Оё то кунун ба ин мавзӯъ андешидаед, ки чаро мо инсонҳо дурӯғ мегӯем? Оё бароятон пеш омада аст, ки ҳатто нохоста дурӯғ бигӯед? Ба ростӣ дурӯғ чист ва чӣ иртиботе бо руҳ ва зеҳни инсон дорад.
Дурӯғ дар таъриф луғавӣ ин гуна маъно мешавад: Дурӯғ навъе фиреб дар қолаби ҷумла ё ҷумалоти кизб аст ва барои гумроҳ кардани тарафи муқобил ба кор меравад. Бо ним нигоҳе ба таърафи дурӯғ метавон ба осонӣ дарёфт, ки замири нохудогоҳи инсон, дурӯғро бад медонад ва аз он дурӣ мекунад. Бо илм ба ин мавзуъ боз ҳам ин савол матраҳ мешавад чаро бо ин ки руҳи мо аз дурӯғ безор аст, мо ба содагӣ дурӯғ мегӯем? Дар идомаи матлаб ба барраси иҷмолии ин амри муҳим мепардозем то балки битавонем ба ҷавоби конеъкунанда ба ин савол, ки бештар ба як породукси чанд маҷҳула менамояд, даст ёбем. Ҳамаи мо гоҳе дурӯғ мегӯем. Зеҳни инсон ин гуна илқоъ мекунад, ки дар бархе маворид дурӯғ гуфтан мушкилотро кам мекунад. Коршиносон бар ин боваранд, ки инсон барои ин дурӯғ мегӯяд, ки дӯст дорад аввалан назди худ ва сониян назди дигарон хуб ба назар бирасад ва барои беҳтар шудан дурӯғро ба рост тарҷиҳ медиҳад. Дар ин замина Роберт Фелдимен устоди равоншиносии донишгох Мосочуст мегӯяд, ки дурӯғ бо шахсияти инсон аҷин шуда аст. Фелдимен бар ин ақида аст, ки дурӯғ ҳад ва марз надорад ва шахси дурӯғгӯ пас аз муддате, ки дурӯғҳо барояш такрор шуд, дурӯғҳои бузуртари мегӯяд. Дар ин ҳол иддае аз коршиносон дурӯғро як аксул амали дифоии равонӣ мепиндоранд. Ин афрод ибрози ақида мекунанд, ки тамомии дурӯғҳо бад нестанд ва дар бархе вақҳо дурӯғ гуфтан беҳтарин роҳ барои ҳифозат аз амнияти худ ва хонавода ва ҳамчунин кина тувзиҳои дигарон аст. Дар ин ҳол бархе фиребҳо мисли ёвагӯӣ ё ба дурӯғ саъй дар муаддаб суҳбат ва рафтор кардан ҷузви дурӯғҳои ғайри ҷиддӣ маҳсуб мешавад. Аммо дурӯғҳои ошкор, ки ҳақиқати комилро бар акс ҷилва медиҳад, хатарнок ҳастанд ва ба эътимод ва самимият, ки унсур қивомбахши як ҷомеъ аст, латамоти ҷидди ворид мекунад. Бисёре аз ҳайвонот аз фиреб истифода мекунанд ва ба амдӣ сайъ дар фиреб кардани дигар ҳайвонот доранд, аммо дар инсон мавзӯъ андаке мутафовит аст, чун фаққат башар дупо аст, ки аз фиреб барои фанд кардани худ ва дигарон истифода мекунанд. Дар ин ҳолат таҳқиқоте Фелдимен нишон дода, ки инсон бисёр муштоқ аст, ки бидонад дигарон дар робита бо ӯ чи тавр фикр мекунанд ва оё тарафи муқобил метавонанд фарқи байни дурӯғ ва ростро аз сӯи шахсе, ки дар ҳоле, ки дурӯғ гуфтан аст, ташхис диҳад ё надиҳад. Барои мисол Фелдимен барои анҷоми таҳқиқи худ, ду марди ғарибаро дар утоқе қарор дод ва тамомии суханони рад ва бадалшудаи миёни онҳоро забт кард. Сипас аз ҳар кадом аз ин ду мард хоста шуд то ба сурати ҷудогона ба видеои забт шуда аз суханонашон нигоҳ кунанд ва ташхис диҳанд, ки кадом қисмат аз ҳарф ва суханҳои радду бадалшуда бо ҳақиқат фосила дошта аст. Ҷолиб он ки ҳарду марде, ки таҳти озмоиши фелдимен қарор гирифта буданд ба дурӯғии суханони худашон изъон карданд ва гуфтанд, ки бахшҳое аз суханонашон бо воқеият фосила дошта аст. Ҷолибтар он ки пас аз поёни озмоиш, ҳар ду мард ба сароҳат мегуфтанд, ки ба ҳам дурӯғ гуфтанд, аммо бо тамошои муколимоти худ бо шигифтии тамом дарёфтанд, ки онҳо нохудогоҳ дурӯғ гуфтаанд. Ба бовари Фелдимен бештари дурӯғҳо ба шакл тақлид аз як ормон баён мешавад. Яъне ҳар фард худро бо он чи дар зеҳн ба унвони як устура мепиндорад, татбиқ медиҳад ва саъй мекунад мисли ӯ рафтор кунад. Аз дигар сӯ натоиҷи як таҳқиқи густарда, ки дар маҷаллаи муътабари "равоншиносии поя ва корбурдӣ" мунташир шуд, бисёреро шигифтзада ва мутаҳайир кард. Дар мақолаи илмие, ки дар робита бо чароии дурӯғ гуфтан дар ин маҷалла ба чоп расид, собит шуд, ки ҳудуди 60 дар сад аз мардум дар ҳангоми муколимоташон дар 10 дақиқа дурӯғ гуфтаанд. Фелдимен бар ин бовар аст, ки инсонҳо ба сурати вокунишӣ дурӯғ мегӯянд. Инсонҳо дурӯғ гуфтанро бахше аз гуфтумони иҷтимоии худ медонанд. Фелдимен дар таҳқиқоти худ ин мавзуъро ба исбот расонд, ки инсонҳо бештар барои ҳифзи худ дурӯғ мегӯянд то дигаронро таҳти таъсир қарор диҳанд. Ин назарияи Фелдимен бисёре аз таҳқиқоти қаблии мабнӣ бар талоши инсон барои хуб ҷилва доди худ дар муҳитро ба чолиш кашида аст. Фелдимен мегӯяд: Мо дӯст дорем, ки дар муҳит пазируфта шавем то равобити иҷтимоии роҳаттар ва беҳтаре дошта бошем ва барои ин кор ибтидо ниёз дорем то худро фиреб даҳем.
Дар ҳақиқат мардҳо бештар аз занҳо дурӯғ намегӯянд, аммо ҳамвора талош мекунанд то дар муҳит беҳтар ҷилва дода шаванд дар ҳоле, ки занон саъй мекунанд бо истифода аз абзори дурӯғ назари мусоиди дигаронро ҷалб кунанд. Фелдимен бо анҷоми таҳқиқе, ки дар қолаби як мусоҳибаи шуғлӣ анҷом шуд, нишон дода, ки афроди бурунгаро бештар аз афроди дарунгаро дурӯғ мегӯянд. Бархе дурӯғ гуфтанҳо ҳам мухтасси маҳалли кор аст.
Ҷенифар Орга аз донишгоҳи равоншиносии Алберта бар ин бовар аст, ки ҳамкорон барои боло бурдани шаъни кории худ тарҷеҳ медиҳанд дурӯғ бигӯянд ва ин дурӯғ гуфтан барои онҳо бештар аз дурӯғ гуфтан ба ғарибаҳо лаззатбахш аст. Орга дар муколимае, ки дар маҷалла Livesience ба чоп расид, ин назарияро матраҳ кард, ки мо инсонҳо дӯст дорем ҳангоме, ки бо дигарон дар муҳите кор мекунем ва шахс ё ашхосе кори моро зери назар дорад, беҳтар аз онҳо ҷилва кунем. Фелдимен агарчӣ дар таҳқиқоти худ нишон дод, ки дурӯғ вокунише табиӣ ба кунишҳои муҳитӣ аст, аммо ин мавзуъро ҳам баён карда, ки мсабаби суст шудани бунёнҳои иҷтимоӣ мешавад ва садоқат бештар аз дурӯғ бо фитрати инсонҳо унс гирифтааст. Фелдимен ҳамвора ин мисолро бозгӯ мекунад, ки ростгӯӣ ва садоқат беҳтарин сиёсат дар таомул бо мухҳит аст.