Тақвопешагон дар нигоҳи ҳазрати Алӣ(a)

Сифат ва нишонаҳои тақвопешагон;
Ҳумом яке аз ёрони бо вафо ва бо тақвои ҳазрати Алӣ буданд, ки дар зуҳду ибодаташ маъруф ва шинохта шуда буд.
Ӯ рӯзе аз амираш Алӣ(кр) дархост кард барояд муттақиён ва тақвопешагонро таъриф намояд, чунон ки ба ҳузур онҳоро бибинад ва дарк намояд. Ҳазрати Алӣ(а) каме сабр намсуданд, сипас фармуданд;
Эй Ҳумом тақвои илоҳӣро пеша кун ва некукирдор бош, ки Худованд бо муттақиён ва эҳсонпешагон аст.
Ҳумом, аммо ба ин миқдор қонеъ нашуд ва бори дигар дархосташро такрор намуд ва ҳазрати Алӣ ин хостаи ёри бо вафояшро бо хутбае пурмаъно ва осмонӣ посух дод. Хутбае, ки ба номи Хутбаи муттақин дар миёни даҳҳо хутба аз он ҳазрат ҷойгоҳи хосси худро пайдо намуд ва барои зоҳидону тақвопешагони ҳақиқӣ роҳкору роҳгушое шуд то ба имрӯз.
Дар ин хутба ҳазрати Алӣ(а) бо ҳамду сано баро Худои маннон ва дуруду салом бар Расули раҳмон, сифоту нишонаҳои муттақиёнро баён намуданд, ки дар идома тарҷумае аз онро хоҳем хонд.


Оғози офариниш
Худованди субҳон махлуқотро офарид, дар ҳоле, ки аз тоаташон бениёз буд ва аз нофармонӣ ва усёнашон дар амон, зеро нофарионии гуноҳкорон ба Ӯ зиёне намерасонд ва фармонбардории тоатпешагон низ барояш суде надорад, сипас рузӣ ва маъишати онҳоро миёнашон тақсим кард ва ҳаркадомашонро дар макони худ нишонд.

Маконати тақвопешагон
Аммо тақвомгарон ва порсоён дар ин ҷаҳон, аҳли фазилатанд ва дорои манзилате арҷуманд, он покдоманон ва фархундаҷонон чунинанд:
1)    Биниш ва гуфторашон бар савоб асту салоҳ.
2)    Равиш ва маниши онон бар тавозуъ асту виқор.
3)    Чашмҳояшонро бар он чӣ худованд барояшон ҳаром фармуда пушондаанд.
4)    Ва гушҳояшонро бар дониши судманд гушудаанд.
5)    Дар бало ва душворӣ ва низ дар осойиш ва роҳатӣ равиш ва маниши яксон доранд (ва дар ҳеҷ як аз он ду ҳолат, гавҳари гаронсанги вуҷуди хешро намебозанд).
6)    Агар Худованд аҷал ва замонеро барои мондани онон дар ин ҷаҳон муъайян накарда буд, ҷонҳои (сабукбор ва сабукболашон) ба андозаи як чашм барҳамзадан дар баданҳояшон намемонд аз шавқи подош ва икроми Худованд, ки барояшон муҳайё сохтааст ва низ хавфи кайфар (ки мабодо бо мондан дар ин ҷаҳон ба гуноҳ афтанд ва сазовори азоб шаванд).
7)    Худованди субҳон дар ҷони ин рашидон азим аст ва (аз ин рӯ аст, ки) ғайри Худо дар дидагонашон хурд аст.
8)    Биҳишт барояшон чунон аст, ки гӯё онро дидаанд ва аз неъматҳояш баҳраманданд шудаанд ва ҷаҳаннам низ барои онон чунон аст, ки гӯё онро дидаанд ва азобашро чашидаанд.
9)    Дилҳояшон маҳзун аст (аммо ба ҳузни огоҳона ва на ба андуҳи нокомона).
10)    Дигарон аз озорашон дар амонанд.
11)    Баданҳояшон наҳиф аст.
12)    Ниёзҳояшон андак аст.
13)    Ҷонҳояшон афиф аст.
14)    Чан рӯзеро (бар ҳақ ва ногуворҳо) сабурӣ варзиданд, ки осойиши гуворо ва ҷовидонро барояшон бар пай дорад, ин тиҷоратест суд овар, ки Худованд барои онҳо (ба поси шикебоӣ ва порсоияшон) фароҳам намудааст.
15)    Дунё ононро талабида, аммо онон дунёро наметалабанд.
16)    Ва дунё дар пайи ба чанг овардан ва асир сохтанашон баромад, аммо порсоён бо дар каф ниҳодани ҷон, хушро аз чанголи он раҳониданд.

Шабу ва рӯзҳои онҳо
17)    Ва аммо шаб ҳангом ба ибодат бармехезанд
18)    Ва ба тиловати факурона ва даранггунаи Қуръон мепардозанд, ҷонашонро бо Қуръон маҳзун мекунанд ва марҳами дардашонро аз Қуръон металабанд, ҳаргоҳ ба ояте шавқнок расанд ба он дил мебанданд ва равонашон ба сӯи он ҷазб мешавад ва онро пеши чашм ва дили хеш мениҳанд ва онгоҳ, ки ба ояти хавфноке расанд, гӯши дилҳояшонро (ҳароснок) ба он месупоранд ва чунонанд, ки гӯё хуруши ваҳшатноки ҷаҳаннам канори гӯшашон аст.
19)    Аз ин рӯст, ки (дар пешгоҳи Парвардигор) қомат хам мекунанд ва ба рукуъ мераванд ва низ хештанро ба саҷда бар замин меафкананд ва чеҳра ва дастон ва поҳояшонро ба хок месоянд ва аз Худованд озодагии хеш аз азоби илоҳиро талаб мекунанд.

Дигар афсофи онон
20)    Ва аммо рӯзҳангом, бурдбороне ҳастанд, донишманд ва некукирдор ва порсо, (ки ба саҳнаи ҷомиа гом мениҳанд ва ба ҳидояти мардумон мепардозанд).
21)    Хавф ва хашми илоҳӣ андомашонро чунон тир, тарошида лоғар кардааст.
22)    Бинандаи зоҳирбин, ки ба онон менигарад, мепиндорад беморанд, аммо бемор нестанд, он зоҳирнигар (ки дидаи жарфнигар надорад) мегӯяд: онҳо ба ихтилоли ҳавос мубталоянд ва номутаодиланд (ақлу ҳушашон дар ҷо нест), аммо на, балки амри азиме ононро чунин ҳайрон ва андешаманд кардааст.
23)    Ин порсоёни солиҳ, аз кирдори неки хеш агар андак бошад хушнуд нестанд ва кирдори пуршуморашонро низ зиёд намебинанд, аз ин рӯ хештанро тақсиркор мешуморанд ва аз аъмоли худ (ва аз ин, ки мабодо дар анҷоми вазифаи худ кутоҳӣ карда бошанд) бимнок ҳастанд.
24)    Ҳангоме, ки аз яке аз он тақвопешагон таъриф ва тамҷид шавад, аз он чӣ дар бораашон мегӯянд ҳароснок мешаванд ва мегӯянд: ман худамро беҳтар аз дигарон мешиносам ва Худоям маро беҳтар аз ман мешиносад, Худовандо! манро ба он чӣ дар бораам мегӯянд муҳосиба ва муохиза накун ва аз он чӣ мепиндоранд бартарам фармо ва он чиро аз авсоф ва кирдори нозебоям намедонанд бар ман бибахшо.

25)    Салобати дар дин.
26)    Жарфандешӣ ҳамроҳ бо нармиши шукуҳманд.
27)    Имони пойдор ҳамроҳ бо яқин.
28)    Иштиёқи шурангез дар талаби илм.
29)    Илме ҳамроҳ бо матонат ва ҳилм.
30)    Миёнаравӣ ва эътидол ҳангоми сарватмандӣ ва бениёзӣ.
31)    Хушуъ ва дилшикастагӣ дар парастиш ва ниёиш.
32)    Оростагӣ ва иззати нафс ҳангоми фақр ва таҳидастӣ.
33)    Сабурӣ ва шикебоӣ ҳангоми душворӣ.
34)    Талош ва кушиш дар таҳсили ризқи ҳалол.
35)    Шодобӣ ва нишот дар масири ҳидоят ва салоҳ.
36)    Дурӣ аз тамаъ.
37)    Ин инсонҳои мутаолӣ ва камолёфта кирдори шойиста ба ҷо меоваранд (аммо аз ин ки мабодо кутоҳӣ карда бошад), бимнок ҳастанд.
38)    Рӯзро бо андешаи шукргузорӣ ба шаб мебаранд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст