Дар ривоёт омадааст, ки аҳли дӯзах аз бӯи бади олиме, ки ба илмаш амал накардааст озор мебинанд ва азият мешаванд. Чаро олими беамал ингуна аст? Чун байни олим ва ғайри олим хеле фарқ аст. Олим агар Худои нокарда мунҳариф ва гумроҳ шавад мумкин аст як уммат ва миллатро гумроҳ ва мунҳариф кунад.
Дар ҷоҳое, ки як олими омил ва ороста ба ахлоқи илоҳӣ вуҷуд дорад мардуми онҷо пойбандтар ба аҳкоми шаръ ҳастанд ва осору баракатҳои ҳузури ӯ дар онҷо дида мешавад. Лозим нест ба забон насиҳат кунад худи вуҷудаш насиҳату панд аст. Мардум бо нигоҳ ба ин мардони аҳли илму амал ба ёди Худо ва Паёмбари Худо(с) ва қиёмат меафтанд.
Мутаассифона дар баъзе ҷоҳои дигар касоне ҳастанд, ки иддао ва салла ва ҷомаи аҳли илм доранд ва имоми ҷамоат ҳастанд, вале худашон мунҳариф ҳастанд аз ин рӯ як шаҳр ва минтақа ё миллатро ба табоҳӣ ва инҳироф мекашонанд. Ин ҳамон бӯи бадашон аст, ки дар қиёмат ба машом мерасад. Натиҷаи амали худи инсон аст. Чун ингуна олимнамоҳо ҳам диндоронро нисбат ба амали диндорӣ берағбату суст ва ҳам беамалонро ташвиқ ва ҳам ҳокимони золим аз худобехабарро таъйид мекунад. Мардум фиреби ӯро мехӯранд ё ӯро мисол мезананд.
Дар ҳамин ривоят омадааст, ки бештарин ҳасратро дар рӯзи қиёмат олимони беамал ва мунҳариф мехӯранд. Чун инҳо мардумро ба салоҳу хайр даъват карданд ва онҳо ба ин суханон амал карданд ва аҳли саодат шуданд, вале худи онҳо ба хотири амал накардан ба он дастурҳо ба дӯзах рафтаанд.
Шояд дар он рӯз мебинад, ки авоми маҳал ба хотири амал ба мавъизаи ӯ аҳли биҳишт шудааст, вале ӯ худ аҳли ҷаҳаннам аст. Дидани ин саҳна хеле ҳасрат дорад.