Моҳи муборакаи Рамазон, моҳи рӯзаи дилу ҷон, тану забон ва моҳи ибодати Худои мутаъол аст. Навиштаи зер нигоҳе дорад ба ин моҳи муборак ва амалҳое, ки як инсон метавонад дар он анҷом диҳад.
Бар асоси ҳисоботи маъмул, эҳтимол меравад рӯзи якшанбе 31-июл ва ё якум моҳи август аввали моҳи Рамазон бошад.
Пешопеш аз ҳулули моҳи мубораки Рамазон, ин моҳро ба шумо ҳамватанони азиз табрик мегӯем.
Матни навиштаи Сайидюнуси Истаравшанӣ;
То чанд рӯзе дигар, моҳи мубораки Рамазон ҳам фаро мерасад; моҳе, ки ошиқони Худо бесаброна дар интизораш нишастаанд. Ба ҳамин муносибат, роқими сутур қасд дорад дар ин навиштор роҷеъ ба вазоифи мусалмон дар ин моҳи шариф матолибе барои хонандаи азиз пешкаш кунад. Дар манобеи исломиямон, барои фарди мусалмон, илова бар ин ки дар ин моҳ рӯза мегирад, вазоифи дигаре низ ёдовар шудааст, ки камтар ба он таваҷҷӯҳ мешавад. Инак, он вазоиф ба шарҳи зеринанд:
1. Дуо ва ниёйиш:
Дуо, хондани Худои бузург ва аз ӯ ёрӣ хостан аст; яъне пайванд бо офаридгори тавонову ҳаким дар ғаму шодӣ, роҳативу гирифторӣ ва дар ҳамаи лаҳзаҳои зиндагӣ. Худованд аз одамӣ мехоҳад, ки ӯро бихонад то иҷобаташ кунад, мефармояд:
“Эй паёмбар! Бигӯ, агар дуо накунед ва Худовандро нахонед, парвардигори ман ба шумо ҳеҷ эътиное нахоҳад кард”. (Фурқон/77).
Рамазон баҳори дуост. Аз зеботарин лаҳзаҳои зиндагии як рӯзадор, ҳангомест, ки ба дуо рӯй оварад. Паёмбари Акрам (с) дар бораи дуо кардан дар моҳи Рамазон мефармояд:
“Ҳон эй мардум! Дар моҳи Рамазон ва ҳангоми намоз, дастҳоятонро ба сӯйи парвардигори мутаол баланд кунед, ки чунин лаҳзаҳое бофазилаттарин замони зиндагии шумост ва дар он ҳангом Худованд бо дидаи муҳаббат ба бандагон нигоҳ мекунад”.
2. Тавба ва омурзишхоҳӣ:
Рамазон, моҳи омурзишу бозгашт аст. Бешак, ҳар инсоне дар зиндагияш олудагиҳое доштааст, ва ҳол дар Рамазон фурсат дорад бо рӯза, ҷони худро шустушӯ диҳад ва дар хилвати саҳарҳо, бо тавбаву истиғфор, руҳи худашро ҷило бахшад. Он ки дар ин моҳ танҳо барои Худо рӯза бидорад ва аз гузаштаи торики хеш пушаймон бошад ва ба воқеъ аз кардааш баргардад, шомили афви илоҳӣ хоҳад шуд. Паёмбари Акрам (с) дар хубтае дар моҳи Шаъбон, яъне моҳе пеш аз моҳи мубораки Рамазон, мефармояд:
“Эй мардум! Ростӣ, ки ҷонҳои шумо дар гарави амалҳои шумост. Пас, онро бо истиғфор озод кунед ва аз гарав берун оред”.
Низ мефармояд:
“Моҳи Рамазон, моҳи Худои азза ва ҷалла аст, моҳи тавбаву бозгашт ба сӯйи Худост ва моҳи афву омурзиш, моҳи озодӣ аз оташ ва дастёбӣ ба биҳишт”.
3. Тиловати Қуръон:
Қуръон, паёми Худо барои мардум ва суфраи неъмати илоҳист, ки ба рӯйи ҳамаи бандагон густарда аст. Қуръон, китоби Рамазон ва раҳоварди моҳи Худост. Қуддусиёни баландпарвоз дар тӯли моҳи Рамазон бо навои Қуръон нағмахонӣ мекунанд ва ошқони Худо бо хондани оятҳои руҳбахши қуръонӣ навои ишқ сар медиҳанд ва шабистони вуҷудашонро дар партави анвори Қуръони Маҷид рӯшан ва пурнашот месозанд. Расули Акрам (с) мефармояд:
“Агар касе дар ин моҳ (Рамазон) як оят аз Қуръон тиловат кунад, савобаш монанди касест, ки дар ғайри Рамазон як хатми Қуръон карда бошад”.
Дар ривояте дигар мефармояд:
“Моҳи Рамазон, моҳи Худо азза ва ҷалла аст. Ҳон! Дар ин моҳ аз ҳар ҳароме дурӣ ҷӯйед ва дар ин моҳ бисёр Қуръон бихонед”.
4. Ибодат ва бандагӣ дар қолаби намоз:
Рамазон, фурсати ибодат ва бандагии ошиқонатар ва розу ниёзи орифонатар бо маъбуди беҳамтост. Дар ин моҳ, аз рӯзадорон хоста шудааст бо хузӯву фурӯтании бештар намозҳоро баҷо оваранд ва ба барпойии намозҳои нафл беш аз пеш ҳиммат гуморанд. Паёмбари Акрам (с) дар ташвиқ ба ибодати бештар дар ин моҳ мефармояд:
“Ва ҳар кас дар ин моҳ намози нафл баҷо оварад, Худованд барои ӯ бароат (безорӣ) аз оташи дӯзах хоҳад навишт”.
Дар сухане дигар мефармояд:
“Ҳар кас аз шумо дар ин моҳ ду ракъат намоз барои Худованди азза ва ҷалла бихонад, Худованд ӯро хоҳад омурзид”.
5. Ифторӣ додан:
Ифторӣ додан ба рӯзадорон ва мизбонӣ аз ин бандагони шоиста, аз суннатҳои нахустини мусалмонон дар моҳи Рамазон аст, ва афзун бар он ки подоши фаровоне барои ифтордиҳанда ба ҳамроҳ дорад, дар эҷоди ҳамдилӣ ва иттиҳод миёни мусалмонон бисёр таъсиргузор аст. Паёмбари Акрам (с) бо суфориш ба ифторӣ додан ба рӯзадорон мефармояд:
“Эй мардум! Ҳар кас аз шумо мӯъмини рӯзадореро дар ин моҳ ифторӣ диҳад, дар муқобили ин амал, барои ӯ савоби озод кардани барда ва омурзиши гуноҳони гузаштааш дар назар гирифта мешавад”.
Арз карданд: “Эй Расули Худо! Барои ҳамаи мо мақдур нест, ки ба як рӯзадор ифторӣ бидиҳем”.
Паёмбар (с) фармуд: “Битарсед аз оташи дӯзах (яъне баҳонаҷӯйӣ накунед) ва якдигарро ифторӣ диҳед, агар чи ба нисфи хурмое бошад ё ҷуръаи обе, рӯзаи ӯро боз кунед ва ба ин савоби бузург бирасед”.
6. Расидагӣ ба маҳрумон:
Яке аз самараҳои рӯзадорӣ, барангехтани ҳисси ҳамдардӣ бо маҳрумону бечорагон аст. Онон ки зиндагии осудае доранд ва ранҷи фақру тангдасдӣ ва таъми гуруснагӣ начашидаанд, ҳамвора аз ҳоли маҳрумон бехабар мемонанд. Ҳол дар ин миён, ба мадади рӯза, ин ғафлат аз онон дур мешавад. Паёмбари Акрам (с) яке аз барномаҳои созандаи моҳи Рамазонро садақа ва инфоқ ба маҳрумону бечорагон медонад ва мефармояд:
“Ба фақирону мискинони худ (дар ин моҳ) садақа диҳед”.
Дар ривояте мехонем:
“Касе ки дар моҳи Рамазон садақае бидиҳад, Худованд ҳафтод навъ бало ва гирифториро аз ӯ дафъ хоҳад кард”.
Ва дар ривояте дигар омадааст:
“Касе ки ҳангоми ифтор фурси нонеро ба маҳруме садақа диҳад, Худованд гуноҳи ӯро хоҳад бахшид”.
7. Силаи раҳм:
Дар ислом, ба силаи раҳм, яъне ба падару модару бародару хоҳару соири хешовандон расидагӣ ва некӯӣ кардан, бисёр суфориш шудааст, ва онон ки ин амали шоистаро вониҳодаанд, бисёр накӯҳиш шудаанд. Расули Акрам (с) рӯзадоронро ба анҷом додани ин амал дар моҳи мубораки Рамазон фаро мехонад ва мефармояд:
“Касе ки дар ин моҳ бо хешони худ пайванд ва ба онон эҳсон кунад, Худованд ӯро ба раҳмати худ дар рӯзе ки Худойро мулоқот кунад пайванд диҳад, ва касе ки дар ин моҳ қатъи раҳм кунад ва аз хешони худ бибурад, Худованд дар он рӯз ки ин банда бо ӯ дидор мекунад, раҳмати худро аз ӯ қатъ хоҳад кард”.
8. Дурӣ аз гуноҳон:
Парҳезкорӣ, дар тарбият ва созандагӣ нақши бисёр арзандае дорад. Барои расидан ба гавҳари порсоӣ, беҳтарин кор дар моҳи мубораки Рамазон, парҳез аз гуноҳон аст. Паёмбари Акрам (с) дар хутбае, фазилатҳои моҳи Рамазон ва рӯзаро барои мардум баён фармуд. Пурсиданд: “Беҳтарин амал дар ин моҳ чист?” Ҳазраташ фармуд: “Худдорӣ аз гуноҳон аст”.
Яке аз намунаҳои дурӣ аз гуноҳон дар моҳи Рамазон, ҳифзи забон аст. Расули Акрам (с) мефармояд:
“Рӯзадор дар ибодат ва бандагии Худост, агар чи хобида бошад то замоне ки ғайбати мусалмонеро накунад”.
Боз аз он ҳазрат (с) нақл шудааст: “Касе ки мусалмонеро дар моҳи мубораки Рамазон ғайбат кунад, подоше барои рӯзааш нахоҳад буд”.
Албатта, вазоифи дигаре низ барои рӯзадор дар маноеби ривоӣ ёдовар шудааст, ки мақолаи мазбур гунҷоиши ҳамаи онро надорад, ва мо муҳимтарини онҳоро зикр намудем.
Кимиёи саодат