Худо ва банда
Худо: бандаи ман намози шаб бихон ва он ёздаҳ ракъат аст.
Банда: Ҳудоё ! хастаам! наметавонам.
Худо: бандаи ман, ду ракъат намози шафъ ва як ракъат намози витр бихон.
Банда: Худоё ! Хастаам бароям мушкил аст, нимаи шаб бедор шавам.
Худо: қабл аз хоб ин се ракъатро бихон.
Банда: Худои ман, ин се ракъат зиёд аст.
Худо: бандаи ман, фақат як ракъат намози витр бихон.
Банда: Худоё ! имруз хеле хастаам! оё роҳи дигари надорад?
Худо: бандаи ман, пеш аз хоб вузу бигир ва рӯй ба осмон бикун ва бигӯ ё аллоҳ.
Банда: Худоё ! ман дар рахтахоб ҳастам агар бархезам вузу бигирам хоб аз сарам мепарад.
Худо: бандаи ман, ҳамонҷо, ки дароз кашидаи таямум бикун ва бигу ё аллоҳ
Банда: Худоё ҳаво сард аст! наметавонам дастонамро аз зери курпа берун биёварам.
Худо: бандаи ман, дар дилат бигу ё аллоҳ мо намози шаб бароят ҳисоб мекунем аммо банда эътино намекунад ва мехобад.
Худо: малоикаи ман ! бибинед ман он қадар осон гирифтаам, аммо ӯ хобид ва чизе ба азони субҳ намонда аст.
Ӯро бедор кунед! дилам барояш танг шудааст, мехоҳам бо ман ҳарф бизанад(намоз бихонад).
Малоик: Худовандо! Дубора ӯро бедор кардаем аммо боз хобид.
Худо: малоикаи ман, дар гушаш бегуед! Парвардигорат мунтазири туст.
Малоик: Парвардигоро! Боз ҳам бедор намешавад.
Худо: Азони субҳро мегуянд ҳангоми тулуи офтоб аст. Эй бандаи ман бедор шав намози субҳат қазо мешавад. Хуршед аз машриқ сар бар меоварад.
Малоик: Худовандо намехоҳи бо ӯ қаҳр кунӣ?
Худо: Ӯ ҷуз ман касеро надорад шояд тавба бикунад.
Бандаи ман ту ба ҳангоме, ки ба намоз меисти ман ончунон гуш фаро медиҳам, гуё ин ки ҳамин як бандаро дорам ва ту чунон ғофили, ки гуё садҳо Худо дори.