон додааст, ки метавонад рӯ ба камол ва рушд ҳаракат кунад ва авҷ бигирад. Зотан ингуна офарида шудааст: (و نفس و ما سویها فألهمها فجورها و تقویها) Қасам ба нафс ва онки ӯро офарид ва ба ӯ шарру хайрро илҳом кард.[2]

Яъне асосан инсон худ ба худ метавонад хайр ва шарро бишиносад. Ин биниш ва фаросат, ин басират ва равшанбинӣ дар ҳақиқати зоти инсон қарор дода шудааст. Аммо ин оинаи дил зангор мегирад; ин оинаи рӯҳ ва нафс дар асари ғуборҳои тарбиятҳои ғалат, хурофот, афсонаҳо, асотиру шаҳватҳо зангор мегирад ва монеъ мешавад аз инки рӯҳу нафс ва ҷони одамӣ битавонад рушд ва нумувви худро бикунад ва ба суи камоли тарбият ва пешрафту боло рафтан қадам бардорад. Бояд ин ғуборҳо ва олудагиҳо аз муҳити дил ва саҳфаи рӯҳ пок шавад. Дар ғайри ин сурат, тарбияту таълим низ ё асари комил надорад ва ё таъсири баръакс хоҳад дошт. Масалан касоне маълумоти фаровоне пайдо мекунанд, аммо чун тарбияти кофии ахлоқӣ надоранд ва рӯҳашон аз олудагиҳо пок нашудааст ин маълумот барои онҳо василае барои шарорат ва суъи истифода ва баҳрабардории ғалат мешавад. Аммо агар рӯҳу ахлоқ аз олудагиҳо пок шавад инсон метавонад аз сармояе, ки дар ихтиёраш мегузоранд баҳрабардории бештар ва беҳтаре бикунад.

Таъсири фасод дар ҷомеа

Дар инҷо ба таври фишурда ва ба унвони натиҷаи баҳс лозимаст бигӯем, ки фасодҳои ахлоқӣ ё фикрие, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад монеи рушду камоли иҷтимоъ аст. Масалан эътиёд ба маводи мухаддир як фасоди иҷтимоӣ ва ахлоқӣ аст, аммо фасоди он танҳо маҳдуд ба ин нест, ки миқдоре пул ва нерӯ ва вақт ва сармоя ва саломатии як фарди муътод дар роҳи он масраф мешавад ва ба ҳадар меравад ва дар натиҷа ӯ зарар карда ва олуда шудааст, балки асосан ин фасод ва олудагӣ монеи тараққӣ аст ва монеъ аз ин мешавад, ки дар ҷомеа нерӯҳо битавонанд рушди кофӣ биёбанд. Ба ин маъно, ки дар натиҷаи эътиёди як фард, он истеъдод, рӯҳ, биниш ва қудрати илмӣ ва фикрӣ ва кории ӯ дар ҷомеа заиф мегардад. Дар натиҷа, сатҳи пешрафти ҷомеа на танҳо мутаваққиф мешавад балки поин меояд. Бинобарин фасод монеи тарбият ва рушд ба маънои васеъ дар ҷомеа хоҳад шуд.

Офати дурӯғ

Барои мисол, дурӯғ низ як офати ахлоқӣ ва як фасод аст. Дурӯғгӯӣ одати зиште аст, ки вақте дар як ҷомеа ё дар як фард пайдо шуд, мизони истифода аз нерӯҳои ҷомеаро коҳиш медиҳад. Яъне вақте як теъдод дурӯғгӯ пайдо шуданд эътимод салб мегардад ва дар натиҷа назму риволи умур заиф мешавад ва бахши зиёде аз нерӯҳо бояд барои ҷалби эътимоди ба масраф бирасад. Агар дар муомилаҳои бозор дурӯғ роиҷ шуд бояд нерӯи зиёде сарфи аз байн бурдани офоти дурӯғ гардад. Яъне барои хариди як колои мухтасар, ки маҷмуъ вақте ки ба таври табиӣ эҳтиёҷ дорад даҳ дақиқа аст, мумкин аст ду соат вақт ва нерӯ сарф шавад, то таҳқиқи зиёде барои ба даст овардани қимати воқеии ҷинс сурат гирад, то бовуҷуди хиёнат ва дурӯғе, ки дар муҳити кор вуҷуд дорад, битавон қимати воқеии онро ба даст овард. Бинобарин бо вуҷуди омадани офати дурӯғ, пеши рушди нерӯҳо гирифта мешавад; яъне миқдори зиёди пешрафти кор коҳиш меёбад ва бахше аз нерӯҳо поймол мешавад ва аз байн меравад. Айнан мисли инки боғбон шохаҳои зиёди дарахтро назанад ва боис шавад миқдоре нерӯ ва об ва маводи ғизоӣ, ки дарахт барои рушди худ аз замин гирифтааст, ба ҳадар равад ва аз он баҳрабардорӣ нашавад. Пас, ба дунболи ин офат аз байн рафтани нерӯ ва ҷилавгирӣ аз рушду тарбият хоҳад буд ва низ ҳар фасод ва гуноҳе, ки дар ҷомеа пайдо шавад офат ва балои рушд ва тарбияти он ҷомеа аст. Бинобар ин, тазкия заминаи тарбият ва балки айни тарбият аст.

Таъсири фасод дар ақабмондагии ҷавонон

Дар масоили иҷтимоӣ, ки бо он мувоҷеҳ ҳастем, таваҷҷуҳе, ки ҷавонон ба марокизи фасод пайдо мекунанд. Гузашта аз инки миқдоре аз пулу вақташонро сарф мекунанд, кори онҳо дар пешрафти таҳсилӣ ҳам поин меояд. Яъне ҷавоне, ки бояд таклифи рӯзи баъдшро анҷом диҳад бо рӯй овардан ба як маркази фасод ва таваҷҷуҳ ба як фасоди ахлоқӣ ба унвони тафреҳ ва саргармӣ, илова бар фасоди ахлоқие ки пайдо кардааст, дар натиҷаи таваҷҷуҳи фикр ва зеҳнаш ба масоили шаҳвони ва ҷиноӣ, қадре аз нерӯи фикр ва зеҳн ва ҳавос ва ақл ва ҳуши ӯ дар ин қисмат аз байн рафта ва нобуд шуда аст. Яъне баъд аз чанд соат талафи вақт, на танҳо вақте барояш боқӣ намонда, ки ба дунболи таҳсил бошад, балки рӯҳаш он чунон ошуфта ва парешон шуда, ки асосан алоқа ва таваҷҷуҳашро ба кор ва таҳсил салб карда аст. Дигар масъалаи физика, риёзӣ, ҳандаса ва ҷабр барояш он шур ва шавқ ва алоқааш маътуф ба ҷои дигар шуда ва ҷои дигар ӯро ҷазб карда аст. Бинобарин, офатҳои иҷтимоӣ офати пешрафт ва рушди як ҷомеа аст; яъне ҳарчи марокизи фасоди ахлоқӣ ва фикрӣ ва шаҳват ангезаҳо дар як ҷомеа бештар шавад, ва харидорони он зиёдтар гардад, сатҳи тавлид ва пешрафти илми ва пешрафти иҷтимоӣ ва тараққии фикр пойин меояд.

Яке аз аҳдофи рисолат

Шумо тасаввур мекунед як ҷомеа чи қадр аз назари хилқат ва табиат омодагии рушди фикрӣ дорад? Бисёр зиёд. Зеро инсон метавонад озод бияндешад ва фикр кунад ва дар риштаҳои мухталифи илмӣ ва фикрӣ ва иҷтимоӣ ва маънавӣ пешрафт кунад. Аммо вақте аз ин озодии фикр пешгирӣ шуд ва офот ва зангорҳое эҷод гардид, ки монеи шукуфоӣ ва самар додани ин сармояи маънавӣ гашт, он офот, боиси рукуд ва ақибмондагӣ мешавад. Ба ҳамин хотир яке аз таъбироте ки Қуръон дар бораи шахсияти гироми Расули Акрам(с) мефармояд ин аст ки: (... وَ یَضَعُ عَنهُم إصرَهُم وَ الأغلالَ الَّتی کانَت عَلَیهِم ...(Аъроф/107).

Яке аз аҳдофи Паёмбари Ислом(с) ин буд ки борҳои дигаронро аз души ҷомеаи инсоният бардорад ва ғул ва занҷирҳоеро ки ба пои мардум баста шуда буд пора кунад. Агар як инсони маъмули ба таври табии метавонад дар понздаҳ дақиқа ҳудуди як километр роҳ биравад ва ё дар ҳафт дақиқа як километр роҳ бидавад, агар чунончи ба пояш ғул ва занҷирҳое бастанд, ин қудрати ҳаракат аз ӯ гирифта мешавад ва имкони пешрави аз ӯ салб мегардад. Акнун бояд ғул ва занҷирро пора кард то имкони ҳаракати по фароҳам шавад. Яке аз аҳдофи Ислом ҳамин аст ки ин ғул ва занҷирҳоро пора кунад; ва занҷирҳое, ки калисоҳо ба фикри мардум баста буданд, зимомдорон ба даст ва пои мардум баста буданд, ашроф ва табақоти мураффаҳи иҷтимоъ дар ҷомеа ба вуҷуд оварда буданд; ин борҳои гарони фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқиро бардорад то инсон озод гардад, халос ва роҳат шавад ва дар натиҷа битавонад тарбият шавад ва рушд кунад ва боло биёяд.

Навоварӣ дар Ислом

Яке аз навовариҳои Ислом ҳамин аст. Чун ин худ баҳсе аст, ки Ислом чи оварда? Навоварии Ислом чи буда? Яке аз бузургтарин вазоифи Ислом ҳамин буд, ки ҳамаи ноҳамвориҳо ва хурофот ва каҷфикриҳо ва каҷравиҳои гузаштагонро бизудояд ва инсонро аз олудагиҳои гузашта пок кунад. Магар кори кучаке аст, ки бигӯяд: эй инсон! Он Худое, ки ту тасаввур мекарди ғайр аз Худо аст; он мавқеияте, ки барои раҳбарони калисо ё барои зимомдорон ва раҳбарони иҷтимоӣ ва ашроф ва сарватмандон қоил будӣ иштибоҳ аст. Асосан фикрро аз он олудагиҳо ва зангорҳо пок ва пироста гардонад то ҷомеа озод шавад ва вақте озод шуд метавонад парвоз кунад; мисли парандаи баланд парвозе, ки метавонад авҷи фаровон бигирад аммо дар қафас гирифтор аст. Қафасро боз кунед бубинед то куҷо авҷ мегирад. Яке аз бузургтарин хадамоти Ислом боз кардани дари ин қафас аст. Он қафасеро, ки барои рӯҳ ва ҷон ва иҷтимоъ ва ояндаи инсонҳо дуруст шудааст мегӯшояд ва ғул ва занҷирҳоро пора мекунад. Дар натиҷа, инсон озод мешавад ва метавонад авҷ бигирад.

Олудагиҳои дурӯғ ва ҳасад ва кина ва нифоқ ва бадбинӣ ва беэътимодӣ монанди ғул ва занҷире аст, ки ба даст ва по ва рӯҳӣ як ҷомеа баста мешавад ва монеи озодии ҷомеа барои рушд ва тараққӣ ва пешрафт мегардад. “وَ یُزَکیهِم وَ یُعَلِمُهُمُ الکِتابَ وَ الحِکمَةَ ...” (Ҷумъа/2) яъне аввал Паёмбари Акрам(с) тазкия ва пироста мекунад ва ба дунболи он таълим медиҳад ва тарбият мекунад. Дар ғайри ин сурат, ҳарчи барои як муҳити олуда хуроки хуб таҳия шавад, маълум нест дар баробари он ҳама истифода аз хурокҳои фосид битавонад кори худро анҷом диҳад. Бинобар ин, дар масъалаи тарбият ҷиҳати хоссе ки бояд бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад ва рӯи он такя шавад масълаи мубориза бо офот ва фасодҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ аст.

Нақши ҳассоси тарбият дар ҷавонон

Ин матлаб хусусан барои донишомузон ва ҷавонон бисёр матраҳ аст, ки ҷавон дар он синин асосан ба дунболи гумшуда мегардад. Доиман мехоҳад чизеро биёбад, ки худро бо он саргарм ва дилгарм кунад, ва дар ҳоле, ки ҷушиши фаровон ва кушиш ва талош дорад ва ба дунболи гумшуда мегардад, чи қадр зуд домҳои хатарнок фасодҳои иҷтимоӣ метавонад даст ва пои ӯро ба банд бияндозад ва ӯро гирифтор созад ва аз ҳаргуна тараққӣ ва пешрафт боз дорад. Ва лозимаст барои ин олудагиҳо ва домҳое, ки пеши роҳи ҷавонон густарда мешавад фикре кард то як ҷавон худро ба ин домҳо бияндозад ва олуда накунад ва битавонад он кушишҳо ва талошҳо ва ҷунбу ҷушҳоро дар тариқи як фаолияти саҳеҳ ва тараққӣ ва такомул ва таоли ба кор бандад.

Худованд иншоаллоҳ ба ҳама тавфиқт пазируфтани тарбият ва таълими кофӣ иноят фармояд. Худованд иншоаллоҳ ҳамаи моро ба маорифи воқеи Ислом ошно фармояд. Худованд иншоаллоҳ решаҳои фасод ва ноҳамвориҳои иҷтимоъро қатъ кунад. Худованд иншоаллоҳ ба ҳамаи мо тавфиқи камол ва пешрафт ва тараққӣ иноят фармояд.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Манбаъ: Гуфторҳои тарбиятии шаҳид доктор МуҳаммадҶаводи Боҳунар, дафтари нашри фарҳанги исломӣ, Теҳрон 1373 – чопи севвум аз саҳифаи 183 – 198.



[1] . Сураи Ҳуҷурот, ояти.13

[2] . сураи Шамс, ояти.7,8

Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст